Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд наздики 1,5 ҳазор саги бесоҳибро нобуд кардаанд. ВИДЕО


Дар Хуҷанд сагҳои бесоҳибро нобуд мекунанд

Шумори сагҳои дайду дар хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд афзоиш ёфтааст ва сокинон аз ҳамлаи онҳо дар ташвишанд.

Сокинон вуҷуди сагҳои ҳорӣ ё девона ва гирифтор ба дигар бемориҳои сироятиро дар миёни ин ҷонварони бесоҳиб аз эҳтимол дур намедонанд.

Гузориши видеоиро ин ҷо тамошо кунед.

Дар Суғд як ҳазору чорсад саги дайдуро маҳв намудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Роҳи ҳалро мақомот дар нобуд кардани ин сагҳо дидаанд, ки фаъолони ҳифзи ҷонварони хонагӣ ғайриқобили қабул медонанд.

ЗИЁНИ САГҲОИ ДАЙДУ БА ЗЕБУНИССО

Зебуниссо Абдуқодирова, сокини маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд дар канори хонаи баландошёнааш боғчаи хурдеро сохтааст ва дар он ҳайвонҳои хурди хонагӣ парвариш мекунад. Ӯ бознишаста аст ва тасмим дошт, бо ин роҳ даромад пайдо кунад, вале сагҳои бесоҳиб ба ӯ зиён расонидаанд.

“Набераам аз Русия омад ва як харгӯш харид. Мо онро нигоҳубин кардем ва сафашро зиёд намудем. Як шаб сагҳои дайду омада, 28 тоашро якбора нобуд кардаанд ва 10 мурғи дигарамро низ хӯрданд. Ҳозир ягонто ҳайвонҳои хонагӣ надорам, чунки зимистон омадааст ва сагҳо боз гурусна шуда меоянд”,-гуфт ӯ.

Зимистон наздик шудааст ва ба гуфтаи сокинон, афзоиши ин навъи ҳайвонҳо бештар дар канораҳои шаҳри Хуҷанд ба назар мерасад ва барои зоҳиран пайдо кардани ғизо ба назди хонаи онҳо меоянд.

ЧАРО РАҲМАТУЛЛО ТАРАФДОРИ НОБУД КАРДАНИ САГҲОСТ?

Раҳматулло Ҳалимов, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, ки “сагҳо гурусна ба кӯчаҳо мебароянд ва вақте ҳаракати газидан ё ҳамла мекунанд, кӯдакони мо сахт метарсанд”. Ӯ яке аз тарафдорони нобуд кардани сагҳои дайду ҳаст.

Табибони Маркази саломатии рақами як дар Хуҷанд соли ҷорӣ 500 мавриди осеб дидани сокинон аз ҳамлаи сагҳоро сабт кардаанд.

Ин танҳо омори як дармонгоҳ аст ва чунин ҳолатҳо дар дигар нуқтаҳои осебшиносӣ низ ҳисоб мешавад.

Ҷамшед Абдуллоев, табиби осебшинос гуфт, ки “сагҳои бесоҳиб ваксинаи зидди бемориҳо надоранд ва аксарашон беморанд, аз ин сабаб, вақте одамони солимро мегазанд, ба касалиҳои гуногун, мисли бемории табобатнашавандаи ҳорӣ сироят гирифтор мекунанд”.

Масъулони Идораи беҳдоштӣ таҳти назорат қарор додани ҳамаи сагҳои хиёбониро як кори берун аз имкон медонанд. Онҳо ягона роҳро дар нобуд кардани сагҳо мебинанд, ки ин амал аз ҷониби муҳофизони ҳайвонот сахт интиқод мешавад.

Фаъолони ҳифзи ҳайвоноти хонагӣ нобуд кардани сагҳоро кори нодуруст медонанд ва ҳамеша зидди ин амал садо баланд мекунанд.

СОЛЕ ТО 1,5 ҲАЗОР САГИ БЕСОҲИБ НОБУД МЕШАВАНД

Соли равон дар Хуҷанд зиёда аз 700 саги бесоҳибро нобуд кардаанд. Ҳудуди 400 адад саги дигарро барои пешгирӣ аз бемории ҳорӣ эм кардаанд, вале шумори зиёди сагҳои бесоҳибро бо кӯмаки кормандони мақомоти интизомӣ маҳв намудаанд.

Иқболхӯҷа Султонов, сармуҳандиси корхонаи комуналию санитарии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, “гуруҳи кории мо тибқи муроҷиати шаҳрвандон сагҳои кӯчагиро безарар мегардонанд”.

Ӯ гуфт, ки “дар як моҳ аз 140 то 150 адад сагҳоро пайдо ва безарар мегардонем, ки дар як сол тақрибан 1,5 ҳазор саг ҳисоб мешавад”.

"БА САГҲОИ КӮЧАГӢ РАҲМАМ МЕОЯД"

Сокинон дар Тоҷикистон сагро “дӯсти бовафои инсон” меноманд ва на ҳама тарафдори бераҳмона нобуд кардани ин ҷонвар ҳастанд. Тарафдорони ин андеша бесоҳиб мондани сагҳоро иштибоҳи инсонҳо медонанд.

Фаридун Эшонқулов, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, “ба сагҳои кӯчагӣ раҳмаш меояд”.

Ӯ мегӯяд, сагҳои хиёбонӣ гуруснаанд, дар сардиҳо азоб мекашанд ва паноҳгоҳе барои нигаҳбонии онҳо вуҷуд надорад.

Фаридун аз тарафдорони сохтани паноҳгоҳ барои сагҳои бесоҳиб аст ва нобуд кардани онҳоро намехоҳад.

Шаҳрдории Хуҷанд борҳо аз азми сохтани як паноҳгоҳ барои нигоҳубини сагҳои дайду дар шаҳр хабар дода буд, вале масъулони назоратии ин ҳайвонҳо мегӯянд, ҳоло ин кор бо хуруҷи пандемияи КОВИД-19 амалӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG