Бист соли ҳабс. Додгоҳи Амрико аз ҳамлаи “Крокус” ҳам ёдовар шуд

Муҳаммад Шарифуллоҳро рӯзи 5-уми марти соли 2025 аз Покистон ба Амрико интиқол дода шудааст.

Додгоҳе дар Амрико шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Шарифуллоҳро барои ҳамкории даҳсолааш бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ба бист соли ҳабс маҳкум кард.

Дар ин бора рӯзи 16 сентябр вазорати адлияи ИМА хабар дод. Аз ҷумла гуфт, Шарифуллоҳ дар ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Маскав моҳи марти соли 2024 низ даст доштааст. Мақомоти Русия дар ин ҳамла асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро айбдор карданед. Он ҳам дар ҳоле ки наздикони маҳкумшудагон пайвандони худро бегуноҳ ва далелҳои додгоҳро ноқаноатбахш шумурдаанд.

Дар парвандаи шаҳрванди Афғонистон гуфта мешавад, ки ӯ дар созмондиҳии ҳамлаи “Крокус сити ҳол” ба воситаи тамосҳои интернетӣ ёрӣ кардааст. Муҳаммад Шарифуллоҳ моҳи марти соли 2025 бо дархости ИМА дар Покистон боздошт ва ба Амрико истирдод шудааст. Дар ҷараёни бозпурсиҳо ӯ ба гуноҳ иқрор карда, гуфтааст, ки аз миёни чаҳор ҳамлагари “Крокус” ду нафарашро мешиносад, чун ба онҳо таълим додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳабси абади 15 нафар. Эълони ҳукми гумонбарони ҳамла ба "Крокус"

Дар ҳодисаи “Крокус”, ки яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия дониста мешавад, ба гуфтаи мақомоти рус, зиёда аз 160 нафар кушта ва беш аз 600 кас захмӣ шудаанд. 24 нафар бо гумони даст доштан дар он боздошт ва аксари онҳо ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудаанд. Чаҳор нафари онҳо дар ҷараёни боздошту бозпурсиҳо бераҳмона шиканҷа дидаанд. Додгоҳи «Крокус» асосан паси дарҳои баста гузашта, далелҳои қатъӣ ва раднопазири ширкати гумонбарон дар ҳамла расонаӣ нашудаанд.

Шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Шарифуллоҳ, ки акнун сабаби ёдоварӣ аз ҳамлаи Крокус шуд, ба гуфтаи додгоҳи Амрико ба камияш дар ташкили даҳ ҳамлаи террористӣ нақш бозидааст. Яке аз онҳо ҳамлаҳои маргталабона дар фурудгоҳи Кобул дар соли 2021 аст, ки 182 нафарро ба ҳалокат расонд. 13 нафари онҳо низомиёни амрикоӣ буданд.

Шарифуллоҳ ҳамчунин ба ширкат дар ташкили ҳамлаи ДОИШ ба муҳофизони непалии назди сафорати Канада дар Кобул дар соли 2016 гунаҳгор мешавад. Назари ӯ ё вакилаш ба ин иттиҳом маълум нест.