Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли ду додситон бо нозирони БДА. "Таҳқири модар", "натиҷаи тафтиш" ё "зӯрозмоӣ"? ВИДЕО


Додситон мегӯяд, ӯро таҳқир кардаанд. Афсарони БДА исрор меварзанд, ки туҳмат аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Парвандаи ҷанҷоли ду корманди Додситонии Хатлон бо ду нозири Бозрасии Давлатии Автомобилии ин вилоят, ҳарчанд бо даъвои дашномҳои қабеҳ ба унвони модар боз шуд, ба сабқати “зӯрозмоӣ”-и байни прокуратура ва БДА табдил мешавад.

Иҷрои вазифа ё қасос?

Додгоҳи Хатлон ба баррасии шикояти Мирзо Фатҳуллозода ва Султон Саидзода, кормандони Додситонӣ оғоз кардааст, ки гуфтаанд, рӯзи 18-уми октябри соли 2021 “ҳангоми иҷрои вазифа” ду нозири БДА дар роҳи ноҳияи Леваканад (Сарбанди пешин) онҳоро таҳқир кардаанд.

Вақте ба прокуратура даъват карданд, телефонамро дар қабулгоҳ супоридам. Онро надоданд. Тамоми далелҳо барои бегуноҳиам дар телефон буд.
Самаридини Бароталӣ

Нозирони роҳ дар баёноти худ ба муфаттиш гуфтаанд, кормандони додситонӣ онҳоро ба хотире “чап” гирифтанд, ки ронандаи қонуншиканро, ки зоҳиран аз наздикони додситон будааст, ҷарима бастанд ва ба хоҳишҳои телефонии ӯ посухи рад доданд. Нозирони роҳ мегӯянд, ҳоло додситонҳо бо истифода аз мақом аз онҳо”қасос мегиранд”.

Парвандаи Самариддини Бароталӣ ва Маҳмадусмон Ҳафиззода, нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Хатлонро додситонии ин вилоят таҳқиқ кардааст.

Дар додситонии Хатлон гуфтанд, ки кормандон аз рӯйи нақша фаъолияти нозирони роҳро тафтиш мекарданд, вале нозирон онҳоро “таҳқир” кардаанд. Дар парвандаи ин ду нозири БДА, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, чанд ронанда ба ҳайси шоҳид баёнот додаанд, ки нозирони роҳ ба кормандони додситонӣ, ки савори мошини навъи Тайота-Кемрӣ буданд, “дағалона” гуфтаанд, “шумо худатон кӣ ҳастед, ки моро тафтиш мекунед”.

Баҳси миёни нозирон ва маъмурони додситонӣ

Дар наворе, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд ва зоҳиран рӯзи ҳодиса сабт шудааст, аз ҷониби нозирон таҳқире садо намедиҳад ва баръакс, дида мешавад, нозири БДА аз корманди додситонӣ пешниҳоди ҳуҷҷати ронандагиро мепрусад. Корманди додситонӣ тавассути телефон ба касе мегӯяд, ки “ҳаминро як фаҳмонед.” Нозири БДА дар навор мегӯяд, додситон ҳуҷҷати ронандагӣ надорад ва муҳлати ҳуҷҷатҳои дигараш низ гузаштаанд.

Раҷабалӣ Қувватов, муфаттиши Додситонии вилояти Хатлон, ки парвандаи баҳси ду ҳамкорашро бо нозирони БДА тафтиш кардааст, рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, парванда дар доираи қонун баррасӣ шуд.

Пас аз боз шудани парванда ду нозири роҳ аз кор ронда шудаанд. Наздикони Маҳмадусмон Ҳафиззода, яке аз нозирони роҳ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, парванда аз ибтидо “ғаразомез ва сохта буд”. Феълан макони буду боши ин нозири роҳ маълум нест. Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ ба Русия рафтааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Самариддини Бароталӣ, нозири дигари роҳ, мегӯяд, интизори ҷаласаи додгоҳ аст ва ба адолати додгоҳӣ бовар дорад.

Ӯ рӯзи 31-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч гоҳ кормандони додситониро таҳқир накардааст ва далеле низ дар ин маврид вуҷуд надорад. “Ман кори худамро иҷро кардам. Баръакс, вақте ба бинои прокуратура даъват карданд ва телефонамро дар қабулгоҳ супоридам, дигар онро дубора бароям надоданд. Тамоми далелҳо барои бегуноҳиам дар он ҷо буданд. Ҳатто аризаамро барои пайдо кардани телефонам қабул намекунанд,” -- гуфт ӯ.

Ин нозири роҳ афзуд, он рӯз дар ибтидо кормандони додситонӣ худро муаррифӣ накарда буданд. Ӯ гуфт, талаби онҳо барои баррасии парванда аз ҷониби Додситонии кул қонеъ нашудааст, чун “як ҳамкор шикояти як ҳамкорро ҳатман ба фоидаи ӯ ҳал мекунад”.

“Моро аз модар ҳақорат доданд”

Мирзо Файзуллозода, додситони Шуъбаи назорати нақлиёт ва гумруки Додситонии Хатлон дар баёноташ, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфтааст, он рӯз кори нозирони роҳро тафтиш мекарданд ва дар санадҳои тартибдодаи нозирон нисбат ба ронандагон хато пайдо карда буданд. Ба гуфтаи ӯ, нозирон бо зӯр нагузоштанд, корашонро идома диҳанд ва аз дасташон санадҳоро гирифтанд. Файзуллозода нақл кардааст, ки баъдан дар утоқи кории сардори БДА-и шаҳри Леваканд, нозири роҳ модари ӯро дашном дода, таҳдидомез гуфтааст, “безор шудааст ва тарки кор мекунад”.

Султон Саидзода, корманди дигари додситонӣ низ дар баёноташ тасдиқ кардааст, ки нозирони роҳ онҳоро таҳқир карданд.

Додситонии вилояти Хатлон
Додситонии вилояти Хатлон

Аксар шоҳидон дар ин парванда кормандони БДА ва ронандагон ҳастанд, ки ба гуфтаи нозирон, аз тарси додситонҳо маҷбур шудаанд, чунин шаҳодат диҳанд. Дар асл, ба гуфтаи онҳо, ҳеҷ сабте вуҷуд надорад, ки онҳо кормандони додситониро таҳқир карда бошанд.

Додситонӣ ниҳодест, ки риоя ва иҷрои қонунҳоро назорат мекунад ва ҳақ дорад, фаъолияти кормандони БДА-ро тафтиш кунад. Дар аксар ҳолат, ба гуфтаи коршиносон, кормандони ин ниҳод, аз ҳаққи назоратии худ сӯистифода мекунанд.

Кори маъмулӣ ё асабонияти додситони Хатлон?

Баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ решаи то додгоҳ расидани баҳси додситонҳо ва нозиронро ҷойи дигар медонанд.

Як мақоми Бозрасии давлатии автомобилӣ, ниҳоди зери назорати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар асл кори нозирони роҳ Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлонро асабонӣ карда буд”.

“Аввали моҳи октябри 2021 Абдураҳим Раҳимзода бо мошини нав ба самти Хатлон ҳаракат мекунад. Дар дидбонгоҳи Фахробод нозирон мошини ӯро медоранд, вале намеистад. Дар ҳудуди Хуросон ҳам намеистад. Дар дидбонгоҳи навбатӣ монеа гузошта, мошини прокурорро медоранд. Баъд аз муаррифӣ ӯро раҳо мекунанд, вале прокурори вилоят асабӣ мешавад, ки ӯро нашинохтанд ва нисбат ба ӯ беэҳтиромӣ намуданд. Дар ҷалассае супориши тафтиши кори нозиронро мекунад, то фаҳмонад, ки минбаъд беэҳтиромӣ накунанд,” -- гуфт ӯ.

Тасдиқи дурустии иддаои ин мақомдор мушкил аст ва онро дар додситонии вилояти Хатлон “дурӯғи маҳз” хонданд. Рӯзи 1-уми феврал ҳангоми тамоси телефонӣ дар қабулгоҳи додситони вилоят гуфтанд, ки ӯ ҳоло дар маҷлиси муҳиме қарор дорад ва наметавонад ба рӯзноманигорон суҳбат кунад.

Маълум нест, ки ду ниҳод дар минтақа барои нишон додани тавоноиҳои худ бо ҳам вориди баҳс шудаанд, вале дар гузашта дар Тоҷикистон ҷанҷоли миёни мақомот мушоҳида шуда буд.

Аз сӯи дигар, кори нозирони БДА низ зиёд танқид мешавад. Аксар ронандагон онҳоро ба ришвагирӣ ва фишор муттаҳам мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ришвагирӣ ва бадрафтории онҳо нисбат ба ронандагон нашр шуда буд.

Ҳоло додгоҳи вилояти Хатлон парвандаи ду нозири роҳро бар асоси моддаи 330-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “Таҳқири намояндаи ҳокимият” баррасӣ мекунад. Шикояти кормандони додситонӣ аз бархӯрди нозирони роҳ дар Тоҷикистон камсобиқа аст.

XS
SM
MD
LG