Додгоҳи ҳарбии Маскав 15 гумонбари ҳамла ба толори "Крокус" дар соли 2024-ро ба ҳукми абад ва чор тани дигарро аз 19 то 22 сол аз озодӣ маҳкум кард. Дар маҷмуъ ин сахттарин ҷазо дар Русия дониста мешавад. Шонздаҳ маҳкумшуда аз Тоҷикистон, як нафар аз Қирғизистон ва дуи дигар аз Ингушистон ҳастанд.
Додгоҳи низомии Маскав рӯзи 12-уми март маҳкумшудаҳоро ба амали террористӣ ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донист ва бархеи онҳоро узви шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ номбар кард. Аъзои ин ҳалқа дар Афғонистон ҷойгиранд.
Мавқеи маҳкумшудаҳо ба хулосаи додгоҳ ҳанӯз маълум нест, вале пештар баъзе аз онҳо дар нома ва дархостҳои ҷудогона худро бегуноҳ дониста ё хоҳони дигар кардани парванда шуда буданд. Бархе ҳам, ба қавли вакилони мудофеъ, "ба гуноҳ иқрор карданд", вале маълум нест таҳти чӣ шароите.
"Ягон бор моро даъват накарданд"
Дар ҳоле ки вокуниши расмии мақомот дар Тоҷикистон дастрас нест, наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳо мегӯянд, нерӯҳои Русия бо шиканҷа аз онҳо эътироф гирифтаанд. Мақомоти тоҷик дар аввал эълон карда буданд, ки дар мавриди ҳамла ба "Крокус" бо ҷониби Русия ҳамкорӣ мекунанд, вале ҳеч гоҳ ҷузъиёти парвандаро шарҳ надоданд.
Гулракат Мирзоева, модари яке аз маҳкумшудаҳо Далерҷон Мирзоев, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба писараш "туҳмат шудааст".
"Бо шиканҷа ва задану кӯфтан гуноҳро ба сараш бор карданд. Ҳамааш дурӯғ аст. Ягон бор моро даъват накарданд, напурсиданд. Дар ҳаққи бачаам туҳмат аст. Вай ин корҳоро намекард. Худоё, акнун ман ба куҷо муроҷиат кунам, кӣ пушти моро мегирад?" – афзуд ӯ.
Абдуҷамил Исломов, бародари Исроил Исломов, ки ҳамроҳи писаронаш (Диловар ва Аминҷон) ба 19 солу 11 моҳ ҳабс маҳкум шуд, ҳукми додгоҳи Русияро сангин донист.
Вай гуфт: "Онҳо ҳатто нозири минтақавӣ ё милисаро надида буданд. Одами ҷангҷӯ, ягон кори бад мекардагӣ нестанд. Ҳеч боварамон намеомад, ки ҳамин хел ҳукм медиҳанд."
"Чаро шаҳрвандони Тоҷикистон истифода шуданд?”
Шакку гумон дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамла ба толори консертии "Крокус", ки 149 кушта бар ҷой гузошт, аз ҳамон оғоз зиёд садо медод. Мақомоти Русия иддао доштанд, ки чор муҳоҷири тоҷик бо силоҳ вориди толор шуда, ба сӯи издиҳом тир парондаанд.
Ба даҳҳо суол, ки ҳамлагарон аз куҷо силоҳи пешрафта гирифтанд ва чӣ тавр бемонеа вориди толор шуда, ҳамла карданд ва имкон ёфтанд даҳҳо километр фирор кунанд, расман ҳеч далеле ба ҷомеа пешниҳод нашуд. Танҳо дар рӯзи аввал мақомоти Русия чеҳраи чор гумонбари аслиро дар додгоҳ намоиш доданд, ки шадидан шиканҷа шуда буданд.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо гуфт, ҷониби Русия барои гунаҳкор кардани муҳоҷирони тоҷик “ҳеч далели равшан ва қонеъкунанда пешниҳод накард”.
“Далелҳо бештар ба он ишора мекунанд, ки ин амали террористӣ аз ҷониби худи ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии Русия тарҳрезӣ ва роҳандозӣ шудааст,” – афзуд ӯ.
Ин намояндаи мухолифон дар посух ба суоли онки “чаро шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷиноят истифода шуданд?” гуфт, “мақомоти Русия диданд, ки беҳуқуқтарин, беҳимотяттарин одамон ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Ва вобастагии Тоҷикистон аз Русия низ бештару бештар аст. Шаҳрвандони моро қурбони чунин тавтеаҳо ва амалҳо қарор доданд.”
Норӯшанӣ ва суолҳои беҷавоб
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 149 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд. Созмони ҳаросафкани ДОИШ ҳамларо кори дасти пайравонаш номид, вале ин созмон далели возеҳе пешниҳод накард.
Мақомоти Амрико гуфтанд, ки Русияро аз пеш огоҳ карда буданд, ки чунин ҳамлае сурат мегирад, вале чаро онҳо онро ҷиддӣ нагирифтанд, то пешгирӣ кунанд, маълум нест.
Мақомоти рус бо баҳонаи ҳамла ба "Крокус" фишору азияти муҳоҷирон ва махсусан зодагони Тоҷикистонро ба маротиб афзоиш доданд. Садҳо муҳоҷири тоҷик бо шеваи таҳқиромез боздошту азият ва сипас ба ватан фиристода шуданд.
Бо гузашти ду сол аз ҳодиса ва эълони ҳукми гумонбарон, ин парванда ҳамчунон норӯшанӣ ва суолҳои зиёде дорад, ки дар шароити ҷомеаи бастаи Русия ба онҳо посух ёфтан мушкил аст.
Видеоро дар инҷо бинед: