Ин дар ҳолест, ки идораи комуналии шаҳр ҳудуди сад саги бесоҳибро боздошт ва қатл кардааст. Раҳмон Одинаев, сармуҳандиси идораи мазкур мегӯяд, сагҳои бесоҳиб аз хиёбонҳои шаҳр боздошт ва тариқи заҳролудкунӣ ба қатл расонида мешаванд. Ҷасадҳои сагҳои дайду дар партобгоҳи умумии шаҳр дар маҷмӯъ зер хок карда мешаванд.
Аммо дар ҳоле, ки идораи комуналӣ аз боздошт ва куштани теъдоди зиёди сагҳои дайду хабар медиҳад, сокинони бархе маҳаллаҳои шаҳрро бӯи бади партобгоҳи умумӣ, ки дар он ҷо сагҳои дайду низ гуронида мешаванд, ба ташвиш овардааст.
Гулчеҳра Салимова, як сокини махаллаи Фирдавсӣ, мегӯяд, бо боридани боронҳои баҳорӣ партобгоҳ хароб гардида, ҷасади сагҳои кушташуда ба берун баромадаанд. Хонум Гулчеҳра мегӯяд, бӯи бади ин партобгоҳ маҳаллаҳои атрофро пахш мекунад.
Аммо Раҳмон Одинаев, сармуҳандиси идораи комуналии шаҳр, мегӯяд, дар баробари шикори сагҳои дайду аз ҷониби мо, бархе аз сокинони деҳоти акнофи шаҳр сагҳои сарбории худро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мепартоянд.
Дар ҳамин ҳол Абдуҳалим Шоҳусайнов, сардори идораи байтории шаҳр, аз шеваи нобуд кардани сагҳои дайду аз ҷониби идораи комуналии шаҳр изҳори нигаронӣ кард. Ба кавли ӯ, бад-ин тарз нобуд сохтани ҷасадҳои сагҳо хилофи меъёрҳои идораи байторӣ маҳсуб меёбад.
Оқои Шоҳусайнов мегӯяд, дар ҳудуди шаҳр барои гуронидани ҷасади ҳайвонот бояд мавзеи махсусе мавҷуд бошад, вале мутаасифона бо вуҷуди пешниҳодоти зиёди мо мақомоти дахлдор ин корро анҷом надодаанд.
Бар тибқи омори расмӣ, соли гузашта бад-ин тартиб идораи комуналии шаҳр беш аз чорсад саги бесоҳибро ба ҳалокат расонида, дар ин мавзеъ зери хок намудаанд. Таи панҷ моҳи имсол аз ҳайвони девонаву дайду касе зиён надидааст, вале соли гузашта шумораи зарардидагон дар минтақаи Кӯлоб се нафарро ташкил медод.

Бихон. Дар Точикистон агар аз хакки худ дифоь куни ту гумрохгаштагон, терорист, салафи ва якчанд гунох ба сарат бор мекунанд. Ту бо навиштахоят ГУЛОМ ба оилаи рахмонуф буданатро ошкор карди. Озоди чоп кунед чавоби маро
“Аз таҷрибаи солҳои ҷанги дохилӣ медонам, ки агар ман дар ҳалли ин масъала коре мекардам, ҳамон силоҳбадастонро, масалан Маҳмадбоқирро бо афродаш ба Хоҷааълои Исфара мебурдам ва дар ҳамонҷо ҷобаҷо мекардам, ки аз сарҳадро назорат кунанд ва амнияташро таъмин кунанд.” Дуруст, шумо мехохед такя кардан ба ҳаммиллататон. Ҳокимон ҳам чунин карда буданду карда истодааст - барои саркуби тоҷикони саркаш ҳаммилатонашро гирд меоварад, баъзешон дар худи Тоҷикистону намерасидагиш бо як занге ба Тошканд
Ҳама бояд таҳти фармони пешвои миллат бошанд, бечуну чаро, бидуни истисно, ҳатман, шартан, қасдан, фавран… диктатура ҳамин аст, истибдод ҳамин аст, худхоҳӣ ҳамин аст, такаббур ҳамин аст, худкома ҳамин аст…
Дар 30 сол бо музокира ҳал нашуд акнун мешавад? худи мардум ҷавонони гумроҳкардашудаи аз тарафи боқир ва ба монанди боқирпарастон ҳаму саркардагони гуруҳро муҳофизат мекарданд бо ҲҶТ боз 30 соли дигар мебахшид магар?.Озоди озодона чоп кунед агар сазовори озодӣ бошед.
Ягона коре, ки ин ду ҷавону Қаҳрамони тоҷик карданд ба фикрам "Бархӯрди манфиатҳо буд"