Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 ҷавон пешниҳоди кор дар зиндонҳои Тоҷикистонро напазируфтаанд


Зиндоне дар маркази шаҳри Душанбе

19 хатмкардаи Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пешниҳоди корро дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ё Идораи зиндонҳо напазируфтаанд. Тайи ду соли ахир дар ду маҳбаси Тоҷикистон ошӯбҳои хунин сар зад ва бар асари он панҷ зиндонбон ҷони худро аз даст доданд.

Ҷавонон мегӯянд, панҷ сол бо умеди он таҳсил кардаанд, ки маъмури милиса бишаванд, на нозири зиндон. Мақомот мегӯянд, ин гуруҳ дар шуъбае таҳсил кардаанд, ки фаъолияташон назорати маҳбасҳо аст ва касе ҳаққи интихоби онҳоро поймол накардааст.

Сироҷ Нуров, сардори Раёсати кадрҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шуъбаро панҷ сол пеш ташкил карданд ва ин гурӯҳи аввалини хатмкардаҳо аст. Онҳоро мувофиқи ихтисосашон ба вазифа таъмин кардем. Хоҳиши кор кардан надоштанд ва гузориш навиштанд, ки кор кардан намехоҳанд", -- шарҳ дод ӯ.

Юсуф Ҷамшедзода, яке аз хатмкардаҳо гуфт, розӣ ҳастанд, ки дар ҳар минтақаи Тоҷикистон ва таҳти ҳар шароите ҳамчун маъмури милиса кор кунанд. "Ба ҳама мушкилӣ тоқат мекунем, вале мехоҳем дар системаи ВКД бошем. Ду моҳ шуд, ки бекор ҳастем", -- гуфт ӯ.

Ин гуруҳ моҳи июли имсол Академияи Вазорати корҳои дохилиро хатм кардаанд. Ҷавони дигар бо номи Саидамир Шералиев мегӯяд, онҳоро аз руйи нақшаи кор дар Вазорати умури дохилӣ таълим додаанд ва бинобар ин пешниҳоди кор дар зиндонҳоро қабул надоранд.

Вай афзуд: "Ба мо ҳеч вақт намегуфтанд, ки дар маҳбасҳо кор мекунед. Моро ҳамчун кадри ВКД таълим медоданд ва мо ҳам мехоҳем аз рӯйи ихтисос кор кунем."

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷавонон гуфтаанд, дар сурати пешниҳоди санадҳо масъалаи бо кор таъмин кардани онҳоро баррасӣ мекунанд. Вале Бобоҷон Иброҳимзода, хатмкардаи дигар гуфт, "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳуҷҷатҳои моро намедиҳад, то бурда ба ВКД супорем."

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гуфтанд, онҳоро ҳамчун корманде, ки "аз кор хориҷ шудаааст" ба ҳисоб мегиранд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон зиндонҳои кишварро зери назар дорад. Гурӯҳи хатмкардаҳои Академияи ВКД дар ҳоле аз кор дар ин ниҳод даст кашидаанд, ки коршиносон мегӯянд, ислоҳот дар ин низом ба осонӣ даст намедиҳад.

Дар ду соли ахир дар ду ошӯби зиндониён, дар маҳбаси Хуҷанд ва шаҳри Ваҳдат панҷ нозир ҷони худро аз даст доданд.

Маҳмурод Одинаев, як тан аз коршиносони умур мегӯяд, кор дар ин сохтор сахт мушкил аст ва эҳтимол ҷавонон аз он тарсидаанд. "Кори низоми маҳбасҳо сахт аст. Онҷо шабонарӯзӣ бо маҳкумшудагон бо ҷиноятҳои гуногун бояд сару кор гиранд. Шояд ҳамин кори сахт онҳоро тарсонда бошад, вагарна аз лиҳози маош ва даромадҳои ғайрирасмӣ ҳеч фарқе аз корманди милиса надорад", -- гуфт ӯ.

То замони иҷрои қонуни афви соли 2019 шумори маҳбусон дар Тоҷикистон ҳудуди 13 ҳазор нафар ҳисоб мешуд. Бар асоси ваъдаи мақомот бояд 7 ҳазори онҳо озод ё муҳлати ҷазояшон камтар мешуд. Баъди ба иҷро даромадани қонуни афв маълум нест, шумораи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон чӣ қадар аст.

Академияи Вазорати корҳои дохилиро солона беш аз сад нафар хатм мекунанд ва аксаран ҳамчун муфаттиш, нозири роҳ ва нозири милиса ба кор қабул мешаванд. Ҷойе, ки мақомот корашро сахту сангин мешуморанд, вале бархе аз сокинону коршиносон “нарму равғанӣ” мепиндоранд.

Шарҳҳоро бинед (21)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG