Даҳҳо ронандаи мошинҳои боркаши эронӣ дар Тоҷикистон банд мондаанд

Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш, ки аксари онҳо эронӣ ҳастанд, се ҳафта боз дар Душанбе банд монда, наметавонанд Тоҷикистонро кунанд.

Ин ронандагон бинобар напардохтани ҳаққи истгоҳ ва надоштани санадҳои гумрукӣ, иҷозаи убур аз гузаргоҳи сарҳадиро надоранд. Ба қавли онҳо сабаб ин аст, ки соҳибони бор дар Эрон наметавонанд андози гумрукӣ ва дигар хароҷоти ронандагонро пардохт кунанд.

Муҳсини Кошонӣ, яке аз ронандагон ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин баргаи корхона аст, ки мо бор гирифтем. Таърих ҳам дорад. Аз рӯзе, ки мо бор гирифтем, то кунун 17-18 рӯз гузашт. Инҷо ҳарчи мепурсем, касе ба мо ҷавоб намедиҳад, ки билохира чӣ мешавад. Мо 17-18 рӯз инҷо мунтазирем, ҳеч кас ҳам ҷавобгӯ нест".

Бар асоси муқаррарот, харҷи гумрук ва пули таваққуфгоҳ бар ӯҳдаи соҳибони бор будааст, аммо ронандаҳо иддао доранд, ки онҳоро ёфта наметавонанд.

"Барои ҳаққи таваққуф ҳам бо онҳо суҳбат мекунем, мегӯянд, ба мо рабте надорад. Мегӯем, мо инҷо бекор хобидем, бояд ба мо ҳаққи таваққуф диҳед, касе ҳаққи таваққуф намедиҳад. 15 рӯз дар сарҳад истодем, 18 рӯз дар инҷоем",-мегӯяд Муҳсини Кошонӣ.

Ронандагони мошинҳои борбар аз Эрон дар истгоҳ ё таваққуфгоҳи марбут ба ширкати "Тоҷиквнештранс" қарор доранд.

Як намояндаи ин ширкат дар суҳбати бидуни микрофон ва бе баёни номаш гуфт, вазифаи онҳо ба соҳибони молу маҳсулот пешниҳод кардани воситаи нақлиёт аст. Вай афзуд, "яке аз соҳибони пахта гуфтааст, аз сабаби он, ки дар Эрон ҷанг аст, пулашро нагирифтааст, то барои ронандагон асноди заруриро тартиб диҳад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ронандагони мошинҳои боркаши эронӣ наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд

Ба гуфтаи ронандагон, ҳаққи таваққуфгоҳ барои як рӯз аз 100 то 150 доллар буда, баъд аз 15 рӯзи мондан дар ҳудуди Тоҷикистон, барои ҳар рӯзи баъдӣ 70-долларӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. То ин маблағро напардозанд, аз марз гузашта наметавонанд.

Ризо Хусравӣ, ронандаи дигар мегӯяд, "мо ҳоло ин ҷо 50 ронандаем. Аз Эрон ҳастем, аз Туркия ҳастем. 5-10 рӯз пеш аз Наврӯз омадем. Бор задем, касе ба мо ҳуҷҷат намедиҳад. Ҳоло касе ҳам ҷавоб намедиҳад. Мегӯянд, соҳиби бор нест. Ҳадди ақал ин ҷо 20-25 рӯз, баъзеҳо 15 рӯз ҳеҷ санаде надоранд, намедонанд чӣ кор кунанд. Дасташон ҳам ба ҷое намерасад".

Ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, дар мошинҳояшон пахта бор кардаанд, ки бо гузашти рӯзҳо сифаташ тағйир нахоҳад ёфт, вале дар ивази ҳар рӯзи дар Душанбе монданашон зарари молӣ мебинанд.

Ба гуфтаи ин ронандагон, онҳо барои анҷоми расмиёти гумрукӣ ва пардохтҳои дигар ба соҳибони бор дар Тоҷикистон тамос гирифтаанд, вале телефонҳояшон хомӯш аст. Онҳо ғайр аз чанд шумораи телефон дар бораи соҳибони пахта, дигар чизе намедонанд.

Мо ҳам ба чанд шуморае, ки рақами телефони соҳибони бор дар Тоҷикистон гуфта мешавад, занг задем, вале посухе дарёфт накардем.

Бархе ронандагон аз Эрон бо нигаронӣ изҳор намуданд, ки дар кишварашон даргирӣ ҷараён дорад ва аз аҳволи хонаводаҳояшон дар ташвиш ҳастанд, вале маълум нест мушкилашон дар Тоҷикистон кай ҳал мешавад.

Банд мондани мошинҳои борбари эронӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки солҳои охир ду кишвар аз рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ суҳбат мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, дар соли 2025 гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон бештар аз 480 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин зиёда аз 370 миллион доллараш ба Эрон рост меояд.