Раисҷумҳури Русия, ки барои ҷанги қариб панҷсолааш дар Украина зери таҳримҳои байнулмилалист, бо президенти Тоҷикистон рушди ҳамкорӣ, фаъолияти пойгоҳи низомии 201 ва амнияти минтақа, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Афғонистонро баррасӣ кардааст. Дидору гуфтугӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми ноябр дар шаҳри Душанбе гузашт.
Агар Раҳмон тасмим гирад, ки мақоми президентиро ба писараш супорад, барои нухбагони сиёсии тоҷик омодагии Кремл ба ҳамкорӣ бо ӯ бисёр муҳим хоҳад буд.Хурсанд Хуррамов
Ин мулоқоти дувуми ҷонибҳо дар ҳашт рӯзи охир аст ва гумонҳоро дар бораи будани кадом масъалаи муҳиме бештар кардааст. Рӯшан нест, тасмими ин сафар кай гирифта шудааст. Баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ, ки ному мақомашон ба далели амниятӣ гуфта намешавад, хабар доданд, ки “сафар ногаҳонӣ буд ва танҳо панҷ рӯз пеш маълум гардиду аз пеш барномарезишуда набуд”.
Путин шаби 19 ба 20-уми ноябр ба Душанбе расид. Азбаски сафари ӯ ба рӯзи ҷумъа рост омад, масҷидҳои Имом Тирмизӣ ва Сари Осиё, бозорҳои калон ва роҳу кӯчаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон баста шуданд.
Ситоиш аз додугирифт
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ӯ Русияро "ҳампаймони боварбахш” номида, гуфтааст, “Русия коршарики асосии тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон аст. Ҳамкориҳои фарҳангиву башарии мо ҳам дар ҳоли рушданд. Ҳамкорӣ дар соҳаи амният ҳам таҳким меёбад.”
Владимир Путин, ки дар ҳашт рӯзи гузашта бори дуюм бо Раҳмон вомехӯрад, гуфт, ҳоло имкони хубе барои суҳбати бештар дорад. Онҳо 12-уми ноябр дар ҳошияи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Маскав низ дидору гуфтугӯ ва аз ҳамкориҳо ситоиш карданд.
“Соли гузашта додугирифти молу коло миёни ду кишвар 25 дарсад ва дар нуҳ моҳи аввали соли равон 19 дарсад рушд кардааст. Ин суръати хуб аст. Ширкатҳои бузург ва беш аз 70 шаҳру вилоятҳои Русия бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд,” – гуфт Путин.
Маълум нест, оё дар ин суҳбат мавзӯи ҷалби маҷбурии шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне муҳоҷирон, ба ҷанги Русия дар Украина баррасӣ шудааст ё не.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон танҳо навиштааст, “дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ... таъкид карда шуд”, аммо ҷузъиёте наовардааст. Мунаққидон шеваи муносибати Маскав бо Душанбе, ба вижа тарзи бархӯрд ба муҳоҷирони корӣ ва озору азияти онҳо ва инчунин сукути мақомоти тоҷикро дар ин маврид танқид мекунанд.
Вазъ дар марз бо Афғонистон
Дар ҳоле ки хабаргузориҳои русӣ аз баррасӣ шудани вазъият дар марз бо Афғонистон ва идомаи ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гузориш доданд, дафтари матбуоти президент Раҳмон дар ин маврид ягон ишора накардааст. Ин манбаъ танҳо навиштааст, ки “дар рафти гуфтушунид вазъияти минтақа, мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, таҳдидҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир, муфассал муҳокима гардид.”
Президент Русия рӯзи 19-уми ноябр ҳангоми дар Чин буданаш ба суоли хабарнигорон дар бораи ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон чунин гуфт: “Медонед, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав буд ва мо дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ кор мекардему имкон набуд масъалаҳои дигари муҳимро баррасӣ кунем. Қабл аз ҳама ин Афғонистон аст.”
Ба қавли ӯ, чанде пеш як ҳайат зери раҳбарии муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук дар Афғонистон буд ва ӯ мехоҳад ҷониби Тоҷикистонро дар бораи натиҷаи ин сафар ва дурнамои ҳамкориҳо дар самти Афғонистон огоҳ кунад.
Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков рӯзи 20-уми ноябр ба хабарнигорон гуфтааст, раисҷумҳури Тоҷикистон раҳбари Русияро аз вазъи марз бо Афғонистон хабардор кард. Ба қавли Песков, бо сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон вазъият дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон қобили пешгӯйӣ шудааст. Русия ягона кишвар аст, ки ҳукумати “Толибон”-ро ба ҳайси ҳукумати расмии Афғонистон эътироф намудааст.
Барои худи Маскав суоли асосӣ ин аст, ки оё раисҷумҳури оянда дар Тоҷикистон ба созишҳои марбут ба пойгоҳи низомии Русия пойбанд хоҳад монд ва ҳамкории наздикро дар соҳаи амният чӣ гуна идома хоҳад дод.
То соли 2005 марзбонони Русия назорати сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро бар уҳда доштанд. Аз он замон то кунун ин масъулиятро марзбонони тоҷик анҷом медиҳанд. Мақомоти Русия чанд бор иброз доштаанд, ки ҳозиранд сарҳадбонони худро дигарбора ба Тоҷикистон баргардонанд, вале Душанбе ин пешниҳодро напазируфт.
Идомаи ҳузури пойгоҳи 201
Ба гузориши хабаргузориҳои русӣ, Путин инчунин барои ширкат дар мулоқоти 20-уми ноябр як идда фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Русияро ба Душанбе даъват кардааст, то дар баррасии сарнавишти пойгоҳи низомии ин кишвар иштирок кунанд. Сухан дар бораи пойгоҳи 201 меравад.
Ин пойгоҳи низомии Русия соли 2004 дар асоси дивизияи 201-уми нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ созмон ёфтааст, ки аз соли 1943 дар Тоҷикистон ҷойгир шуда буд. Ҳоло қисмҳои ҳарбии пойгоҳи Русия дар канори Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошанд.
Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шудааст.
Дар гузашта шумори низомиёни пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳудуди 6-7 ҳазор номбар мешуд. Дар оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар соли 2022 гуфта шуд, ки Маскав бахше аз низомиёни худро аз Тоҷикистон ба ҷанг фиристодааст. Теъдоди ҳозираи онҳо маълум нест.
Чӣ масоили дигаре буд?
Таҳлилгари сиёсӣ Хурсанд Хуррамов гуфт, рӯшан аст, ки Душанбе дар бораи робитаҳои Русия бо Кобул барои таъмини амният дар марз бо Афғонистон донистан мехоҳад. Аммо дар асл, ба назари ӯ, шояд интихоботи президентии соли 2027 яке аз мавзуъҳои муҳимтари дидор бошад.
“Масъалаи асосӣ ин аст, ки оё Раҳмон барои як давраи дигар номзад мешавад ва ё номзадии писараш Рустами Эмомалиро пешбарӣ хоҳад кард. Касе, ки дар даҳ соли охир барои ин мақом омода мекунад,” – афзуд ӯ.
Интизор меравад, соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад, аммо то кунун мақомот дар ин бора эълоне надодаанд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳе пеш раиси Кумисюни марказии интихобот ва чанд узви онро дигар кард ва порлумон ҳам пазируфт. Мақомот онро ба анҷоми муҳлати ваколати онҳо пайванд доданд.
Хурсанд Хуррамов мегӯяд, Маскав ҳамоно яке аз пуштибонҳои асосии хориҷии ҳукумати Тоҷикистон аст ва ҳар дигаргунӣ дар сиёсати кишвар бе ҳузур ё ризояти он имконпазир нест. Вай афзуд: “Агар Раҳмон тасмим гирад, ки мақоми президентиро ба писараш супорад, барои нухбагони сиёсии тоҷик омодагии Кремл ба ҳамкорӣ бо ӯ бисёр муҳим хоҳад буд. Ба ҷуз ин, барои худи Маскав суоли асосӣ ин аст, ки оё раисҷумҳури оянда ба созишҳои марбут ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пойбанд хоҳад монд ва ҳамкории наздикро дар соҳаи амният чӣ гуна идома хоҳад дод.”
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 низ ба Тоҷикистон омада буд. Он замон Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунад, аз Тоҷикистон хоста буд, ки ӯро дастгир кунад.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин дархостро иҷро накард ва чанде пеш вакилони порлумон узвияти кишварро дар ин додгоҳ қатъ карданд. Созмонҳои байнулмилал ин амали Тоҷикистонро таҳти танқид қарор доданд.
Гуфтугӯ