Дар ҳоле ки танишҳои низомӣ миёни Эрон ва Амрико то андозае коҳиш ёфтааст, пайомадҳои геополитикии он акнун дар ҳоли ошкор шудан аст. Аз ҷумла, норӯшанӣ дар бораи ояндаи тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз ва амнияти минтақаӣ боис гаштааст, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба оромӣ пешбиниҳои стратегии чанд даҳаи гузаштаро дар бораи тиҷорату пайвастан ба роҳҳои байнулмилалӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ бознигарӣ кунанд.
Кен Мориясу, пажӯҳишгари Муассисаи Ҳадсон дар ҳавзаи масоили АвруОсиё, мегӯяд, кишварҳое, ки замоне Эронро дарвозаи табиии худ ба обҳои озод медонистанд, ҳоло беш аз пеш ба масирҳои дигар чашм дӯхтаанд. Ӯ чанде пеш аз сафар ба Осиёи Марказӣ бозгаштааст.
Мориясу таъкид мекунад, ки ҳукумати Эрон ба шиддат мекӯшад дар ҷанг бо Амрико бозанда набошад, аммо бо иқдомоти худ дар ҳоли аз даст додани Осиёи Марказӣ аст. Раванде, ки бахше аз он низ ба сиёсати Амрико бозмегардад ва ин ду омил аҳамияти масирҳои иқтисодӣ ва энержии Эронро барои Осиёи Миёна ҳарчи бештар коҳиш додааст.
Радиои Озодӣ: Дигаргунии муҳимтарине, ки ҳукуматҳои Осиёи Миёна дар вокуниш ба даргирии Эрон, бесарусадо дар стратегияи худ эҷод мекунанд, чист?
Воқеият ин аст, ки Чин беш аз пеш ба танҳо гузинаи амалӣ табдил мешавад. Ҳукумати Эрон ба шиддат мекӯшад дар ин ҷанг бозанда набошад, аммо бо иқдомоти худ дар ҳоли аз даст додани Осиёи Марказӣ аст.
Кен Мориясу: “Нуктаи муҳимтарине, ки барои ман рӯшан шуд, тағйири нигаришҳо дар минтақа нисбат ба Эрон буд. Дар аввалҳои имсол, пас аз даргирии моҳи феврал (ҷанги 40-рӯза), дар нишастҳое, ки ҳудуди моҳи март дар пажӯҳишгоҳҳо баргузор шуд, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи фурсатҳое суҳбат мекарданд, ки дар сурати бозгашти субот ба Эрон метавонист эҷод шавад. Далели онҳо ин буд, ки агар дар Эрон ҳукумате сари кор ояд, ки пуштибони бахши хусусӣ бошад, ин кишвар роҳи кӯтоҳтарини дастрасии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бандарҳои обҳои гарм хоҳад буд. Дар он замон хушбинии зиёде вуҷуд дошт, ки дар сурати суботи Эрон чӣ фурсатҳое метавонист ба вуҷуд ояд. Аммо дар сафари охир барои ман пурра рӯшан гашт, ки кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳоли фосила гирифтан аз ин гузинаҳо ҳастанд. Онҳо акнун бисёр бештар дар бораи Покистон ва Афғонистон суҳбат мекунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалли мушкилоти бархоста аз танишҳои мавҷуд миёни Афғонистон ва Покистонро воқеъбинонатар аз интизор барои тағйири ҳукумат дар Эрон ё расидани ин кишвар ба сатҳе аз субот медонанд, ки Исроилро ба таваққуфи ҳамлаҳояш водорад. Аз нигоҳи онҳо, чунин эҳтимоле акнун бисёр дур ба назар мерасад. Бинобар ин, гузина ё интихоби нахустини онҳо Афғонистон аст ва агар ин масир амалӣ нашавад, ба долони иқтисодии Чин ва Покистон рӯй меоваранд. Ин долон рӯйи коғаз тарҳе фавқулода аст, аммо дар амал ба андозае, ки интизор мерафт, пешрафт накардааст.”
Афғонистон: Бахше аз мушкил ё роҳи ҳал?
Радиои Озодӣ: Афғонистон ҳамчунин ба шиддат бесубот аст ва гурӯҳи “Толибон” дар соли 2021, пас аз фурӯпошии давлати барасмиятшинохташудаи ин кишвар, қудратро ба даст гирифт. Чаро ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ акнун ҳозиранд Афғонистонро бахше аз роҳи ҳал бидонанд, на бахше аз мушкил?
Кен Мориясу: “Яке аз калонтарин масъалаҳои Осиёи Марказӣ об аст. Бахши зиёде аз манбаъҳои оби минтақа аз Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашма мегирад ва сипас ба Узбекистон ва Қазоқистон мерасад. Афғонистон яке аз нигарониҳои ҷиддӣ аст, зеро дар ҳоли бунёди канали наве аст, ки аз ҳамин манбаъҳо об мегирад. Аз назари фаннӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз ин иқдоми Афғонистон бисёр норозӣ бошанд ва ба гумонам воқеан ҳам норозиянд. Аммо агар битавон бо Афғонистон робитаҳои устувор барқарор кард, ин кишвар дар айни ҳол вижагии стратегии муҳиме низ дорад. Ба ҳамин далел, бо вуҷуди танишҳои обӣ, ман шавқу рағбати воқеиро барои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон эҳсос кардам.”
Бандари Карочи. Покистон. Акс аз 31-уми июли 2025
Радиои Озодӣ: Покистон ногаҳон то чӣ андоза дар стратегияи дарозмуддати тиҷории Осиёи Марказӣ аҳамият пайдо кардааст?
Кен Мориясу: “Покистон бинобар мавқеияти ҷуғрофиаш ҷойгоҳи хос дорад. Ин кишвар ҳам сарзамине аст, ки бо хушкӣ марзи бузург дорад ва ҳам кишварест баҳрӣ. Ин вазъият бо Ҳинд фарқи зиёде дорад. Ҳинд амалан ба василаи қаторкӯҳҳои Ҳимолой ва Покистон аз АвруОсиё ҷудо шуда, воқеан дастрасии мустақим ба Осиёи Марказӣ надорад. Аммо Покистон чунин маҳдудият надорад. Ин кишвар аз як сӯ ба Осиёи Марказӣ дастрасии мустақим дорад ва аз сӯи дигар бандарҳои муҳими Карочӣ ва Гвадарро дар ихтиёр дорад, ки ба баҳр роҳ доранд. Генерал Осим Мунир, фармондеҳи қудратманди артиши Покистон низ робитаи хубе бо Доналд Трамп дорад. Раисҷумҳури Амрико ин мавзуъро дарк кардааст ва ба рӯшанӣ тасмим гирифтааст, ки беш аз гузашта ба Покистон такя кунад. Ин фақат ба миёнҷигарӣ дар бораи Эрон маҳдуд намешавад. Трамп дар рақобатҳои стратегии васеътар дар саросари АвруОсиё, бавижа дар иртибот бо Чин ва Русия, Покистонро шарике муҳим медонад.”
“Покистон аз ҳар ду тараф фоида мегирад”
Радиои Озодӣ: Оё коридор ё долони иқтисодии Чин ва Покистон акнун ба интихоби бартари Осиёи Миёна дар баробари Эрон табдил шудааст?
Кен Мориясу: “Нуктаи ҷолиб, шеваи бозии Покистон бо ду тараф аст. Покистон таомули худро бо Амрико афзоиш дода, аммо ин ба маънои фосила гирифтан аз Чин нест. Иёлоти Муттаҳида бояд дарк кунанд, ки наздиктар шудани Исломобод ба Вашингтон дар амал Чинро ташвиқ мекунад уҳдадориҳои бештаре ба долони иқтисодии Чин ва Покистон нишон диҳад. Покистон аз ҳар ду тараф фоида мебарад ва ин стратегия ҳам ҷавоб додааст. Дар нишасти ахири мансабдорони баландпояи Покистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷи Чин, дар ҳошияи нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Қирғизистон, Чин эълон кард, барои талошҳои Покистон барои миёнравӣ байни Эрон ва Амрико арзиши зиёде қоил аст ва то ҳадди мумкин аз ин талошҳо пуштибонӣ хоҳад кард. Фақат ду моҳ пеш аз эълони ин мавзеъ, замоне ки Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин, дидор кард, лаҳни Пекин бисёр эҳтиёткоронатар буд. Пекин аз талошҳои Покистон қадрдонӣ кард, аммо аз ҳимояти бештар сухане нагуфт. Танҳо дар фосилаи ду моҳ Чин мавзеи худро ба таври чашмрас боло бурд ва ба назар мерасад, ин дигаргунӣ натиҷаи мустақими наздиктар шудани Покистон ба Доналд Трамп буд.”
Инро ҳам бихонед:
Нигарониҳо аз рахна шудани канали Қуштеппа дар Осиёи Марказӣ меафзояд“Эрон дар ҳоли аз даст додани Осиёи Марказӣ аст”
Радиои Озодӣ: Оё буҳрони Эрон дар ниҳоят нуфузи Чинро дар саросари Осиёи Марказӣ тақвият мекунад?
Кен Мориясу: “Бардоште, ки ман аз гуфтугӯҳо доштам, ин буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронанд вобастагиро аз Русия бо вобастагӣ аз Чин ҷойгузин кунанд. Аммо воқеият ин аст, ки Чин беш аз пеш ба танҳо гузинаи амалӣ табдил мешавад. Ҳукумати Эрон ба шиддат мекӯшад дар ин ҷанг бозанда набошад, аммо бо иқдомоти худ дар ҳоли аз даст додани Осиёи Марказӣ аст. Қазоқистон намунаи хубе аст. Масири аслии содироти нафти ин кишвар ба Баҳри Сиёҳ амалан дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподӣ халалдор шудааст. Ҳамлаҳое, ки ба эҳтимоли зиёд бо амалиёти Украина алайҳи зербунёдҳои Русия пайванд дорад. Дар шароити одӣ, ҳудуди 80 дарсади содироти нафти Қазоқистон аз масирҳои Баҳри Сиёҳ анҷом мешавад. Қазоқистон ду гузина дорад, яке долони миёнӣ аст, ки аз Баҳри Хазар ба Озарбойҷон мерасад. Интихоби дигар, хати лӯлаи мавҷуд ба Чин аст. Ҳарчанд Қазоқистон беҳтар медонад, ки аз долони миёнӣ истифода кунад, нафт ибтидо бояд бо нафткашҳо аз Баҳри Хазар ба Боку бурда шавад ва ҳамин мавзуъ зарфияти ин масирро маҳдуд мекунад. Роҳи ҳалли зудрас ин аст, ки нафти бештаре ба Чин фиристода шавад ва ба гумонам ҳамин иттифоқ хоҳад уфтод. Бинобар ин, бо вуҷуди нигарониҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вобастагии беш аз ҳад ба Чин, ин вобастагӣ рӯ ба афзоиш аст, магар ин ки кишварҳое монанди Амрико ва Ҷопон дар зерсохтҳои Баҳри Хазар сармоягузорӣ кунанд, то зарфияти интиқоли нафт миёни Қазоқистон ва Озарбойҷон афзоиш ёбад.”
Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи Теҳрон, оё аз даст додани Осиёи Марказӣ метавонад ба бузургтарин шикасти стратегии Эрон аз замони ҷорӣ кардани таҳримҳо табдил шавад?
Кен Мориясу: “Бале, Эрон сахт мекӯшад дар ин ҷанг бозанда набошад, аммо дар натиҷаи иқдомот худаш дар ҳоли аз даст додани Осиёи Марказӣ аст. Албатта, танҳо Эрон нест, ки кишварҳои ин минтақаро аз худ дур мекунад. Сиёсати Амрико низ дар ин раванд нақш дорад. Барои намуна, ҳамлаҳое дар атрофи Чобаҳор рух додааст, бандари ҷанубии Эрон, ки Ҳинд дар он сармоягузорӣ кардааст, то гузинае ҷойгузин барои Гвадар эҷод кунад. Ин таҳаввулот рақобати як масири тиҷории мубтанӣ бар Эрон бо долони иқтисодии Чин ва Покистонро бисёр душвортар мекунад. Бинобар ин, бахше аз масъулият мутаваҷҷеҳи Эрон аст, аммо бахше дигар низ ба сиёсати Амрико боз мегардад. Таркиби ин ду омил аҳамияти масири Эронро ба шиддат коҳиш додааст.”