Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори тоҷик барои мардикорон дар Душанбе хобгоҳ месозад. ВИДЕО


Барои мардикорон дар Душанбе хобгоҳ месозанд

Соҳибкори тоҷик Хайрулло Насриддинов мехоҳад, барои корҷӯён дар шаҳри Душанбе хобгоҳ созад. Бозгашти ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар замони пандемияи коронавирус аз Русия ба ватан якбора сафи талабгорони корро зиёд, аммо нархи нерӯи кориро бамаротиб арзон кардааст.

Дар яке аз гӯшаҳои пойтахт ба таври худҷӯш мардикорбозори калон ташкил шудааст. Корҷӯён дар тобистон зери офтоби сӯзону дар зимистон зери барфу борон мунтазири корфармо мемонанд.

Хайрулло Насриддинов мегӯяд, тарҳи хобгоҳ алакай омода шудааст ва аз ду ошёна иборат хоҳад буд. Ба қавли ӯ, дар қабати аввал мардикорон корфармоёнро мунтазир мешаванд ва дар ошёнаи дувум бепул шустушӯ кардаву барои худ ҷойи хоб пайдо мекунанд.

Ин соҳибкори тоҷик замоне дар фикри бунёди хобгоҳ барои мардикорон афтод, ки дар рӯзи барфӣ аз инҷо мегузашт. "Барои сохтмон ягон ҳуҷҷати соҳибмулкӣ лозим нест. Пас аз сохта шудан, метавонанд онро дар тавозун ё баланси ноҳия нигоҳ доранд", -- гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Пешниҳоди бунёди хобгоҳи бепул барои мардикорон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Барои Хайрулло Насриддинов ин лоиҳаи аввалини иҷтимоӣ нест. Ӯ соли гузашта дар зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб, хонаеро дар ихтиёри шахсони бесарпаноҳ гузошт. Инчунин, барои меҳмонҳое, ки имкони ба иҷора гирифтани хона ё меҳмонхонаро дар Кӯлоб надоранд, вагонеро дуруст кард.

"Бо нашри видео аз мардуми бехонаву дар ва занҳое, ки зери фишори оила ҳастанд, хостам, ки биоянд ва ройгон дар хона хоб раванд. Аз ман ҳеч чиз намеравад. Ягон ҷойи хона ҳам кам намешавад", -- мегӯяд ӯ.

Дар пойтахти Тоҷикистон чаҳор бозори худҷӯши мардикорон ташкил шудааст ва дар онҷо аксари корҷӯён аз тамоми гӯшаву канори кишвар ҷамъ меоянд. Мардикорон ба муддати кӯтоҳ, ба ҳисоби миёна як ё ду рӯз, киро карда мешаванд. Маблағи даромад дар як рӯз тақрибан 45-50 сомониро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди чунин музди кам, пайдо кардани машғулият на ба ҳамаи корҷӯён даст медиҳад. Баъзеи онҳо рӯзҳо мунтазири корфармо меистанд. Яке аз мардикорон дар Душанбе гуфт, "борон ҳам бошад, меистем. Зӯр омад, кор мекунӣ. Баъзеҳо ду-се кӯдак доранд."

Корҷӯйи дигаре гуфт, "аз ноҳияи Фархор омадем, рӯзи аввал аст, ҳанӯз кор наёфтем. Ягон ҷойи нишаст надорем, гоҳ бо чатру гоҳ бе чатр ва гоҳ ташнаву гурусна меистем."

Ин гуна бозори кор дар аксар шаҳрҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Соли гузашта Вазорати меҳнату муҳоҷират масъалаи бунёди саройҳои махсус ва насби нишастгоҳҳоро дар маҳалли ҷамъшавии мардикорон пеш гузошта буд, вале дарҳол ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт.

Хайрулло Насриддинов аз аввалин шахсоне ҳаст, ки даст ба кор мешавад. Вай аз мақомот хостааст, барои бунёди хобгоҳ ба ӯ ҷой ҷудо кунанд ва мунтазири посухи онҳост.

Ба далели набудани ҷойи кори муносиб ҳар сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия мераванд. Имсол бо бад шудани вазъи иқтисоди Русия, Тоҷикистон низ аз он осеб дид. Дар шаш моҳи аввали имсол муҳоҷирони тоҷик 195 миллион доллар камтар аз ҳамин давраи соли гузашта пул фиристоданд.

Ин аст, ки созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, тадриҷан ҷойҳои кориро дар дохил бештар кунад ва ба ҷуз аз Русия кишварҳои дигареро низ барои муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш интихоб кунад.

XS
SM
MD
LG