Хабари нав

Ҳуши маснуӣ. Рақобати Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш бо чӣ меанҷомад?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мухтасар

  • Ширкати амрикоии Nvidia барои иҷрои тарҳи "Data Center Valley" дар Қазоқистон ҳамкорӣ мекунад.
  • Узбекистон барои сармоягузорони марказҳои коркарди маълумот ё додаҳо то соли 2040 сабукиҳои молиётӣ (андозӣ) ва гумрукӣ медиҳад.
  • Тоҷикистон аз нақшаи таъсиси як маркази минтақавии инноватсия ё навоварӣ дар бахши ҳуши маснуӣ хабар дод. Ин иқдом бо пуштибонии барномаи Global AI Nations-и ширкати чипсози Nvidia-и Амрико амалӣ хоҳад шуд.
  • Мунтақидон аз чанд мушкил, аз ҷумла сармоягузории ноустувор, норасоии нерӯи барқ ва набудани шаффофият ҳушдор медиҳанд.

Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ яке пайи дигаре шитобкорона ба рақобати ҷаҳонӣ дар мавриди ҳуши маснуӣ (AI) ҳамроҳ мешаванд.

Водие ба арзиши 10 миллиард доллар

Пуштибонҳои тарҳи “Data Center Valley”, ки барои марҳилаи аввали он 10 миллиард доллар пешбинӣ шудааст, мегӯянд, ин лоиҳа Қазоқистонро ба яке аз мизбонҳои асосии маркази додаҳо ё маълумот табдил хоҳад дод. Мудири пешини Nvidia Ҷенсен Ҳуанг моҳи октябр дар Остона гуфта буд, ки марҳилаи аввали лоиҳа барои серверҳо ва таҷҳизот то 1 гигаватт нерӯи барқ зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, дар дарозмуддат ҳаҷми он метавонад ба 5 гигаватт бирасад.

Ҷенсен Ҳуанг
Ҷенсен Ҳуанг

Ҳуанг дар як суҳбати телевизионӣ Қазоқистонро барои табдил шудан ба бозигари муҳим дар саноати ҷаҳонии ҳушвора кишвари муносиб донист: "Бартарии асосии Қазоқистон ин аст, ки захираҳои зиёди табиӣ ва энержӣ дорад. Ба ҷойи он ки дар оянда танҳо энержӣ содир кунед, метавонед онро ба зеҳн табдил диҳед ва зеҳнро содир кунед."

Марат Бексултонов, таҳлилгар ва мудири ширкати GeoBox дар Ню-Йорк, ки дар бахши идораи об ва кишоварзии дуруст дар Осиёи Марказӣ кор мекунад, ба заминаҳои молии ин тарҳ шубҳа дорад.

Вай гуфт, "хатари бузургтарин ин аст, ки бахши асосии сармоягузорӣ аз сӯйи ҳукумати Қазоқистон анҷом мешавад. Дар он ҳиссаи сармояи хусусӣ бисёр кам аст. Илова бар ин, маблағгузории лоиҳа пеш аз он ки касе барои истифода аз он масъул шавад, оғоз шудааст. Биноан, мо дар бораи он ки муштарии ниҳоии ин тарҳ кӣ хоҳад буд, маълумоти хеле кам дорем.”

Ҳуанг дар Қазоқистон гуфта буд, ки ин кишвар метавонад захираҳои энержии худро ба маълумот табдил дода, онро ба бозорҳои Аврупо содир кунад. Тарҳи Data Center Valley дар наздикии нерӯгоҳи Ekibastuz GRES-1, ки бо ангишт кор мекунад, ҷойгир аст. Ба гуфтаи Марат Бексултонов, мудири ширкати GeoBox, маҳз ҳамин метавонад мушкил офарад. "Ширкатҳои аврупоӣ бисёр кам розӣ мешаванд, ки аз энержии “олуда” истифода баранд. Лоиҳа барои фурӯши маҳсулоташ ба Аврупо ба нерӯи тоза ниёз дорад, ки ҳоло надорад,” – шарҳ дод ӯ.

Ҳамзамон рӯшан нест, ки оё Қазоқистон барои роҳандозии чунин марказҳои бузурги додаҳо (маълумот) ба қадри даркорӣ барқ истеҳсол мекунад ё не. Бексултонов мегӯяд, “Қазоқистон имрӯз ҳатто барои эҳтиёҷоти худ барқи кофӣ истеҳсол намекунад. Ин кишвар дар соли 2025 беш аз 124 миллиард киловатт-соат барқ истифода бурд. Дар ҳоле ки худаш ҳамон сол 123,1 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол кард. Норасоиро аз ҳисоби барқи воридотӣ аз Русия ҷуброн карданд."

Дар ҳоле ки соҳибкорон дар Қазоқистон барои истифода аз нерӯи барқ пули бештар мепардозанд, ҳукумати ин кишвар ба тарҳи Data Center Valley барои 20 соли оянда нархи собит ва поини барқро ваъда додааст. Мунтақидон мегӯянд, илова шудани чунин истифодабарандаи бузурги энержӣ метавонад фишорро ба шабакаҳои барқи Қазоқистон бештар карда, кишварро дар баробари қатъи саросарии нерӯи барқ осебпазир гардонад.

Дар ин миён масъалаи шаффофият низ матраҳ аст. Қазоқистон дар шохис ё индекси созмони Transparency International дар соли 2025 аз миёни 182 кишвар дар ҷойгоҳи 96-ум қарор гирифтааст. Марат Бексултонов мегӯяд, "ҷомеа ҳуҷҷатҳоеро, ки муайян мекунанд кӣ пул хоҳад дод, надидааст. Ба мисли қарордоди таъмини барқ, шартнома бо Firebird ва сарчашмаи арзонии нерӯи барқ. Ҳеч кадоми онҳо нашр нашудаанд.”

Ҳадаф ҳаст, душворӣ чӣ?

Фақат Қазоқистон нест, ки бахши ҳуши маснуии худро густариш медиҳад. Дар Тоҷикистон стратегияи “Рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040” қабул шудааст, ки ҳадафи он фарогирии бахшҳои гуногуни иқтисод ва хидматрасониҳо аз имкониятҳои васеи ҳушвора аст. Маълум нест, ки дар ин муддат ҳадафи ин стратегия то куҷо босамар амалӣ хоҳад шуд.

Душанбе дар оғози моҳи ноябр мизбони AICONF 2026 бо ҳузури намояндагони чанд кишвар, аз ҷумла Ҷош Сантяго, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико ва коршиноси соҳаи абарҳуш, буд. Таъсиси Раёсати зеҳни сунъӣ ва оғози сохтмони IT Hub Dushanbe дар масоҳати зиёда аз 53 ҳазор метри мураббаъ бо тақрибан 100 миллион доллар аз тасмимҳои дигари Тоҷикистон дар ин замина номбар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эълом кардааст, ки давлати Тоҷикистон истифода аз фанновариҳои муосир ва ҳуши маснуиро “самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ” муайян кардааст. “Ин марҳалаи нави рушди Тоҷикистон хоҳад буд, ки дар он донишу маърифат, навоварию ихтироъкорӣ ва неруи зеҳнии инсон дар баробари захираҳои табиӣ сарвати асосии давлат ба ҳисоб мераванд”, -- гуфт ӯ рӯзи 8-уми сентябри соли 2026.

Дар айни замон суръати пойини интернет, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, ноогоҳии мардум, холигиҳо дар таъмини амният дар фазои маҷозӣ ва камбуди сармоягузорӣ аз мушкилиҳое ҳастанд, ки дар Тоҷикистон дар ростои истифодаи ҳуши маснуӣ қарор доранд.

Як намояндаи палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2025 дар як нишасти Барномаи Рушди Созмони Милал дар Душанбе гуфта буд, ки “рақамисозии кишвар, ҳамчунин, интиқоли барқ дар мо монеа аст ва табиист, ки таъсир мерасонад. Феълан дастрасӣ ба интернет мушкил вуҷуд дорад. Вале ҳам дар сатҳи давлат ва ҳам ҳамкорон оид ба рушд ташаббусҳои бисёре анҷом мешавад.”

Иқдоми таблиғотӣ?

Ширкати DataVolt, ки қароргоҳаш дар Арабистони Саудӣ аст, дар Тошканд, пойтахти Узбекистон, як маркази додаҳо ё маълумотро бо иқтидори 12 мегаватт месозад. Ширкат нақша дорад, дар марҳилаҳои баъдӣ тақрибан 3 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, иқтидори онро эҳтимол то 500 мегаватт афзоиш диҳад. DataVolt ширкатҳои Google, Microsoft, Meta ва Amazon-ро аз ҷумлаи муштариёни эҳтимолӣ медонад, ки мехоҳад онҳоро ҷалб кунад.

Қирғизистон низ ба ҷалби ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла Inspur, Huawei ва ZTE, талош дорад. Ширкати StarOcean Investment чанде пеш барои бунёди як шаҳраки саноатӣ, ки барои маркази додаҳо ё маълумот пешбинӣ шудааст, дар ҳудуди 200 гектар дар Минтақаи озоди иқтисодии Норин созишнома имзо кард.

Ҳатто Туркманистон бо вуҷуди зербунёдҳои куҳнаи интернетӣ ва низоми шадидан худкомаи худ мехоҳад аз мавҷи рушди ҳушвора қафо намонад. Муовини вазири энержии Туркманистон Сардор Сафаров чанде пеш гуфт, кишвараш бо чанд ширкати байналмилалӣ дар мавриди бунёди маркази додаҳо ё маълумот гуфтушуниди ибтидоӣ анҷом медиҳад.

Як мансабдори пешини ҳукумати Туркманистон, ки аз тарҳҳои энергетикии ин кишвар огоҳ аст ва ба далели амниятӣ нахост номаш фош шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, эъломияҳои Ишқобод дар бораи маркази додаҳо “танҳо як иқдоми таблиғотӣ” аст.

“Агар кишварҳои ҳамсоя аллакай дар ин маврид чизе дошта бошанд, пас, мо ҳам набояд қафо монем, ҳатто агар ҳамаи ин танҳо дар ҳадди гап монад,” афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, маълум нест, ки Туркманистон барои пуштибонии чунин иншоот зербунёдҳои заруриро дорад ё не: “Ҳарорати баланд дар бештари фаслҳои сол хароҷоти кориро ба таври назаррас зиёд мекунад, зеро барои сард нигоҳ доштани маркази додаҳо энергияи бештар лозим мешавад.”

Ин мансабдори собиқ ҳамчунин ҳушдор дод, ки шабакаҳои барқи Туркманистон рӯ ба фарсудашавӣ доранд ва барои навсозӣ ба сармоягузории азим ниёз доранд.

Баҳси об

Марказҳои маълумот ё додаҳо аллакай дар Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо бо мухолифати афзояндаи ҷомеа ва маҳдудиятҳои бештар дучор шудаанд. Сабабҳо афзоиши арзиши барқ, фишор ба шабакаҳои энергетикӣ ва истифодаи зиёди об мебошанд.

Дар як гузориши нави Кумисюни иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ҳушдор дода шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ низ метавонанд бо чунин душворӣ рӯ ба рӯ шаванд. Ба гуфтаи муаллифон, марказҳои маълумот ё додаҳо нерӯи барқу оби зиёдро сарф мекунанд, дар ҳоле ки минтақа аз ҳоло бо норасоии захираҳои об мувоҷеҳ аст.

Кумисюни иқтисодии Созмони Милал барои Аврупо маслиҳат додааст, ки ҳукуматҳо маркази додаҳо ё маълумотро вазифадор кунанд, ки дар бораи истифодаи об маълумот диҳанд, ҳангоми интихоби ҷойи сохтмон масъалаи камбуди обро ба назар гиранд ва беҳтар аст аз нерӯи офтобӣ ва ё бодӣ истифода кунанд.

Ин ниҳод ба Радиои Озодӣ қарорҳои кишварҳои узвро шарҳ надод.

“Осиёи Марказӣ имкони хуб дорад, ки ба як Шоҳроҳи рақамии Абрешим табдил ёбад. Аммо миёни ҳадафҳои бузург ва воқеият бояд тавозуни дуруст вуҷуд дошта бошад. Ҳоло бе он ки сармоягузорони хусусӣ ягон масъулияти мушаххас гирифта бошанд, пулҳои давлатӣ сарф мешаванд. Ин ҳамон равиши қадимии “бисоз ва онҳо хоҳанд омад” аст. Агар наомаданд, чӣ хоҳад шуд?” – суол гузошт таҳлилгар Марат Бексултонов.

​
XS
SM
MD
LG