Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даромадҳои пинҳонӣ. Ба фоидаи коргар ё корфармо?


Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, сатҳи шуғли ғайрирасмиро коҳиш диҳад, то коргарон дар кишвар расман ба кор гирифта шаванд. Мақомот аз он нигаронанд, ки корфармоён бо ҳадафи гурез аз пардохти андоз, дар қабули коргар ва пешниҳоди санадҳои лозима расмиётро риоя намекунанд. Коршиносон мегӯянд, масъала дар андозбандии баланд аст ва нахуст бояд ин мушкил ҳал шавад.

Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 моҳи августи имсол қабул гардида. Яке аз ҳадафҳои он, кам намудани шуғли сабтнашуда ва ё ғайрирасмӣ мебошад.

Дар барномаи нав пурзӯр намудани назорат барои таъмини риояи қонунгузории меҳнат ва риояи расмиёти андоз пешбинӣ шудааст. Дар пайи амалӣ намудани ин барнома, зиёд гардидани сарчашмаҳои нави андозбандӣ низ гуфта шудааст. Такмили низоми қарздиҳӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, содатар намудани тартиби дастрасӣ ба қарз ва ҷорӣ намудани системаи қарзҳои имтиёзнок аз бахшҳои дигари барномаи нав мебошанд.

Ҳимматшоҳ Музаффаров, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба расмиёт надаровардани коргар аз сӯи корфармо дар ниҳоят ба зарари коргар анҷом меёбад. Музаффаров гуфт, вақте корманд дар коргоҳе расман сабт нашудааст, аз нафақапулӣ ва дигар имтиёзу кӯмакпулиҳое, ки қонун барои ӯ пешбинӣ кардааст, бебаҳра хоҳад монд. "Ба чунин шеваи кор, бархе корфармоён шавқманданд, вале барномаи ҷадид пеши роҳи ингуна амалҳоро хоҳад гирифт,"- гуфт ӯ.

Нигарони мақомот аз шуғли ғайрирасмӣ дар ҳолест, ки коршиносон баланд будани фоизи андозро яке аз сабабҳои аслии пеш омадани чунин вазъ медонанд. Таҳлилгарон мегӯянд, то замоне, ки фоизи андозҳо гарону маоши коргар паст аст, чунин мушкил боқӣ хоҳад монд.

Шуҳрат Латифов, коршиноси тоҷик, ки ба бозори меҳнати Тоҷикистон ошноӣ дорад гуфт, агар фоизи андозҳо пастар гардаду ҳаҷми нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо афзоиш ёбад, худи сокинон аз корфармо талаб мекунанд, ки онҳоро расман сабт кунанд.

"Корфармо аз кори кормандаш се навъи андоз пардохт мекунад, ки бояд кам карда шавад. Барои мисол, аз 100 сомоние, ки бояд моҳонаи кормандро диҳад, ба дасти корманд ҳамагӣ 61 сомонияш мерасад ва 39 сомонии дигарро маҷбур аст ба андоз супорад, барои ҳамин ҳам коргар ва ҳам корфармо талош мекунанд, ки ҳисоботҳои расмӣ ба мақомоти андоз пешниҳод накунанд,"- гуфт Латифов.

Ин таҳлилгар гуфт, нафақа ва дастгириҳои иҷтимоӣ кам аст, бино бар ин чандон бовар надоранд, ки баъди ба нафақа баромадан зиндагии хуберо дошта бошанд. Латифов афзуд, шуғли ғайрирасмӣ ду намуд мешавад, яке афроде, ки дар корхонаҳое кор мекунанду расман сабт нашудаанд ва дуввумӣ онҳое, ки дар мардикорбозор ҳастанд.

Дар гузашта барномаҳое барои коҳиши шуғли ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд, вале коршиносон мегӯянд, чунин санадҳо дар беҳтар намудани зиндагии сокинон чандон нақши таъсирбахш надоштаанд.

Сабаби ин вазъро бархе дар он мебинанд, ки корҷӯён аз рӯ овардан ба шуғли расмӣ чандон ҳавасманд нестанд. Абдураҳим, як ҷавони 25-солаи тоҷик, ки дар назди бозори "Султони Кабир" чашмбароҳи корфармое буд, мегӯяд, борҳо бо 700-800 сомонӣ кори расмӣ ёфтааст, вале бо чунин моҳона намехоҳад кор кунад.

Ӯ гуфт, ягона ноновари хона аст ва ба музди бештар ниёз дорад. "Шаҳодатномаи кафшергарро дорам, бо ин ҳуҷҷат кор мегиранд аммо маошаш кам, дар ин мардикорбозор пули бештар меёбам",- гуфт Абдураҳим.

Масъалаи коҳиши сатҳи шуғли ғайрирасмӣ рӯзи 24-уми октябр дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони иттифоқҳои касаба низ баррасӣ шуд, ки баёнгари таваҷҷуҳи ҳукумат ба ин масъала аст, шояд бештар ба иллати пур кардани буҷаи давлатӣ.

Дар ин ҳамоиш зикр гашт, ки соли 2016 шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар наздики 30 дарсадро ташкил дода, тақрибан 250 000 ҳазор нафарро фаро мегирифт ва рӯ ба коҳиш дорад. Вале иқтисодшносон мегӯянд, амалан ин адад ба маротиб бузургтар аст ва мушкили аслӣ ин аст, ки шумориши он ба гунаи дақиқ номумкин мебошад.

Таъмини аҳолӣ ба ҷои кор, аз ҷумла ба шуғли беҳтар фаро гирифтани мардум аз масъалаҳоест, ки дар беш аз 28 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳалли худро пайдо накардааст. Ҳамин мушкил аст, ки ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Русия кор мекунанд ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба як манбаи асосии таъмини рӯзгори сокинон табдил ёфтааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG