Хабарҳои пароканда дар бораи эҳтимоли "мобилизатсия" ё сафарбарии умумӣ ба артиш дар Русия бархеро барои тарки ин кишвар маҷбур кардааст. Дар пайи басеҷи соли 2022, дар моҳҳои аввали таҷовузи Русия ба хоки Украина, садҳо ҳазор нафар аз Русия фирор карда буданд. Ҳоло чӣ?
Сергей Расохин яке аз онҳоест, ки аз тарси басеҷ ё сафарбарии навбатӣ ба артиши Русия ба Арманистон паноҳ бурдааст. Вай дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ду сол пеш аз хидмат дар Русия фирор карда буд ва то замони расиданаш ба Арманистон махфиёна мезист.
Арманистон дар солҳои 2022 ва 2023 низ шумори зиёди шаҳрвандони Русияро, ки аз сафарбарии умумӣ ба артиш гурехта буданд, қабул кардааст. Ҳоло, бо афзоиши нигарониҳо аз эҳтимоли басеҷи навбатӣ, теъдоди русҳое, ки ба Арманистон мераванд, дубора бештар мешавад.
Дар чанд кишвари дигар, ки солҳои 2022 ва 2023 шоҳиди вуруди зиёди шаҳрвандони Русия буданд, низ нишонаҳои монанд ба назар мерасанд, аммо то кунун маълумоти дақиқу пурра дар даст нест. Дар ҳар сурат, агар Кремл тасмим гирад, ки даври нави сафарбариро эълон кунад, эҳтимол то поёни интихоботи порлумонӣ дар моҳи сентябри соли 2026 мунтазир хоҳад монд.
Ду сол дар фирор
Сергей Расохин саргузашти худро дар Ереван, пойтахти Арманистон, ба хабарнигорони Радиои Озодӣ нақл кард. Ин шаҳр солҳои охир ба яке аз паноҳгоҳҳои асосии шаҳрвандони Русия табдил ёфтааст. Касоне, ки аз фазои рӯз то рӯз саркӯбкунанда зери раҳбарии президент Владимир Путин мегурезанд.
Ба гуфтаи Сергей Расохин, зиндагияш ду сол пеш комилан дигар шуд. Ӯ мегӯяд, барои халосӣ аз душвории молӣ бо хоҳиши худ бо артиши Русия қарордод баст ва ба вай ваъда дода будаанд, ки ҳамчун таъмиргари мошинҳо кор хоҳад кард. "Дертар сержант ба рӯям хандиду гуфт, туро фиреб додаанд. Бо эҳтимоли зиёд ҷанг мефиристанд. Ба чизи дигар умед набанд," -- нақл кард Расохин.
Аз қавли ӯ, баъд аз ин аз қисми ҳарбӣ гурехта, ду сол пинҳонӣ зистааст. Мегӯяд, ҳар чанд моҳ ҷойи зисташро иваз мекард, аммо як рӯз аз ҷониби пулиси низомӣ боздошт шуд. Барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дар Русия метавонанд то 15 сол зиндонӣ кунанд. Аммо ин шаҳрванди Русия пеш аз шурӯи муҳокимааш билети қатор ё поезд гирифта, ба Беларус рафтааст:
"Ба ман маслиҳат доданд, ки як соат пеш аз ҳаракати қатор билетро бо пули нақд бихарам, то барои тафтиши маълумот фурсат намонад. Ҳангоме ки дар назди хазина будам, марде бо либоси низомӣ омад ва чанд коғазро гирифт. Ман фаҳмидам, ки он рӯйхати мусофирони соҳиби билет аст. Вале ман ҳанӯз билет нахарида будам ва шояд ҳамин чиз маро наҷот дод."
Оморҳо бозгӯйӣ чӣ ҳастанд?
Омори расмӣ баёнгари он аст, ки теъдоди шаҳрвандони Русия, ки вориди Арманистон мешаванд, дубора бештар шудааст. Пас аз эълони сафарбарии нахустин дар Русия, дар шаш моҳи аввали соли 2023, зиёда аз 500 ҳазор шаҳрванди Русия бо ҳадафи сайёҳӣ ба Арманистон рафтаанд.
Дертар ин рақамҳо кам шуда, соли гузашта ба тақрибан 340 ҳазор нафар расид. Аз моҳи январ то июни имсол шумораи воридшавандагон боз афзоиш ёфта, қариб 417 ҳазор нафарро ташкил додааст. Албатта, танҳо ин омор барои исботи муҳоҷирати густурда кофӣ нест. Мардум, бавижа сайёҳон, меоянду мераванд. Аз ин рӯ, муқоисаи теъдоди воридшудаҳо ва хориҷшудагон аҳамият дорад. Дар панҷ моҳи аввали соли 2026 теъдоди шаҳрвандони Русия, ки ба Арманистон рафтаанд, аз шумори онҳое, ки ин кишварро тарк кардаанд, 7 ҳазор нафар бештар будааст.
Афзоиши шумори касоне, ки дар Арманистон мемонанд, метавонад ба бозори хона таъсир расонад. Расонаи мустақили русии "Вёрстка" моҳи июли имсол аз қавли миёнаравони бозори амволи ғайриманқул дар Ереван навишт, ки талаботи шаҳрвандони Русия барои иҷора ва хариди хона дар Арманистон якбора зиёд шудааст.
Чанд миёнарав бо шарти фош нашудани номашон ба бахши армании Радиои Озодӣ ин ҳолатро тасдиқ карданд. Яке аз онҳо гуфт: "Бар асоси мушоҳидаҳои шахсӣ ва омори маҳаллӣ, нархҳо тақрибан 30 дарсад боло рафтаанд. Дар бозори иҷора афзоиши нархҳо дар баъзе маврид ба 50 дарсад мерасад." Ба гуфтаи ӯ, вазъият "ба ҳолати соли 2022 бисёр монанд аст." Эҳтимол ин раванд то ҳадде ба мавҷи нави шаҳрвандони Русия, ки ба кишвар меоянд, вобаста бошад.
Дар кишварҳои дигар чӣ?
Шаҳрвандони фирории Русия дар солҳои 2022 ва 2023 дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсояаш паноҳ бурда буданд. Ҳамчунин, наворҳо аз он замон сафи дарози мошинҳоро дар сарҳади Русия бо Гурҷистон нишон медоданд.
Рӯзи 18-уми август як омори Русия дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Мақомоти он кишвар гуфтанд, ки дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз гузаргоҳи асосӣ вориди Гурҷистон шудаанд. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта шуд, ки чунин "тамоюл" чанд рӯз боз мушоҳида мешавад. Аммо мақомоти Гурҷистон ин иддаоро рад карданд.
Ҷониби Гурҷистон 19-уми август дар баёнияе гуфт, дар 24 соат, аз соати нуҳи субҳи 18-уми август, тақрибан 7900 шаҳрванди хориҷӣ аз ин гузаргоҳ ба Гурҷистон ворид шудаанд. Ба ҳар сурат, тасвири воқеии вазъ ҳанӯз комилан рӯшан нест. Вақте хабарнигорони бахши гурҷии Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми август аз гузаргоҳи марзӣ боздид карданд, нишонае аз танбаи мошинҳо ё мавҷи густурдаи фирори шаҳрвандони Русияро надиданд.
Як зани рус, ки нав аз марз гузашта буд, гуфт: "Ман соли 2022 ҳам омада будам. Он вақт одамон рӯзҳо дар навбат меистоданд. Имрӯз, вақте аз марз гузаштем, дар тарафи Русия пеш аз мо ҳамагӣ се-чор мошин буд."
Ҳамзамон, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ гузоришҳои парокандае мерасанд, ки баъзе шахсони дорои шаҳрвандии дугона аз тарси сафарбарии нави эҳтимолӣ Русияро тарк мекунанд.
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи русӣ дорад, бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо нигаронӣ аз ояндаи худам ва ҳамсару фарзандонам тақрибан як моҳ пеш ба Тоҷикистон баргаштам. Албатта, ин тасмим осон набуд, чун ширкати бинокорӣ ва ду иншооти нотамомамро гузошта омадам. Як муддат мунтазир мемонам ва агар сафарбарии умумӣ нашуд, дубора ба Русия бармегардам."
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ низ бо зане суҳбат кардааст, ки бо далелҳои амниятӣ нахост номаш ошкор шавад. Ӯ беш аз 20 сол дар Русия зиндагӣ карда, бо худу фарзандонаш шаҳрвандии Русия гирифтааст. "Вақте шунидам, ки мумкин аст тирамоҳ сафарбарии умумӣ шавад, пеш аз ҳама писари 20-солаам пеши назарам омад. Сипас қарор додем, ки бо аъзои оила ба ватани худ баргардем," – афзуд ӯ.
Яке аз намояндагони ҷомеаи муҳоҷирони қирғиз дар Русия, ки ӯ ҳам нахост номаш ифшо шавад, гуфт, чунин ҳолатҳо бештар шудаанд: "Қирғизҳо ба далели фишорҳои гуногун Русияро тарк карда, ба ҷойҳои дигар, аз ҷумла Қирғизистон мераванд. Дар худи Қирғизистон ҳам имкониятҳои нави корӣ пайдо шудаанд ва бисёриҳо ба он ҷо мекӯчанд."
Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш як шиносаш, ки шаҳрванди Русия буд ва ба Қирғизистон мерафт, дар марз ҳушдор гирифтааст: "Гуфтаанд, агар барнагардӣ, хона ва молу мулкат дар ин ҷо мусодира мешавад." Вай афзуд, баъзеҳо ҳатто бо вуҷуди доштани шаҳрвандии Русия тасмим гирифтаанд, ки дигар ба он кишвар барнагарданд, хонаҳояшонро фурӯшанд ва барои ҳамеша кӯч банданд.
Аммо, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, на ҳама чунин тасмим мегиранд. "Бархе аз онҳое, ки дорои шаҳрвандии дугона ҳастанд, дар Русия мемонанд, зеро ҳангоми сафарбарии қаблӣ бо сабаби саломатӣ ё омилҳои дигар барои хидмати ҳарбӣ номуносиб дониста шуда буданд," – шарҳ дод ӯ.
Гуфтугӯ