Вазорати корҳои дохилӣ як афсари пулисро дар пайгард қарор дод

Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон як корманди  Вазорати корҳои дохилиро дар пайгарди расмӣ қарор додааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, нисбати Муҳаммадазим Қосимӣ, корманди баландмақоми Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст, вале тақрибан 4 моҳ боз ба тафтишот ҳозир намешавад.

Бинобар ин, ӯ аз санаи 8-уми январи соли 2026 дар пайгарди расмӣ қарор дода шудааст. Пайвандонаш мегӯянд, ки аз ҷустуҷӯ шуданаш хабар надоранд, вале ҳамзамон дар куҷо буданашро низ намедонанд.

ПАРВАНДА БАР АСОСИ МУРОҶИАТИ СОКИНОН

Радиои Озодӣ бо муроҷиати сокинон ва ҷабрдидагон аз охири соли гузашта, ин мавзӯъро пайгирӣ дошт. Чандин сокинони шаҳри Исфара нисбати амалҳои ғайриқонунии ин корманди баландмақоми Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, шикоят бурда буданд.

Муҳаммадазим Қосимӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Ба гуфтаи бархе аз соҳибкорону кормандони давлатӣ, Муҳаммадазим Қосимов ҳангоми фаъолияташ дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара, нисбати онҳо озору шиканҷа ва тамаъҷӯиро раво дидааст.

Номбурда ахиран сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд таъин гардида, вале шаш моҳ боз дар ҷойи кораш набудааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъди бозпурсии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе қарор дошт ва феълан ҷойи будубошашро дақиқ намедонанд.

Ба хабарнигори Радиои Озодӣ муйяссар шуд, бо баъзе аз шикоятгарон сӯҳбат кунад, вале ба сабаби халал нарасондан ба рафти тафтишот, аз ошкор кардани шахсияти онҳо худдорӣ карда мешавад (Ному насаби онҳо ба Радиои Озодӣ маълум аст).

АЗ ХУДАШ БА ОДАМОН АЙБ МОНДА, ПУЛ КОР МЕКАРД

Барои мисол, корманди як идораи давлатии шаҳри Исфара гуфт, ки Муҳаммадазим Қосимов аз ӯ дар чанд маврид 40 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст. "Агар надиҳӣ, ба ту зиён мерасонам гуфта, таҳдид намуд".

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд: "Бо шикояти ман нисбати ӯ аз рӯи моддаи "Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ", парванда боз карданд. Дирӯз аз Душанбе ба ман расман ҷавоб омад".

Ин ва дигар сокинони шаҳри Исфара дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ бо исрор гуфтанд, ки Муҳаммадазим Қосимови 28-сола бо истифода аз мансабаш бо даҳҳо нафар чунин рафтор кардааст.

Афроди зиёде дар Исфара шикоят карданд, ки Муҳаммадазим Қосимӣ бо зӯр ва таҳдид аз онҳо пул мегирифт.

Як ронандаи таксӣ аз ин шаҳр мегӯяд: "Аз худаш ба одамон айб монда, пул кор мекард. Аз баъзе савдогарону соҳибкорон ва ронандагон ва намояндагони дигар касбу кор тамаъҷӯӣ менамуд. Одамонаш ба ӯ хабар медодаанд, ки фалон шаҳрванд пули зиёду кори хуб дорад. Баъдан вай ба қавле, аз пайи онҳо мешуд. Моҳи майи соли 2024 маро шиканҷа карда, 25 ҳазор сомониамро гирифта буд. Бо ҳамин мазмун ба мақомот ариза навиштам".

Сокини дигаре, ки ба мусофиркашонӣ машғул аст, гуфт: "Дар як чорабинии давлатӣ бе сабаб маро дашном дод, вале бо ин ба кораш хотима надода, маро ба утоқи кориаш, ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара даъват кард ва як айбро ба сарам бор карданӣ шуд. Гуфт, ки ту бо фалон зани шавҳардор робита дорӣ. Вақте ман рад кардам, маро озору шиканҷа дод. Ба узвҳои ҳаётан муҳимам зарбаи сахт зад. Баъд ба мақомоти болоӣ шикоят бурдам. Ин ҳодиса моҳи августи соли гузашта рух дода буд".

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ЗИДДИ ҚОСИМӢ

Аз Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд ба ин масъала посух надоданд. Вале яке аз пайвандони Муҳаммадазим Қосимов дар сӯҳбати телефонӣ ин ҳолатҳоро на тасдиқ кард ва на рад.

Онҳо бо ин вуҷуд гуфтанд, ки ӯ феълан дар ҷое кор намекунад. "Аввали моҳи ноябри соли 2025 кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ӯ баёнот гирифтаанд. Баъдан ӯ ба сабаби беморияш ҷарроҳӣ гардид. Чанде пеш як гурӯҳ кормандони ҳифзи ҳуқуқ хонаи моро омада кофтуков намуданд".

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба телефони дастии ӯ занг зад, вале аз он сӯ ҷавобе наомад. То охири соли гузашта телефони дастиаш фаъол буд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, нисбати Муҳаммадазим Қосимӣ рӯзи 11-уми ноябри соли 2025 парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Ба қавли шикоятгарон, аъмоли ӯ аз рӯи чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ ва аз сӯи мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардида истодааст. Ин ниҳод ҳанӯз дар ин бора расман иттилоъ нашр накардааст.

Дар гузашта чанд ҳодисаи бо гумони вайрон кардани қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудани мансабдорон дар шаҳри Исфара ва дигар масъулони мақомоти давлатии ин шаҳр, бахусус сохторҳои қудратӣ, расонаӣ шудааст.