Пули ваъдагӣ барои хариди китобҳои нав ба дасти китобдорон нарасидааст, то рафҳои китобхонаро бо китобҳои наву хонданӣ пур кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксаран масъулин ва нависандаҳо ҷомеаро барои мутолиаи кам ва бетаваҷҷӯҳи ба китоб танқид мекунанд.
Ду китобхонаи вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб пул надоштаанд, ки китобҳои нав харанд. Қарор буд, мақомот дар соли 2025 ба онҳо 16 ҳазор сомонӣ бидиҳанд, вале ҳамагӣ се ҳазор сомонӣ расидааст. Сарнавишти пулҳои боқимонда маълум нест.
Абдураҳим Одинаев, мудири Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб мегӯяд, "шаш ҳазор сомонӣ аз Китобхонаи бачагона буд. Се ҳазор сомонияшро гирифтаанд, се ҳазори дигарашро не. Дар нақшаи Китобхонаи ба номи Садриддин Айнӣ 10 ҳазор сомонӣ буд, онро гирифта натавонистанд."
Масъулони китобхонаҳо гуфтанд, пуле, ки барои харидани китобҳои нав ҷудо мешавад, кам аст ва он ҳам саривақт дастрас намешавад.
Абдураҳим Одинаев, мудири Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб меафзояд, "Даҳ ҳазор–бист ҳазор сомонӣ ба китобхонаҳои вилоятӣ бисёр пули кам аст. Ин чӣ мешавад? Ҳозир як китоб аз 30 то 100 сомонӣ арзиш дорад."
Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ 80 ҳазор китоб доштааст. Аз ин шумора 18 ҳазор ба забони тоҷикӣ ва боқимонда бо забони русӣ.
Раиси вилояти Хатлон вазъи баъзе китобхонаҳоро дар Кӯлоб ба талабот посухгӯ надонист, вале ҳамзамон афзуд, чунин душворӣ хоси танҳо ин минтақа нест.
"Ман соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб вазъи ҳам Китобхонаи бачагона ва ҳам Китобхонаи вилоятии ба номи Айниро дидам. Ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мушкилӣ ҳаст, фақат шаҳри Кӯлоб не. Тибқи нақшаи чорабиниҳое, ки мо қабул кардем, зери назорат мегирем, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо дастрасӣ ва шароити хуб ба хонанда муҳайё карда шавад", - мегӯяд Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон.
Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар умум 215 китобхона фаъол будааст.
Камбуди пул ва нарсидани китобҳои нав дар китобхонаҳои минтақи Кӯлоб дар рӯзҳое матраҳ мешавад, ки соли 2026-умро дар вилояти Хатлон "Соли фарҳанги китобхонӣ" эълон кардаанд.
Мақомоту мардум умед доранд, ки бо ин баҳона шояд ба китобхонаҳо таваҷҷуҳ ва вазъ каме беҳтар шавад. Аммо ҳамзамон аз он нигаронанд, ки баъди як сол ҳама чиз дубора ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад.