Таъсири ҷанг дар Эрон ба муҳоҷирони афғон

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, ки аз 28-уми феврал ҷараён дорад, на танҳо зиндагии шаҳрвандони ин кишварро таҳти таъсир қарор додааст, балки муҳоҷирони афғонистонии муқими Эронро дучори мушкилоти зиёд кардааст.

Шуморе аз муҳоҷирони афғонистонӣ, ки дар Эрон зиндагӣ мекунанд, дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз вазъияти худ дар ин кишвар суҳбат кардаанд. Ин муҳоҷирон барои амнияташон нахостанд, ки шахсияташон фош ва садояшон нашр шавад.

"Аз ҳукумати "Толибон" фирор кардам, вале..."

Яке аз ин муҳоҷирон, зане аст, ки барои пайгирии парвандаи муҳоҷиратиаш аз Афғонистон ба Эрон рафтааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар оғози ҳамлаҳо дар Теҳрон буд ва мунтазир буд, то номаи сафорати Олмонро барои анҷоми мусоҳиба дарёфт кунад. Вай пас аз оғози ҳамлаҳо, ба хонаи яке аз дӯстонаш дар шимоли Эрон рафтааст. Ҷойе ки ба гуфтаи ӯ, "шиддати ҳамлаҳо камтар аст".

"Вақте ба шимол расидем, ҳама тирезаҳоро бо рӯзномаҳо пӯшонидем. Ин рӯзҳо чанд бор хати тамоси дохилӣ қатъ шуд. Ба интернет дастрасӣ надоштем ва натавонистам бо хонаводаам тамос бигирам. Ман аз ҳукумати "Толибон" фирор кардам, то инҷо мунтазири расидагӣ ба парвандаи муҳоҷиратиам бошам, аммо инҷо ҳам ҷанг шуд," -- нақл кард зан.

Ин паноҳҷӯ мегӯяд, аз рӯзе, ки ҳамлаҳо оғоз шуд, бонкҳо кор намекунанд ва пайдо кардани пули нақд мушкил шудааст.

Абдурауф Инъомӣ, узви пешини Луя Ҷиргаи Афғонистон дар низоми пешини ин кишвар, ки акнун дар Эрон ба сар мебарад, гуфт, пас аз оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон маҷбур шудааст, ки аз Теҳрон ба Машҳад биравад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони афғонистонӣ бо мушкилоти гуногуне рӯбарӯ ҳастанд ва ҳар гурӯҳе аз муҳоҷирон мушкилоти хоси худашонро доранд.

"Аз онҷо, ки вазъият дар инҷо хуб нест ва бархе наметавонанд ба Афғонистон баргарданд, зиндагияшон дар хатар аст ва мунтазиранд бубинанд, чӣ ҳолате дар оянда интизорашон хоҳад буд. Мушкилот ба ҳадде аст, ки одам наметавонад бо баёни чанд калима, бозтобашон диҳад," -- илова кард ӯ.

"Ҳеч кас наметавонад ба ҷое биравад"

Дар ҳамин ҳол, як коргари афғон дар шаҳри Исфаҳон, ки чанд сол аст бинокорӣ мекунад, дар як паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди як ҳафта боз кораш қатъ шуда ва даромаде надорад. Ӯ бо нигаронӣ аз печидатар шудани вазъи гуфт, на бонкҳо пул медиҳанд ва на пули нақд пайдо мешавад. Ба гуфтаи ин муҳоҷири афғон, ҳатто агар бихоҳанд ҳам, наметавонанд ба Афғонистон баргарданд.

Ӯ афзуд, "ҳама мунтазири онанд, ки вазъият чӣ мешавад. Ҳеч кас наметавонад ба ҷое биравад. Урдугоҳҳо моро намепазиранд ва мошин ҳам пайдо намешавад". Ин коргари афғон ҳамчунин гуфт, натавонистааст барои хонаводааш пул бифиристад ё бо онҳо тамос бигирад, зеро қимати тамоси телефонӣ ҳам гарон аст.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, пас аз оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, рӯзона ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба Афғонистон бармегарданд.

Ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, бисёре аз мардумро дар Эрон маҷбур ба тарки хонаҳои худ ва рафтан ба минтақаҳои амнтар ва камтар осебдида кардааст. Ба гузориши СММ, даргириҳои ҷорӣ боис ба оворагии беш аз чаҳор миллион нафар дар минтақа шудааст. Бештари ин афрод дар Эрон, Лубнон, Афғонистон ва Покистон ҳастанд.

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал эълон кард, ки паноҳандагони афғон дар Эрон низ таҳти таъсири даргириҳои ҷорӣ қарор гирифтаанд. Илова бар ин, даргириҳо ва ҳамлаҳои давомдор байни ҳукумати "Толибон" ва Покистон беш аз 100 ҳазор касро дар ду тарафи марз овора кардааст, ки онҳо низ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд.