Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба тасмими Амрико ба муҳосираи тангаи Ҳурмуз

Пас аз он, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки аз рӯзи 13 апрел ба муҳосираи бандарҳои Эрон оғоз мекунанд, шуморе аз кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ гуфтанд, аз ин тасмим ҳимоят намекунад ва ба ИМА дар иҷрои он намепайванданд.

Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё, рӯзи 13 апрел гуфт, ки бо вуҷуди фишорҳо, кишвараш вориди ҷанг бо Эрон нахоҳад шуд ва аз бастани тангаи Ҳурмуз ҳимоят намекунад.

Ӯ дар гуфтугӯ бо Бӣ-Бӣ-Сӣ дар айни ҳол бозкушоии тангаи Ҳурмузро "муҳим" хонд ва таъкид кард, ки ҳукумати Бритониё ба талошҳояш барои боз кардани ин оброҳаи стратегь идома хоҳад дод.

Раисҷумҳури Амрико пештар борҳо аз нахуствазири Бритониё барои кӯмак накардан дар бозкушоии тангаи Ҳурмуз дар ҷараёни ҷанги ахир бо Эрон, интиқод карда буд.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, аз баргузории нишасти ин кишвар бо Бритониё дар рӯзҳои оянда ба ҳадафи эҷоди як "маъмурияти чандмиллиятии сулҳомез" барои кӯмак ба барқарории дигарбораи рафтуомад дар тангаи Ҳурмуз, хабар дод.

Ӯ рӯзи 13 апрел дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, "дар рӯзҳои оянда ҳамроҳ бо Бритониё нишастеро бо кишварҳое, ки омодаанд дар паҳлӯи мо дар як маъмурияти чандмиллиятии сулҳомез бо ҳадафи бозгардонидани озодии баҳрнавардӣ дар тангаи Ҳурмуз иштирок кунанд, тартиб хоҳем дод".

Раисҷумҳури Фаронса афзуд, ки ин маъмурият "комилан дифоӣ" хоҳад буд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар бораи баста шудани тангаи Ҳурмуз суҳбат мекунад.

Тангаи Ҳурмуз маҳали убури ҳудуди 20 дарсад аз нафт ва гази ҷаҳон аст ва аз замони ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон дар 28 феврали имсол, амалан аз сӯи Сипоҳи посдорони Эрон баста шуд. Танҳо нафткашҳои Эрон ва шуморе аз киштиҳое, ки Теҳрон мегӯяд, ба кишварҳои "ғайри душман" тааллуқ доранд, дар беш аз 40 рӯзи гузашта тавонистанд аз он убур кунанд.

Баста шудани ин оброҳа сабаби афзоиши қимати маводи сӯхт дар ҷаҳон шудааст.

Дар вокуниши дигар ба тасмими Амрико, вазири дифои Испания рӯзи 13 апрел гуфт, ки муҳосираи баҳрии тангаи Ҳурмуз, "бемаъно" аст. Ӯ дар гуфтугӯ бо телевизиони саросарии Испания гуфт, "ин як қисмати дигар аз ин қазия аст, ки мо ба он кашида шудаем".

Испания аз мунтақидони ошкори сиёсати Доналд Трамп дар ҳамла ба Эрон будааст ва ҳукумати ин кишвар монеи истифодаи артиши Амрико аз пойгоҳҳои муштаракаш бо Испания шудааст.

Нахуствазири Австралия, аз дигар муттаҳидони Амрико, ҳам рӯзи душанбе гуфт, ки ин кишвар ҳеч дархосте аз Амрико барои кӯмак ба бастани тангаи Ҳурмуз дарёфт накардааст.

Ӯ ба талевизиони Австралия гуфт, "онҳо ин корро ба таври яктарафа анҷом додаанд ва аз мо хоста нашудааст, ки дар ин кор ширкат кунем. Мо ҳеч дархосте дарёфт накардаем, ки бо он мувофиқат накарда бошем".

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 12 апрел эълон кард, ки нерӯҳои баҳрии ИМА аз 13 апрел бастани тангаи Ҳурмузро барои убур ва мурури киштиҳо ба самти Эрон, оғоз хоҳанд кард.

Ҷопон, аз дигар муттаҳидони Амрико, эълон кард, ки тасмиме барои иштирок дар боз кардани тангаи Ҳурмуз нагирифтааст.

Баста шудани тангаи Ҳурмуз қимати маводи сӯхтро дар ҷаҳон боло бурдааст.

Ҳоқон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия ҳам, ки дар рӯзҳои гузашта ба унвони миёнҷӣ талошҳое барои барқарории оташбас иҷро карда буд, рӯзи 13 апрел ба хабагузории давлатии он кишвар гуфт, "ҷаҳон хоҳони киштиронии озод аз тариқи тангаи Ҳурмуз аст ва Туркия аз бозкушоии ин танга аз тариқи равишҳои сулҳомез ҳимоят мекунад".

Ӯ ҳамзамон ҳушдор дод, ки "мудохилаи низомии байналмилалӣ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд".

Аз сӯи дигар, Чин ки аз муттаҳидони Эрон аст, рӯзи 13 апрел ибрози умедворӣ кард, ки Амрико ва Эрон ҷанги Ховари Миёнаро дубора шӯълавар накунанд.