Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Вашингтон талошҳоро барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина идома хоҳад дод. Ӯ ҳангоми мулоқот бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯзи 19-уми октябр дар шаҳри Самарқанд ҳушдор дод, ки хатари густариши низоъ берун аз марзҳои Русия ва Украина вуҷуд дорад.
Рубио аз пофишории Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои гуфтушуниди Маскаву Киев ҳимоят карда, пешрафти андакеро эътироф намуд ва гуфт, Вашингтон ҳамчунон омода аст аз ҳар фурсат барои расидан ба созиш истифода кунад.
"Дар ин ҷанг касе пирӯз намешавад. Ҳар рӯз одамон мемиранд. Ҳар рӯз таркиш ва вайронӣ мешавад," – гуфт вазири умури хориҷии Амрико.
Сафари Марко Рубио ба Узбекистон, ки ҳамроҳи худ наздик ба 300 намояндаи ширкатҳои тиҷории Амрикоро бурдааст, талошҳои Вашингтонро барои густариши пайвандҳои иқтисодӣ бо Осиёи Марказӣ бармало кард. Минтақае, ки Русия робитаи деринаи амниятӣ ва иқтисодӣ дорад ва Чин ба шарики асосии тиҷорӣ табдил ёфтааст.
Рубио дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар чаҳорчӯб ё формати "C5+1" гуфт, Амрико бе он ки аз ҳукуматҳои минтақа талаб кунад, миёни қудратҳои рақиб якеро бипазиранд, мехоҳад ҳузури худро бештар кунад.
Вай ба ин суол, ки гуё Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои баррасии хатми ҷанг мулоқот бо Доналд Трамп ва Си Ҷинпин, раҳбарони Амрико ва Чинро пешниҳод кардааст, посух дод, ки гуфтушунид дар бораи мулоқоти эҳтимолӣ шудааст, аммо ба бовари ӯ, ҳанӯз ниҳоӣ нест.
Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, Трамп ҳамчунон ба поён додани низоъ пойбанд аст ва илова кард, ҳарчанд то кунун пешрафте ба даст наомадааст, Вашингтон имтиҳони имкониятҳоро барои музокирот идома хоҳад дод.
“Ин парвандаи ҷиноӣ нест,” -- гуфт Рубио дар посух ба ин суол, ки маъмурияти Трамп чӣ далеле дорад, ки Путин ба музокироти сулҳ ҷиддӣ муносибат мекунад. "Ин масъалаи дипломатия аст ва дар дипломатия бояд талошро идома диҳед," -- афзуд ӯ.
Марко Рубио гуфт, расидан ба созиши хатми ҷанг дар Украина дар ниҳоят аз он вобаста хоҳад буд, ки оё ду тараф ба гузашт омода ҳастанд ё не.
Хатарҳои фаротар аз Украина
Котиби давлатии Амрико аз тасмими маъмурияти Доналд Трамп барои ба муддати 60 рӯз боздоштани бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия низ пуштибонӣ кард ва гуфт, ҳадаф аз ин тасмим ҳамвор кардани роҳ ба музокироти Маскаву Киев буд. Ӯ бо ишора ба иддаои батакрори Трамп, ки ҳар моҳ дар ҷанг то 25 ҳазор кас кушта мешаванд, аз афзоиши талафоти ҷонӣ ва молӣ ёд овард.
Рубио ҳушдор дод, ки ин низоъ хатарҳоеро берун аз марзҳои Украинаву Русия, бавижа барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ, дар пай дорад.
Вай афзуд, Амрико ҳам ба далели пайомадҳои вайронгари он ва ҳам ба сабаби хатари густариши низоъ, мехоҳад ҷангро ба поён расонад. Дар посух ба суоле дар бораи иддаои Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ки Вашингтон мубодилаи баъзе маълумоти иктишофиро бо Киев муваққатан бас карда, сипас аз сар гирифтааст, ӯ гуфт, ҳеч таваққуфе сурат нагирифтааст.
Ин дипломати баландпояи Амрико ҳамчунин аз шарҳи гузоришҳо дар мавриди он ки Украина пеш аз зарбаҳои мушакҳои баллистикии Русия ба Киев огоҳии пешакӣ нагирифта буд, худдорӣ кард ва гуфт, аз ҷузъиёти он ҳодиса хабар надорад. Бо вуҷуди ин, Марко Рубио эътироф кард, ки мақомоти Амрико дар як маврид дар гузашта мушкили нармафзори марбут ба низоми огоҳии пешакии Украинаро баррасӣ карда буданд.
Марко Рубио гуфт, ҳарчанд амнияти дипломатҳои амрикоӣ ва иншооти марбут ба Амрико дар Украина ҳамчунон мояи нигаронӣ аст, Вашингтон ҳузури дипломатии худро дар Киев тағйир надодааст.
Дар посух ба ин суол, ки оё муносибатҳои миёни маъмурияти Трамп ва Зеленский амиқан халалдор шудаанд ё на, Рубио изҳор дошт, ки авлавияти Вашингтон поён додан ба ҷанг аст. Ӯ эътироф кард, ки Украина мехоҳад истифода аз низоми иртибот ё алоқаи моҳвораии Starshield-ро, ки зери назорати Вазорати дифоъ ё ҷанги Амрико қарор дорад, барои анҷоми ҳамлаҳо берун аз қаламрави худ густариш диҳад, аммо дар ин замина шарҳи бештар надод.
Рақобати Амрико ва Чин
Сафари Марко Рубио ба Узбекистон талоши Вашингтонро барои пайдо кардани ҷойи пойи қавитари иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ барҷаста кард. Минтақае, ки Чин шарики асосии тиҷоратии ҳар панҷ кишвар аст.
Ширкатҳои чинӣ барои истифода аз захираҳои энержӣ ва маъданҳои минтақа қарордодҳо ба даст овардаанд ва Русия бо созишҳои амниятӣ ва муҳоҷирати корӣ бо минтақа ҳамчунон пайванд дорад. Ҳамлаи Маскав ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 ҳукуматҳои Осиёи Марказиро водор кардааст, ки равобити байнулмилалии худро гуногун кунанд.
Дар посух ба ин суол, ки Амрико чӣ гуна мехоҳад дар минтақа бо Чин рақобат кунад, Рубио гуфт, Вашингтон дар пайи фароҳам кардани имконияти одилона барои ширкатҳои амрикоӣ аст, на ин ки аз ҳукуматҳои минтақа бихоҳад, равобити ҳозираи худро қатъ кунанд. “Ҳадаф аз омадани мо ин нест, ки бигӯем, бо каси дигар суҳбат накунед ва ё бо кишвари дигар ҳамкорӣ накунед,” – шарҳ дод ӯ.
Рубио гуфт, ҳайати Амрико барои пайдо кардани имкониятҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ омадааст ва интизор меравад, қарордодҳое ба маблағи миллиардҳо доллар эълон шаванд. Вай афзуд, Узбекистон мехоҳад равобиташро бо қудратҳои гуногун нигоҳ дорад. "Онҳо мехоҳанд бо ҳама дӯст бошанд. Онҳо мехоҳанд бо ҳама робита дошта бошанд," -- гуфт Рубио дар бораи ҳукумати Узбекистон.
Ӯ бо ишора ба аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва зарфиятҳои сайёҳияш Узбекистонро як кишвари калидии минтақа номид ва гуфт, рушди солонаи иқтисодии ин кишвар, ки наздик ба 8 дарсад гузориш шудааст, барои ҳамкориҳои бештар имкониятҳои назаррас фароҳам мекунад.
Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин хоҳони ҳузури бештари Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ шуд ва гуфт, ин минтақа дар ду даҳсолаи гузашта таваҷҷуҳеро, ки сазовори он буд, аз сиёсатгузорони амрикоӣ дарёфт накардааст.
Рубио гуфт, ҳадафи сафари ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш на танҳо ба даст овардани як силсила созишҳои фаврии тиҷорӣ, балки гузоштани замина барои ҳамкориҳои дарозмуддат байни Амрико ва Осиёи Марказӣ аст.
Маъданҳои нодир ва амнияти энержӣ
Марко Рубио рӯзи 19-уми октябр дар Самарқанд аҳамияти гуногунсозии занҷираҳои таъминотро дар ҷаҳон, бахусус дар мавриди маъданҳои нодир, ки дар фанновариҳо ва саноати пешрафта истифода мешаванд, низ таъкид кард.
“Оқилона нест, ки тамоми ҷаҳон барои 100 дарсади як чиз аз як ҷой вобаста бошад,” -- гуфт ӯ ва афзуд, вобастагии беш аз ҳад аз як таъминкунанда кишварҳоро дар баробари танишҳои сиёсӣ ва халалдор шудани таъминот осебпазир мекунад.
Ӯ гуфт, кишварҳое, ки маъданҳои нодир ва имкони коркарди онҳоро доранд, аз назари иқтисодӣ ба рушди масъулонаи ин захираҳо манфиатдоранд. Вашингтон ҷонибдори ҳамкориҳоет, ҳам ба иқтисоди маҳаллӣ фоида расонанд ва ҳам манбаъҳои таъминотро барои саноати Амрико ва ҷаҳон гуногунтар кунанд.
Ҳимоят аз лағви ислоҳи “Ҷексон-Вэник”
Рубио ҳамчунин аз лағви ислоҳи “Ҷексон-Вэник”, маҳдудияти тиҷоратии Амрико бо баъзе аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки аз давраи Ҷанги Сард мондааст, пуштибонӣ кард.
Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки чаро ин ислоҳ то ҳол аз байн бурда нашудааст, гуфт, ҳарчанд ҳукумат аз бардоштани ин маҳдудиятҳо ҷонибдорӣ мекунад, тасмим дар ихтиёри Конгресс аст. “Мо ҷонибдори лағви он ҳастем,” -- гуфт ӯ ва афзуд, ҳукумат аз қонунгузорон хостааст, дар ин замина даст ба кор шаванд.
Марко Рубио гуфт, ҳангоми тасдиқи номзадияш дар Сенат аз лағви ин ислоҳ пуштибонӣ карда буд ва ёдовар шуд, ки баъзе аз аъзои Конгресс низ аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунанд. “Конгресс ҳанӯз фурсати расидагӣ ба онро наёфтааст, аммо умед дорем, ки ин корро анҷом медиҳад,” – илова кард ӯ.
Тарҳи “Ҷексон-Вэник” соли 1974 дар даврони шӯравии собиқ қабул шуда, тиҷорати Амрикоро бо кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи инсон поймол мешавад, маҳдуд мекунад. Лағви он як монеаи деринаро дар равобити наздиктари иқтисодӣ бартараф карда, талошҳои Вашингтонро барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ бо Осиёи Марказӣ такмил хоҳад кард. Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта масъалаи лағви “Ҷексон-Вэник”-ро бо намояндагони Амрико дар миён гузошта, то ин дам посухи мусбат нагирифтаанд.
Марко Рубио пас аз поёни сафараш дар Самарқанд рӯзи 20-уми октябр ба Ҳиндустон меравад. Мақомоти Амрико гуфтанд, музокирот бо Деҳлӣ барои созиши дуҷонибаи тиҷоратӣ ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ