Додгоҳи ҳарбии Маскав рӯзи 12-уми март ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки дар соли 2024 тақрибан 150 кушта барҷой гузошт, содир кард. Хабаргузории расмии "РИА Новости" навишт, 15 нафар ба ҳабси абад маҳкум шуда, чор тани дигар аз 19 то 22 сол аз озодӣ маҳрум гаштанд.
Инҳо ҳукми абад гирифтанд:
Фаридуни Шамсиддин (Тоҷикистон)
Далерҷон Мирзоев (Тоҷикистон)
Муҳаммадсобир Файзов (Тоҷикистон)
Саидакрам Раҷабализода (Тоҷикистон)
Умедҷон Солиев (Тоҷикистон)
Мустақим Солиев (Тоҷикистон)
Шаҳромҷон Гадоев (Тоҷикистон)
Зубайдулло Исмоилов (Тоҷикистон)
Ҳусейн Ҳамидов (Тоҷикистон)
Муҳаммад Шарифзода (Тоҷикистон)
Яъқубҷони Юсуфзода (Тоҷикистон)
Лутфуллои Назримад (Тоҷикистон)
Ҷумъахон Қурбонов (Тоҷикистон)
Ҳусейн Медов (Ингушистон)
Ҷабраил Аушев (Ингушистон)
Аз ин миён чор нафар – Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода – муттаҳамони асосӣ дар ҳодиса номбар мешаванд.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, онҳо як қисми ҳукмро дар маҳбас ва дигарашро дар муассисаи низомаш махсус сипарӣ хоҳанд кард. Ҳар маҳкумшуда инчунин ба пардохти 990 ҳазор рубл (тақрибан 12,5 ҳазор доллар) ҷарима вазифадор шудааст.
Маълум нест, ки маҳкумшудаҳо ба хулосаи додгоҳ чӣ вокунише нишон доданд. Мурофиаи онҳо аз сар то охир паси дарҳои баста гузашт ва дар марҳилаи боздошт онҳо мавриди шиканҷаи сангину бераҳмона қарор гирифтанд.
Аз 19 то 22 сол
Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистон, ки ба хулосаи муфаттишон ба иҷрокунандагони ҳамла хона ба иҷора додааст, ба 22 солу 10 моҳ ҳабс маҳкум шудааст. Хонаи ӯро дар Подмосковйе мусодира карданд.
Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо, ки ба гуфтаи додгоҳ, ба гумонбарон мошин фурӯхтаанд, ҳар кадоме ба 19 солу 11 моҳи ҳабс маҳкум шуданд.
Додгоҳ қарор кард, ки аз ҳисоби маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонда шавад. Маълум нест то куҷо мурофиаи додгоҳӣ одилона ва бо риояи ҳуқуқи гумонбарон барпо гардид.
Гузориши видеоӣ:
Додрас гуфт, маҳкумшудаҳо ба содир кардани амали террористӣ, кумак ба фаъолияти террористӣ, тамрин бо мақсади фаъолияти террористӣ ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор дониста шудаанд.
Тафтишот гуфтааст, ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва ҳам шахсони номуайян, "ба манфиати раҳбарияти олии Украина амал карда, дар қаламрави Русия фаъолияти гурӯҳи мамнӯи "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи ДОИШ-ро ташкил кардаву ба узвияти он шомил шудаанд.
Қаблан мақомоти Украина ҳама гуна иттиҳоми рабт доштани ҳукумати ин кишварро дар ҳамла ба "Крокус" рад карда буданд.
Вокуниши модари Далерҷон Мирзоев
Гулракат Мирзоева, модари яке аз маҳкумшудаҳо Далерҷон Мирзоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро нисбат ба писараш ноодилона хонд. Ӯ гуфт, "нисбат ба писарам туҳмат заданд, бо шиканҷа ва задану кӯфтан гуноҳро ба сараш бор карданд."
"Ман бо ҳукми додгоҳ розӣ нестам. Бачаи маро бо туҳмат ҳамин хел карданд. Ҳамааш дурӯғ аст. Ягон бор моро даъват накарданд, напурсиданд. Дар ҳаққи фарзандам туҳмат аст. Вай ин корҳоро намекард. Худоё, акнун ман ба куҷо муроҷиат кунам ва кӣ пушти моро мегирад?" – афзуд ӯ.
Абдуҷамил Исломов, бародари Исроил Исломов, ки ҳамроҳи писаронаш – Диловар ва Аминҷон – ба 19 солу 11 моҳи ҳабс маҳкум шудаанд, гуфт, интизор надоштанд, ки чунин ҳукми сангин нисбат ба онҳо содир мешавад.
Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, “онҳо ҳатто нозири минтақавӣ ё милисаро надида буданд. Одами ҷангҷӯ, ягон кори бад мекардагӣ нестанд. Ҳеч боварамон намеомад, ки ҳамин хел ҳукм медиҳанд.”
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора вокуниш накардаанд.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 149 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд.
Ҳодисаи “Крокус”, ки муҳоҷирони тоҷик дар марказаш қарор гирифтанд, ба кору зиндагӣ ва нақшаву нияти даҳҳо ҳазор кас дар Тоҷикистон ва Русия таъсир гузошт. Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия ва боздошту ихроҷи онҳо то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъди он бештар шуд.