Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, гуфт, "воқеан, газидани сагҳо нисбат ба соли 2024-ум 325 маврид зиёд аст. Ваксина ҳаст, мо таъмин мекунем. Ҳангоми саривақт гирифтани табобати пурра эҳтимоли гирифторшавӣ ба беморӣ бисёр поин аст".
Шумораи дақиқи онҳое, ки аз газидани саг захми шадид бардошта ё бемор шудаанд, гуфта намешавад. Соли гузашта танҳо марги ду нафар аз ноҳияҳои Деваштич ва Ҷаббор Расулов аз бемории ҳорӣ расонаӣ гашт.
Яке аз фавтидаҳо Илҳом Баротов аз ноҳияи Деваштич буд. Хонаводааш иддао карданд, ки пизишкон саривақт ӯро табобат накарданд ва гуё бепарвоӣ сабаби маргаш шуд.
Фурқат Ғаниев, сардори ташхиси тиббии Суғд, мегӯяд, "он камбуде, ки аз ҷониби табиб роҳ дода шуд, ҳамаашро муайян кардем ва хулосаҳои хешро ба прокуратура (додситонӣ)-и ноҳияи Деваштич супоридем. Нисбат ба ин табиб парвандаи ҷиноӣ боз гардид".
Додгоҳи ноҳияи Деваштич дар охири моҳи декабри соли гузашта табиб Садриддиновро 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Назари ӯ ба қазия маълум нест, вале ҳамкоронаш мегӯянд, дар бештари ҳолат газидани сагу ҳайвоноти даранда одамро ба марг мерасонад ва табибон дар ин кор дасткӯтоҳанд.
Комилҷон Тӯйчиев, раиси шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Деваштич, гуфт, "Камолиддин Садриддинов табиби ҷарроҳ буд, ки даҳ сол таҷрибаи корӣ дошт. Бемор бо нишонаҳои ҳорӣ бистарӣ карда шуд. Ҳар коре, ки аз табиб тақозо карда мешуд, саривақт анҷом доданд".
Солона садҳо саг дар Тоҷикистон соҳиби шиноснома гашта, ба гуфтаи масъулон, аз муоинаи тиббӣ ҳам мегузаранд. Дар айни замон ба иддаои сокинон, шумораи сагҳои дайду дар хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо бештар шудааст, ки ба раҳгузарон осеб мерасонанд.
Талаби мардум ин аст, ки мақомоти тандурустӣ сагҳоро ҳар чанд вақт эм кунанд. Вале дар аксар ҳолат ин сагҳо маҳв карда мешаванд ва сабабии норозигии ҳомиёни ҷонварон мегарданд.
Баҳриддинхоҷа Нозимӣ, сардори Идораи коммуналии Суғд, мегӯяд, "агар дар бораи паноҳгоҳ гӯем, бригадаҳои махсуси доштани сагҳо дар корхонаҳо мавҷуд нест. Барои қир кардан мавҷуд ҳаст. Барои нигоҳ доштан, мошинҳои махсус ва ҷойҳои махсус даркор аст. Дар ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо бояд дар ин самт маблағ ҷудо гардад. Дар мо чунин хидматрасонии коммуналӣ дар назар гирифта нашудааст".
Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар вилояти Суғд тақрибан 200 ҳазор сомонӣ барои аз байн бурдани сагҳо ҷудо шуда, дар соли гузашта беш аз 2 ҳазор саг ба қавли мақомот "безарар гардонда шудааст".
Бо вуҷуди баъзе талошҳо, барои сагҳои дайду ё бесоҳиб дар вилояти Суғд ҳанӯз паноҳгоҳе сохта нашудааст. Ин аст, ки аз як сӯ шикояти мардум аз газидани сагҳо ва аз тарафи дигар даъвои ҳомиёни ҷонварон аз кушта шудани онҳо пайваста садо медиҳад.