Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се афсари милиса барои шиканҷа ва марги сокини Кӯлоб 14-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд


Абдуқаҳҳор Розиқов пас аз боздошт дар бинои РВКД дар Кӯлоб дар моҳи январи имсол ҷон бохта буд.
Абдуқаҳҳор Розиқов пас аз боздошт дар бинои РВКД дар Кӯлоб дар моҳи январи имсол ҷон бохта буд.

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми се милисаи гумонбар дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлобро эълон кард. Ҳар кадоми онҳо ба 14-солии зиндон маҳкум шуданд.

Шамшод Шарифзода, Зафар Холов, ва Ҷамшед Кароматов, кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “боздошти худсарона ва шиканҷа”-и Абдуқаҳҳор Розиқов айбдор шудаанд. Ҳукми додгоҳ алайҳи ин милисаҳо рӯзи 25-уми июл содир шудааст.

Марги ин сокини Кӯлоб дар моҳи январи имсол эътирози гурӯҳе аз сокинонро ба бор оварда буд.

Се афсари милиса барои доштани нақш дар марги боздоштшуда 14-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Ҳусайн Одиназода, додраси додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки се корманди милиса мӯҳлати ҳабсро дар зиндони низомаш сахт пушти сар хоҳанд кард.

Одиназода гуфт, додгоҳ тасдиқ кард, ки се корманди милиса Абдуқаҳҳор Розиқовро шиканҷа кардаанд ва ӯ дар пайи шиканҷа ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ӯ, онҳо пас аз анҷоми мӯҳлати ҳабс 12 соли дигар ҳаққи кор дар мақомоти интизомиро нахоҳанд дошт.

Маълум нест, ки худи маҳкумшудаҳо ва наздикони онҳо ба ин ҳукм чӣ назар доранд.

Ҳусайн Одиназода гуфт, яке аз милисаҳои маҳкумшуда аз болои ҳукми додгоҳи минтақаи Кӯлоб ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурдааст.

Абдуқаҳҳор Розиқов шаби дуюми январи имсол аз тарафи маъмурони милиса дастгир шуд ва дар шароити мармуз ҷон дод.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан дар эъломияе гуфта буд, "ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт." Наздиконаш он замон гуфта буданд, ки Розиқов зери шиканҷа ҷон додааст.

Гурӯҳе аз сокинони Кӯлоб як рӯз ҷасадро аз сардхона нагирифтанд ва гуфтанд, то мақомот ваъдаи ҷазои шиканҷагаронро надиҳад, бинои сардхонаро тарк нахоҳанд кард. Эътирозагрон танҳо пас аз ваъдаи мақомот барои таҳқиқи одилонаи парванда ҷасадро барои хоксупорӣ аз сардхона гирифта, он маконро тарк карданд.

Солона даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад мекунанд ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба кормандони милиса парванда боз мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG