Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) эълон кардааст, ки барои ниёзҳои эҳтимолии башардӯстона дар минтақа омода мешавад. Баровардаҳои ин ниҳод нишон медиҳад, ки ҳудуди се миллиону 200 ҳазор нафар дар дохили Эрон ба таври муваққат овора шудаанд. Бештари онҳо аз Теҳрон, пойтахти ин кишвар гурехтаанд.
Чандин кишвари ҳамсояи Эрон ҳамзамон бо оғози ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил, ки аз 28 феврал оғоз шуд, марзҳои худро бастаанд ва танҳо ба таври маҳдуд иҷозаи убур додаанд, он ҳам асосан ба шаҳрвандони кишвари севум, ки дар ҳоли бозгашт ба кишвари худ ҳастанд.
Дар ҳоле, ки бисёре аз 90 миллион нафар аз аҳолии Эрон бинобар ҷанг бо ин мушкил даступанҷа нарм мекунанд, ки оё аз кишвар берун раванд ё не, Моҳир Сафарлӣ, намояндаи Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон барои Осиёи Марказӣ, дар мусоҳибае бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ниҳод дар сурати печидатар шудани вазъ, омодаи вокуниш аст.
Сафарлӣ гуфт, "дар саросари Осиёи Марказӣ бо ҳукуматҳо ҳамоҳангии наздик дорем, то вазъиятро зери назар бигирем ва агар ниёзҳои башардӯстона афзоиш ёбад, посухи муассире ироа диҳем".
Бо ин ҳол, Комиссарияти олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ҷараёни хуруҷ аз Эрон дар ҳоли ҳозир идорашаванда аст. Бар асоси маълумоти ин ниҳоди байналмилалӣ, рӯзона ҳудуди 1300 нафар аз Эрон аз марзи Туркия хориҷ мешаванд. Дар бархе рӯзҳо ҳатто шумори касоне, ки ба Эрон бозмегарданд, бештар аз афроде аст, ки хориҷ мешаванд, зеро бархе барои муҳофизат аз дороиҳои худ бозмегарданд ё ба сабаби боло будани хароҷот дар хориҷ, наметавонанд барои дарозмуддат дар берун аз кишварашон бимонанд.
Дар марз бо Арманистон низ бархе афрод, ки аз Эрон хориҷ шудаанд, гуфтанд, ки мақомҳои эронӣ раванди хуруҷро маҳдуд кардаанд ва танҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди дорои душаҳрвандӣ иҷозаи хуруҷ медиҳанд.
Яке аз ин паноҳҷӯёни эронӣ, ки аз ҳамлаҳои Исроил ва Амрико аз марзи Арманистони берун мешуд, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама чизро аз даст додем. Мутаассифона шароит бисёр душвор аст".
Як зани солманди дигар гуфт, "дирӯз дар Букон (дар шимол-ғарби Эрон) будем, ки бинои ҳукуматро заданд ва комилан вайрон шуд. Дару тирезаҳои биноҳои атроф шикастанд. Чанд нафар кушта шуданд ва бисёре захмӣ шуданд. Вазъият дар Эрон хуб нест".
Моҳир Сафарлӣ мегӯяд, яке аз пойгоҳҳои омодагии Комиссарияти олии СММ дар умури паноҳандагон як маркази кӯмакрасонӣ дар Тирмиз, дар ҷануби Узбекистон ва наздики марзи Афғонистон аст.
Ин марказ дар октябри соли 2021 ва дар ҷараёни бӯҳрони инсонии Афғонистон таъсис дода шуд ва дар соли 2025 ба Шабакаи захираҳои ҷаҳонии ин ниҳод изофа шуд. Дар ин марказ маводи зарурӣ захира мешавад, аз ҷумла, хаймаҳои оилавӣ, рахтҳои хоб, зарфҳои шустушӯ, сатил, зарфҳои обнигаҳдорӣ ва чароғҳои обтобӣ.
ДАСТУР АЗ ИШҚОБОД
Моҳир Сафарлӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, таҳаввули асосӣ дар марзи Эрон ва Туркманистон мушоҳида нашудааст, аммо бархе мақомоти марзбонии Туркманистон ба бахши туркмании РАО/РО гуфтаанд, шумори туркманҳои эронӣ, ки талош мекунанд вориди Туркманистон шаванд, рӯ ба афзоиш аст.
Эрон дарозтарин марзро бо Туркманистон дорад, ҳудуди 1148 километр аз Баҳри Хазар то Афғонистон. Ба гуфтаи Комиссарияти олии СММ дар умури паноҳандагон, ҳар чаҳор гузаргоҳи аслии марзӣ, шомили Сарахс, Ортиқ, Ҳавдон ва Олтин Асир ҳамчунон боз ҳастанд, аммо танҳо барои хуруҷи шаҳрвандони кишварҳои севум.
Мақомҳои марзии Туркманистон мегӯянд, афроде, ки талош мекунанд аз марз убур кунанд, аз минтақаҳои шимолии Эрон меоянд, ки онҷо туркмантаборҳои зиёд зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла, Ҳасанобод, Рубот, Гургон Инчебурун, Куранд ва бахшҳое аз вилояти Хуросони шимолӣ.
Як мақоми марзии Туркманистон, ки бинобар масоили амниятӣ хост аз ӯ ном бурда нашавад, гуфт, "бархе аз афроде, ки бар марз наздик шудаанд, ба идораҳои гумрук муроҷиат карда, дархости паноҳандагии муваққатӣ намудаанд, то замони поёни ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эрон".
Ба гуфтаи ин мақоми туркманистонӣ, "аз Ишқобод дастурҳои сахте дарёфт кардаем, ки дар ҳоли ҳозир иҷозаи вуруди шаҳрвандони эронӣ ба Туркманистон дода нашавад. Гаштҳои марзӣ тақвият шуда ваз паҳбодҳо барои назорат бар марз истифода мекунем".
Ин мақом ҳамчунин ба тавоноиҳои маҳдуди Туркманистон таъкид кард.
Ӯ мегӯяд, "тавони низомии мо маҳдуд аст ва имкониятҳои чандоне надорем. Вазъияти иқтисодии мо ҳатто иҷозат намедиҳад маводи аввалия, монанди нонро барои шаҳрвандони худ таъмин кунем. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо, Туркманистон омодаи қабули паноҳҷӯ нест".
Дар гузашта, дар ҷараёни ҷанги Эрон ва Ироқ ва дар даҳҳаҳои баъд, шумори андаке аз туркмантаборҳо ба таври муваққат вориди Туркманистон шуданд. Гузоришҳои Комиссарияти олии СММ дар умури паноҳандагон ва манбаъҳои марзӣ таъкид мекунад, ки дар ҷанги кунунӣ ҳеч шаҳрванди оддии эронӣ иҷозаи убур аз марзро дарёфт накардааст.
ОВОРАГИИ ДОХИЛӢ ДАР ЭРОН
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, бештари афроде, ки дар дохили Эрон овора шудаанд, ба тарафи шимоли кишвар мераванд то аз минтақаҳое, ки ҳадафи бомбаборони сахт қарор доранд, дур шаванд. Аксари хонаводаҳо маҷбуранд бо наздиконаш зиндагӣ кунанд ё дар паноҳгоҳҳои муваққатии маҳаллӣ ба сар баранд.
Вуруди ногаҳоии оворагон ба шаҳрҳо ва деҳаҳои шимол, боиси афзоиши талабот ба маводи хӯрока ва дигар маводи мавриди ниёз аввал дар ин минтақа шудааст, дар ҳоле, ки ин минтақа аз пеш низ бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ буд. Сокинон мегӯянд, нархи маводи асосӣ, монанди рӯған, орд ва биринҷ ба шиддат афзоиш ёфтааст ва қимати бархе ин мавод ҳатто то 10 баробар нисбат ба пеш аз оғози ҷанг боло рафтааст.
Дар ҳоли ҳозир бештари хонаводаҳо ҳамчунон дар дохили Эрон мондаанд, аммо Моҳи Сафарлӣ ба Радиои АврупоиОзод/Радиои Озодӣ мегӯяд, кишварҳои ҳамсоя дар сурати вуруди паноҳандагон, ӯҳдадориҳое барои ҳимоят аз онҳо доранд.
Намояндаи Комиссарияти олии СММ дар умури паноҳандагон барои Осиёи Марказӣ мегӯяд, "Дар Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон қонунҳои миллии марбут ба паноҳандагон ва низомҳои паноҳандагӣ доранд. Комиссарияти олии паноҳандагон аз ҳукуматҳои мехоҳад дастрасии афроди ниёзманди ҳимояти байналмилалӣ ба қаламрави худ барои дархости паноҳандагиро фароҳам кунанд, аз бозгардонидани иҷборӣ пешгирӣ кунанд ва ҳуқуқ ва хадамоти лозимро барои афроде, ки маҷбур ба фирор шуданд, замонат диҳанд".