Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Покистон ба Чин меравад. Масъалаи Эрон ҳам дар миён аст

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҳалқаи мақомоти Чин.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҳалқаи мақомоти Чин.

Шаҳбоз Шариф нахуствазири Покистон, рӯзи 23-юми май ба Пекин сафар мекунад. Сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Исломобод талош дорад, нақши миёнҷигарии худро дар мухолифати кунунии байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дубора фаъол созад.

Дар ҷараёни сафари серӯза, ки бо даъвати Чин, шарики калидии дипломатӣ ва тиҷоратии Эрон анҷом мешавад, Навоз Шариф ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи дифоӣ ва ҷалби сармояи нави Чин ба Покистонро баррасӣ хоҳад кард.

Элизабет Трелкелд, таҳлилгар ва мудири барномаи Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази Стимсон дар Вашингтон, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳанӯз рӯшан нест, ки Покистон дар ин сафар аз Чин чӣ хоҳад хост, аммо ин кишвар дар умум талош дорад, ба раванди музокироти Амрико ва Эрон, ки дар ҳафтаҳои ахир ба бунбаст расида буд, суръат бахшад.»

Трелкелд афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба равобити наздики Чин бо Эрон, Покистон ҳамеша мекӯшад, бо раҳбарони Пекин мунтазам машварат кунад.

Тоҳир Андробӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Покистон, рӯзи 22-юми май гуфт, Покистон ва Чин равобити дуҷониба ва “ҳамкориҳоро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва стратегӣ” баррасӣ хоҳанд кард.

Ӯ ошкоро нагуфт, ки оё мавзӯи миёнҷигарии Покистон дар ҷанги Эрон баррасӣ мешавад ё на, аммо Исҳоқ Дор, вазири умури хориҷӣ аз ин пеш ба вакилони парлумони Покистон гуфта буд, ки Исломобод дар тӯли ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон, ки рӯзи 28-уми феврал оғоз шуд, бо Чин дар тамос ва дар ҳамоҳангии наздик будааст.

Майкл Кугелман, таҳлилгари Шӯрои Атлантик дар Вашингтон, мегӯяд, Покистон абзорҳои сахти таъсири Чин ба Эронро хуб дарк мекунад.

Кугелман дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ин рӯ, ба назари ман, Шариф аз ҳукумати Чин кафолат хоҳад хост, ки аз талошҳои Покистон ҳамчунон ҳимоят мекунад”.

Сафари Шариф дар пайи сафарҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Пекин сурат мегирад. Дар мулоқоти онҳо бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ҷанг дар Эрон ва оқибатҳои иқтисодии он барои бозорҳои нафту гази ҷаҳон мавзӯи марказӣ буд.

Сафари Трамп, бавижа, таваҷҷӯҳро ба ин нукта ҷалб кард, ки Чин чӣ гуна метавонад Эронро барои гузаштҳо ба хотири дастёбӣ ба созиш таҳти фишор қарор диҳад. Трамп дар як мусоҳиба бо шабакаи Fox News дар Пекин гуфт, ки Си Ҷинпин омодагии худро барои кӯмак ба унвони миёнарав дар созиш бо Теҳрон эълон кардааст.

Ҳусейн Ҳаққонӣ, пажӯҳишгари Институти Ҳадсон дар Вашингтон мегӯяд: “Покистон пайваста Чинро аз нақши миёнаравии худ огоҳ мекард ва аз Пекин хоста буд, ки барои қонеъ кардани режими Эрон барои муколама бо Иёлоти Муттаҳида кӯмак кунад”.

Тақрибан 40 рӯз пас аз оғози ҷанг, Трамп пас аз дархости Покистон барои таваққуфи амалиёти бомбаборони ҳадафҳои низомии Эрон оташбас эълон кард, то замина барои гуфтугӯҳои сулҳ фароҳам шавад. Ҳайатҳои баландпояи Амрико ва Эрон рӯзҳои 11-ум ва 12-уми апрел дар Исломобод музокирот анҷом доданд, вале ин нишаст бидуни натиҷа ва созиш поён ёфт.

Ҳаққонӣ, ки собиқ сафири Покистон дар Иёлоти Муттаҳида низ буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски Покистон бо сабаби ҷанги Эрон бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ аст, эҳтимол дорад, ки барои гузаштан аз ин бӯҳрон аз Чин кӯмаки молӣ бихоҳад.

Ин масъалаҳо метавонанд, ба рӯзномаи мулоқоти Шариф ва Си Ҷинпин ворид шаванд ва мақомоти калидии Покистон метавонанд, ҷузъиёти тамосҳои охирини худро дар Теҳрон ба Чин бирасонанд.

Музокирот дар Теҳрон

Рӯзи 22-юми май Мӯҳсин Нақвӣ, вазири умури дохилии Покистон бо ҳамтои эронии худ Аббос Ароқчӣ мулоқот кард. Ин дувумин дидори онҳо дар ду рӯзи охир дар Теҳрон буд. Ин сафари дуввуми Нақвӣ ба пойтахти Эрон дар давоми 30 соат аст, ки аз дипломатияи сахт ва босуръат гувоҳӣ медиҳад, ҳарчанд ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо расонаӣ нашудааст.

Дар пасманзари сарусадо дар бораи сафари эҳтимолии Осим Мунир, фармондеҳи бонуфузи артиши Покистон ба Эрон, Боқир Саҷҷод, хабарнигори дипломатии рӯзномаи покистонии «Dawn” навишт, ки Мунир танҳо бо ҳадафи "ниҳоӣ кардани" созиш ба он ҷо хоҳад рафт. Нақвиро наздиктарин шахси боэътимоди Мунир дар миёни мақомоти ғайринизомии Покистон медонанд. Ҳам Покистон ва ҳам Чин аз баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз зарари зиёде дидаанд.

Чин ҳамчун бузургтарин кишвари содиркунандаи молу маҳсулот дар ҷаҳон, манфиатдори асосӣ аз боз шудани ин роҳи баҳрии муҳим аст. Баста шудани он ба иқтисоди ҷаҳонӣ зиёни зиёд ворид кард ва дар сурати идомаи вазъ тақозо ба маҳсулоти Чинро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

Ҳаққонӣ гуфт, ки бо назардошти захираҳои стратегии бузург ва тавоноии дохилии худ, Чин метавонад ба паёмадҳои муҳосираи Ҳурмуз беҳтар тоб оварад, аммо ба ҳар ҳол хоҳони боз шудани гулӯгоҳ аст.

Тақрибан 40 дарсади нафт ва 30 дарсади гази моеъи воридотии Чин низ аз ҳамин гулӯгоҳ мегузарад, аз ҷумла аз кишварҳои Халиҷи Форс, ки мавриди ҳамлаи Эрон қарор гирифтаанд.

Покистон ҳам бо камбуди нафту газ рӯбарӯ шудааст ва дар сурати аз нав шурӯъ шудани муноқишаи мусаллаҳона метавонад бо хатарҳои гуногун рӯбарӯ шавад.

Трелкелд гуфт, ки ин хатарҳо на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, аз қабили қатъ шудани таъминоти нуриҳои минералӣ, балки нигарониҳои амниятиро низ дар бар мегиранд:

“Ихтилофоти мазҳабӣ дар дохили кишвар, ноамнии марзӣ аз ҳисоби сели паноҳҷӯён ва гурӯҳҳои ҷангҷӯе, ки аз ин бесуботӣ истифода мекунанд, ва ҳамчунин фишори эҳтимолӣ барои ворид шудан ба ин низоъ аз номи шарики дифоии худ Арабистони Саудӣ”.

Дар ҳамин ҳол, Ҳаққонӣ афзуд, ки дар сатҳи стратегӣ, "Чин кӯшиш мекунад, худро ҳамчун кафили асосии амният дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон нишон диҳад, бавижа дар минтақаҳое, ки Иёлоти Муттаҳида аз он ҷо ақибнишинӣ мекунад ва ё ба обрӯи худ латма мезанад".

Ӯ гуфт: "Ховари Миёна, яке аз ҳамин гуна минтақаҳо аст ва дар ин ҷо равобити наздик бо Покистон метавонад, ба Чин кӯмак кунад, то ин нақшро бозад."

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG