Тарҳи қонуни маҳви ҷонварони бесаробон дар Қазоқистон баҳсбарангез шуд

Сагҳои дайдуро дар Қазоқистон нобуд мекунанд. Порлумони ин кишвар ахиран тарҳеро тасвиб кард, ки иҷоза медиҳад барои мубориза бо ҷонварони оворагарду бесоҳиб аз шеваи бераҳмона истифода шавад. Ин тасмим вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҷонваронро дар Қазоқистон ба миён овардааст.

Аксари вакилони порлумони Қазоқистон барои қабули тарҳи ин қонун овоз додаанд, ки иҷоза медиҳад сагҳои оворагарду бесоҳиб кушта шаванд. Ба гуфтаи яке аз муаллифони он, танҳо дар як соли гузашта, беш аз 40 нафар аз ҳамлаи сагҳо зарар дидаанд. Ба бовари ин вакил, вақте сухан дар бораи ҳифзи ҷони одамон меравад, дигар ҷойе барои раҳмдилӣ ба чорпоён намемонад.

"Дар ҳамин фурсате, ки мову шумо инҷо суҳбат дорем, дар давоми як соат панҷ нафар мавриди ҳамлаи сагҳо қарор мегиранд. Дар як рӯз беш аз 100 нафар. То замоне, ки ин ҷонварон дар назди мактаб, хонаҳои истиқоматӣ ва хиёбонҳо мегарданд, масъалаи бехатариро наметавон ҳалшуда хонд",-мегӯяд вакили порлумон Едил Жанбиршин.

Бар асоси лоиҳаи нави қонун, сагҳои оворагард баъди боздошт 5 рӯз нигаҳдорӣ мешаванд ва агар касе дар ин муддат ба суроғашон наомад, онҳоро мекушанд. Тибқи ин тарҳ, ҳамчунин сагҳое, ки чипи махсус надоранд, бесоҳиб дониста мешаванд. Вакили қазоқ, Едил Жанбиршин бовар дорад, ки ин шева назар ба усулҳои қаблӣ, ки сагҳоро боздошту воксин ва безурёт карда, дубора дар куча раҳо мекунад, муассиртар аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Қазоқистон сагҳои дайдуро нобуд мекунанд

Аммо ҳомиёни ҷонварон, ба ин розӣ нестанд. Юлия Келм, ҳомии ҷонварон, "дар маҳалҳо ин барнома ба сурати зарурӣ назорат намешуд. Яъне пул ҷудо мешуд, аммо ҳама кор дар рӯйи коғаз мемонд. Ин сад дар сад ҳамин тавр аст. Барои ин барномаҳо миллионҳо ва ҳатто миллиардҳо танга ҷудо мешуд, вале ҳамааш аз худ карда мешуданд. Ҳатто "паноҳгоҳҳои ноаён" вуҷуд доштанд".

Яке аз бартариҳои дигари маҳви ҷонваронро сарфаи пули дар буҷа медонанд. Ба гуфтаи вакили қазоқ, агар сагҳо нигоҳубин не, якбора нобуд карда шаванд, имкон аст 30 ҳазор доллар сарфа шавад. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бовар дорад, роҳҳали дурусти ин мушкил бунёди паноҳгоҳ барои нигоҳубини ҷонварони оворагард аст.

Дар Риддер, шаҳраке дар шарқи Қазоқистон ягон паноҳгоҳ барои ҷонварон нест. Чорпоёни дайдуро волонтёрҳо аз кӯчаҳо пайдову нигоҳубин мекунанд. Олга Звонтсова, раҳбари бунёди "Сулҳ дар дилҳо" мегӯяд:

"Ин бунёд ҳам ба хотире таъсис дода шудааст, ки ба чунин нафароy кӯмак расонида шавад. Масалан, гурбаву сагҳои зиёдеро ба хоҳари ман партофта рафтаанд. Ҳоло ӯ беш аз 60 ҷонварро нигоҳубин мекунад. То вақте шавҳараш зинда буд, бо маоши ӯ онҳоро таъмин мекарданд, вақте ҳамсараш гузашт, ӯ маҷбур шуд аз ҳисоби нафақа ин корро кунад?"

Ҳомиёни ҷонварон пештар ҳам бо муроҷиат аз порлумон хоста буданд, аз қабули тарҳи баҳсбарангез даст кашанд ва ба сагҳо барои зиндагии дубора шонс диҳанд. Вале зоҳиран садои онҳо шунида нашуд, зеро вакилон якдилона лоиҳаи навро қабул карданд.

Юлия Келм, ҳомии ҳуқуқи ҷонварон мегӯяд,"Одамоне, ки ба ҷонибдори аз ин қонун овоз додаанд, онҳо аз арзишҳои инсондӯстӣ хеле дуранд. Бо пахши як тугма қабул кардани чунин тарҳ... ман фикр мекунам, дунё девона шудааст. Ростӣ ин ба ақл рост намеояд”

Ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон, ки дар тарҳи нав назари онҳо пурсида нашудааст, ин иқдомро "қатли оми" ҷонварон мехонанд. Пас аз баррасии ва қабули тарҳи қонун он дар Сенат баррасӣ ва барои имзо ба президенти Қазоқистон фиристода хоҳад шуд.

Ихтиёриён ва фаъолони ҷамъиятӣ ҳоло ният доранд муштаракан зидди ин қонун садо баланд кунанд. Умедворанд, ин бор дарди онҳо ба гӯши раҳбарият мерасад ва аз имзои ин санад даст мекашад.