"Бемории кӯҳна"-и Тоҷикистон, ки дар аҳди коронавирус "авҷ" гирифт. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пандемияи короновирус ба монанди он ки СOVID-19 дар бадани инсон бемориҳои дигарро бедор мекунад, заъфҳои иқтисоди Тоҷикистонро бармало кард. Зарбаи аввали пандемия ба шоҳраги даромади иқтисоди Тоҷикистон – интиқоли пули муҳоҷирон – ворид шуд.

ҚУРБИ АРЗИ ХОРИҶӢ БОЛО РАФТ

Баҳори имсол дар оғози мавҷи аввали короновирус президент Эмомалӣ Раҳмон дар номааш ба Сандуқи Байналмилалии Пул навишт, интиқоли пул танҳо аз Русия 50 дарсад кам шудааст. Ба гуфтаи президент, назар ба соли гузашта интиқоли пул дар семоҳаи аввал 80 миллион доллар кам шуд. Дар ҳоле ки даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст.

Аммо то нимаи сол пули фиристодаи муҳоҷирон ба Тоҷикистон андаке бештар шуд, ҳарчанд ба сатҳи солҳои қаблӣ нарасид.

Бино бар иттилои Бонки Миллӣ, муҳоҷирон дар ним соли 2020 аз хориҷа ба Тоҷикистон 999 миллион доллар фиристоданд. Ин маблағ дар муқоиса ба соли пеш 195 миллион доллар ё 14,8 дарсад камтар будааст.

Кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон ба таври занҷираӣ дар Тоҷикистон мушкили дигареро овард. Қурби сомонӣ дар пасманзари кам ворид шудани арзи хориҷӣ ва ҳамчунон поин омадани қурби рубли русӣ дар баробари доллар хеле поин омад. Бори нахуст моҳи март Бонки Миллӣ қурби сомониро дар баробари доллар якбора 5 дарсад поин бурд. Дар натиҷа қурби расмии як доллар аз 9,75 сомонӣ ба 10,20 сомонӣ боло бурда шуд.

Бори дигар 4-уми ноябр дар пасманзари дефитсити камсобиқаи доллар Бонки Миллӣ арзиши расмии онро аз 10 сомониву 34 дирам то 11 сомониву 30 дирам боло бурд. Бонки Миллӣ ин ҷаҳишҳои долларро "тасҳеҳи якдафъаина номид", вале таъкид шуд, камчинӣ ва ё дефитисити доллар дар Тоҷикистон доим вуҷуд дорад. Чун ба гуфтаи Бонки Миллӣ воридоти мол ба Тоҷикистона назар ба содирот ба маротиб бузургтар аст.

“ВОРИДОТ АЗ СОДИРОТ СЕ БАРОБАР БЕШТАР АСТ”

Дар 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон воридоти мол ба кишвар назар ба содирот доим бештар буд ва то кунун ба кишвар муяссар нашудааст, ин вазъро ислоҳ кунад. Барои мисол, дар соли 2019 Тоҷикистон ба 3 миллиарду 349 миллион доллар аз хориҷа мол ворид карда, ҳамагӣ ба қадри 1 миллиарду 174 миллион доллар молу маҳсулот ба берун баровардааст.

Яъне, содирот аз воридот се баробар камтар аст ва ба ин сабаб асъоре, ки муҳоҷирон ба кишвар мефиристанд, зуд баргашта ба хориҷ меравад.

Коршиносон мегӯянд, барои ислоҳи ин вазъ Тоҷикистон бояд тавлидот ё истеҳсолотро дуруст ба роҳ монад. Олимҷон Бобоев, иқтисоддони тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки иқтисоди кишвар аз бозори хориҷа вобастагии зиёд дорад, дар шароити пандемия сахт осеб дид.

Ӯ гуфт, барои коҳиши пойбандии иқтисоди кишвар бояд ба ташкили корхонаҳо ва роҳандозии дурусти тавлиди маҳсулоти ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шавад: “Саноаткунонӣ бояд бо суръат амалӣ шавад, то ба бозори хориҷ мол бароварда тавонем. Айни ҳол корхонаҳои саноатие, ки дорем, хуб кор намекунанд, тавлиди дуруст надоранд, маҳсулоташон бозоргир нест ва мумкин аст баъзе аз маҳсулот дар анборҳо хобанд. Истиқлоли иқтисодӣ ин маънои онро дорад, ки Шумо ақаллан 60-70 дарсад талаботи мардумро таъмин карда тавонед.”

Бобоев афзуд, пешбинӣ кардан мушкил аст, ки дар оянда иқтисоди ҷаҳонро чӣ интизор аст, вале ба қавли ӯ, вазъи бемории COVID-19 идома кунад, ин дақиқ аст, ки иқтисоди ҷаҳон зарбаи сахте мебинад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020

“ТИҶОРАТ СУСТ ШУДААСТ”

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел нахустин мавриди гирифтор шудани шаҳрвандонро ба коронавирус эътироф кард. Ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя дар Тоҷикистон реҷаи гӯшанишинӣ ва ё ба истилоҳ карантин ҷорӣ нашуд. Аммо дар поёни моҳи май ва оғози июн бозору фурӯшгоҳҳои ғайрихӯрокворӣ барои як муддат баста шуда, фаъолияти театру музей, толорҳои консертӣ, марказҳои дилхушӣ ва масҷидҳо қатъ гашт.

Тоҷирон мегӯянд, савдо ба мисли пешина нест ва даромади онҳо ба маротиб кам ва корашон мушкил шудааст. Қаландар Муродов, тоҷири бозори “Меҳргон”, рӯзи 11-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи март инҷониб муштариён кам шуда, савдо суст аст. Ӯ мегӯяд, “ҳоло роҳҳо маҳкам, мардум рафта карда наметавонанд, ин вазъ ба зиндагии онҳо таъсир расондааст.”

Савдо дар Тоҷикистон дар ҳоле сард мешавад, ки даромади мардум коҳиш ёфт ва дар пасманзари ин аксар оилаҳо хароҷоти худро кам карданд.

МАОШУ НАФАҚА ЗИЁД ШУД, НАРХҲО НИЗ АФЗУДАНД

Ҳукумат дар моҳи сентябр андозаи маошу нафақа ва стипендияро 15 дарсад боло бурд, аммо сокинон мегӯянд, болоравии башиддати қурби доллар ва дар пайи он гарон шудани нархи молу маҳсулот, бахусус маводи ниёзи аввал маошҳоро ночиз кард.

Наҷмиддин Раҳимов, сокини шаҳри Душанберо афзоиши нархҳо ва коҳиши даромади рӯзонааш бештар нигарон кардааст. Ӯ бо ароба бор мекашад ва, ба қавли худаш, агар пештар рӯзона то 100 сомонӣ кор мекард, ҳоло то 30-40 сомонӣ даромад дорад: “Харид кам шудааст, мардум дигар ниёз ба ароба надоранд, дар даст ду халта гирифта мераванд. Ҳоло фақат барои шикам кор мекунем, ба харидани либос намерасад.”

Бино бар пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон соли 2020 то 2 дарсад рукуд мекунад. Вазорати рушди иқтисод бо ин пешбинӣ мувофиқ нест ва мегӯяд, рушди иқтисоди кишвар имсол наздики 5 дарсад хоҳад шуд.

ХУШБИНИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТ

Саидмурод Зайниддинзода, мудири Маркази таҳлилии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар умум нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар давраи пандемия чандон бад нестанд. Ӯ шарҳ дод, ки дар 11 моҳи имсол рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) 4,4 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар умум, ба қавли ӯ, ин омор қаноатбахш аст.

Вай таъкид кард, дар оғози имсол 7,8 дарсад рушди иқтисод пешбинӣ шуда буд, вале бо ба миён омадани пандемия аз сари нав баҳодиҳӣ карда, ба чунин хулосае омадаанд, ки дар соли 2020 рушди иқтисодии кишвар 4,7%-ро бояд ташкил кунад.

Бо ин вуҷуд, Зайниддинзода тасдиқ мекунад, ки коҳиши даромадҳо аз ҳисоби хидматрасониҳо, баста будани роҳҳо, наомадани сайёҳон, муддате баста будани баъзе аз бозорҳо, кам шудани сармоягузорӣ, интиқоли пули муҳоҷирон аз омилҳое ҳастанд, ки ба рушди иқтисоди кишвар таъсир расондаанд.

Мудири Маркази таҳлилии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тибқи баҳодиҳии пешакии онҳо, дар соли 2021 рушди иқтисоди кишвар на кам аз 7,6 – 7,8 дарсад пешбинӣ шудааст.

Аз соли 2010 инҷониб иқтисоди Тоҷикистон соле 6-7 дарсад рушд мекунад ва дар сурати рушди панҷдарсадӣ ҳам ин сахттарин уфти иқтисод дар Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир хоҳад буд.