Аз ҳамлаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кишварҳои арабӣ як анбори меваи тоҷири тоҷик дар Давҳаи Қатар осеб дидааст.
Ҳодиса шаби 28-уми феврал рух дода, дар натиҷаи он тақрибан 40 тонна ангури навъи шоҳонаи воридоти Тоҷикистон ба коми оташ рафтааст.
Молики он соҳибкор аз Тоҷикистон Нуруллоҳ Усмонов будааст. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тафсилоти ҳодисаро чунин нақл кард: "Бегоҳии ҳамон рӯз ду тонна ангурро ба як тоҷир фурӯхта, аз анбор берун шуда, ба меҳмонхона омадам, ки ҳамин ҳодиса рух дод. Тақрибан баъд аз 15 дақиқаи аз анбор дур шуданам як гулӯлаи азим ба болои анбор афтода, асосан ба меваҳои ман зиён расонд. Сипас алангаи оташ ба дигар анборҳо гузашт”.
Ин тоҷири тоҷик аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон ба шаҳри Давҳа чанд аксу навор фиристод, ки дар он лаҳзаҳои таркиш ва сӯхтор дида мешаванд. Ширкате, ки Нуруллоҳ Усмонов дар кишвари Қатар сабтином кардааст, “Дӯсти Нури Хуҷанд” ном дорад ва тақрибан 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар он кор мекунанд.
Усмонов мегӯяд, хушбахтона, ҳеч яке аз ин кормандон осеб надидааст.
Дар наворҳои фиристода дида мешавад, ки кормандони анбор осори инфиҷорро, дар ҷое пок мекунанд, он ҷо қуттиҳои зиёди ангур анбор шуда буд.
Ширкати “Дӯсти Нури Хуҷанд” дар Қатар ахиран ба кор сар карда, Усмонов охири моҳи феврал бо моликони анбор шартнома баста ва бахше аз моли худро аз шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ба онҷо бурдааст.
“Мо дар вақташ бима (страховка) карда будем ва умедворем, ки зиёнҳои мо ҷуброн мешавад. Аммо ин муҳим нест, муҳим он аст, ки ҷон ба саломат бурдам ва ягон коргари ширкати мо низ ҷароҳат набардошт. Аз вазъи мо кормандони сафорати Тоҷикистон дар ҷараён ҳастанд”, - афзуд ӯ.
Нуруллоҳ Усмонов муассиси ширкати «Нур» аст, ки фаъолияташ асосан дар шимоли Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ба ин ширкат якчанд корхонаву ташкилоти саноатӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва майдонҳои калони кишоварзӣ шомиланд.
Усмонов мегӯяд, нақша дошт, дар кишварҳои Имороти Муттаҳидаи Араб чанд мактабу кӯдакистон ва тарабхонаву корхонаҳои саноатӣ боз намояд, вале акнун вазъи минтақа монеъ мешавад. Вай хоҳони ҳарчӣ зудтар поён ёфтани ин муноқиша ва пойдор гардидани сулҳ аст.
Амалиёти низомии Амрико ва Исроил ба Эрон 28-уми феврал сар шуд ва дар як фурсати кӯтоҳ Эрону чандин кишвари атрофи он ба мисли Иморот, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркияву Озарбойҷон ҳам шоҳиди таркишу ҳамлаҳои паҳподӣ шуданд. Бо ин сабаб шуморе аз мусофирони тоҷик дар ин кишварҳо дармондаанд ва Тоҷикистон то ҳоло садҳо нафарро аз ин кишварҳо ба Душанбе баргардондааст.