"Ба артиш ҷавонони солиму нерӯманд лозим, на бемор"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳро эълон карданд. Аз моҳи октябр то охири ноябр ҷавононеро, ки аз соли 1999 то 2008 таваллуд шудаанд, яъне аз 18 то 27-сола ҳастанд, ба артиш сафарбар хоҳанд кард. Ин маърака бо ширкати маъмурони милиса ва амниятӣ мегузарад.

Дар маҳфилҳои расмӣ ҳамеша таъкид мешавад, ки ҷавонон ихтиёрӣ барои "дифоъ аз марзу бум" ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ мепайванданд. Аммо баъзе аз сокинон мегӯянд, пушти саҳнаҳои "гусели ботантана" воқеиятҳои дигаре нуҳуфтаанд. Аз ҷумла, сарбозшикор; фишор ба падару модарон барои фиристодани фарзандон ба хидмат ва ҷалби баъзе аз ҷавонони бемор ба сарбозӣ.

То кунун даҳҳо нафар дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ ба эълони даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар Тоҷикистон назару пешниҳодҳои худро навиштаанд. Яке аз онҳо бо номи Муҳаммад гуфтааст, "бояд ҳар ҷавон хидмат кунад ва ин қарзи шаҳрвандӣ аст."

Насиба ибрози ҳайрат кардааст, ки баъзе аз ҷавонони тоҷик солҳо дар Русия мардикорӣ карда, пули ёфтаашонро танҳо барои халосӣ аз хидмати сарбозӣ дар кишвар сарф мекунанд.

Шарҳнависе бо номи Сангалӣ гуфтааст, ҳоло дар Тоҷикистон на даъвати тирамоҳӣ мондааст ва на даъвати баҳорӣ. Ба иддаои ӯ, “сарбозшикор тамоми сол ҷараён дорад.”

Корбаре бо номи Ҳабибулло аз мақомот хостааст, ки ҳангоми даъват ба артиш ба ҷавонони бемору камтавон кор нагиранд, чун ба навиштаи ӯ, "ба мо ва артиши мо ҷавонони солим ва нерӯманд лозиманд, на бемор."

Навор дар Инстаграм:

Тайи солҳои охир ба сафи артиш фиристодани ҷавонони бемор, ки гоҳо бо марги онҳо низ анҷомидааст, дар Тоҷикистон сабт шудааст. Аз ҷумла, моҳи феврали имсол наздикони Эмомҷон Шаханов, як сокини ноҳияи Муъминобод шикоят карданд, ки ӯро, ки гирифтори бемории рӯҳӣ аст, бо зӯр ба артиш бурданд.

Бо ин вуҷуд, мақомот ҳеч далели ҷалби маҷбурӣ ба артиш ё ҷалби ҷавонони беморро расман эътироф намекунанд. Мақомот, баръакс, бо баргузории маъракаҳои ботантана аз беҳтар шудани шароити хидмат дар артиш ва ҷавонони зиёде, ки ихтиёри ба артиш мераванд, ситоиш мекунанд.

Радиои Озодӣ дар як соли охир дар бораи марги шаш сарбоз хабару гузориш нашр кард. Аксар пайвандони онҳо аз шева ва шароити хидмат норозӣ буданд. Наздикони чанд ҷавон ҳам ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки писарони бемору маъюбашонро ба артиш бурдаанд. Дар ду ҳолат, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ афроди беморро аз артиш раҳо карданд.