Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кори савоб мекунанд, вале аз кишварҳои дигар хеле дер мондем." ВИДЕО


Китобхонаи электронӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон кӯшиш доранд, бо ҷой додани нусхаи электронии китобҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бавижа Телеграм, сафи дӯстдорони китобро биафзоянд. Ҷонибдорони тасмим кам нестанд, аммо суръати пасту нархи гарони Интернетро дар кишвар яке аз сад(д)ҳои асосӣ медонанд.

Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Душанбе дастрасии мардумро ба нусхаи электронии китобҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондааст. Ҷомӣ Пӯлодзода, мудири шуъбаи китобҳои электронии китобхона, бовар дорад, аз ин роҳ метавонанд, таваҷҷуҳи мардумро ба китобхонӣ бештар кунанд.

"Фаразан, агар дар Амрико, Аврупо ё кадом гӯшаи Тоҷикистон ё берун аз он бошед, кофист, ки сомонаӣ шавед. Фейсбук имкон намедиҳад, ки баъзе аз китобҳоро гузорем, аммо чунин имкон дар Телеграм ҳаст ва мутахассисони мо ба ҳар дархости хонанда расидагӣ мекунанд," – гуфт ӯ дар охири ҳафтаи гузашта.

Ин китобҳо осори адибони классик ва муосири тоҷик, таърих, китобҳои дарсиву соҳавӣ ё тахассусӣ ва адибони хориҷро дар бар мегиранд. Дар Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ бо истифода аз Интернети ройгон ё бепул имкони боргирии китобҳо низ ҳаст, вале 17-уми январ дар онҷо танҳо як нафар нишаста буд. Сайҳуна Тағойзода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, барои навиштани кори дипломӣ ба Шуъбаи китобҳои электронии китобхона омадааст.

Дастрасӣ ба китобҳои электронӣ дар Интернет чизи тоза нест, аммо бо забони тоҷикӣ ва ройгон дастрас кардани он аз шабакаҳои иҷтимоӣ шеваи нави таблиғи китобхонӣ дониста мешавад. Мадина Тошмуродова, сокини Душанбе, мегӯяд, дар аҳди пандемияи коронавирус дар кишвар бештар ба ин восита китоб мехонд.

"Коре, ки бояд 20-25 сол пеш мекардем"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00

"Бе Интернети пурсуръату дастрас наметавонанд, вуҷуд дошта бошанд"

Баъзе аз мусоҳибони мо гуфтанд, ба далели паст будани суръати Интернет дар Тоҷикистон на ҳамеша метавонанд, китобҳои электрониро дастрас кунанд.

Умед Ҷайҳонӣ
Умед Ҷайҳонӣ

Умед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгари тоҷик, низ бар ин аст, ки барои рушди китобхонаҳои рақамӣ дар кишвар пеш аз ҳама Интернети босуръат зарур аст. "Акнун, ки ҳама телефонҳои ҳушманду роёнак доранд, камтар касе китоби коғазӣ мехонад ва бештар китобу рӯзномаву маҷаллаҳоро дар ҳамин роёафзорҳо мехонанд. Бино бар ин, падид овардани китобхонаҳои рақамӣ аз ниёзҳои ҷомеа аст. Вале ин китобхонаҳо бе Интернети пурсуръату дастрас наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Агар суръату кайфияти Интернет дар Тоҷикистон дар паи интиқоди раиси маҷлис беҳбуд ёбад, ин китобхонаҳо низ бахте барои ривоҷу равнақ хоҳанд дошт, вагарна ҳатто орзуяшро ҳам намешавад кард," – афзуд Умед Ҷайҳонӣ.

Масъалаи суръат ва нархи гарони Интернет дар кишвар борҳост, ки матраҳ мешавад. Ҳатто Бонки Ҷаҳонӣ онро танқид кардааст, вале ба қавли мусоҳибони мо дар ин бахш пешравие ба мушоҳида намерасад.

"Корест, ки бояд 20-25 сол пеш мекардем"

Дар ҳоле ки мақомот бовар доранд, бо ташкили китобхонаҳои электронӣ таваҷҷуҳ ба китоб бештар мешавад, Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, "барои китобхон кардани мардум ба кӯдак аз хурдсолияш бояд китоб бихонӣ. Дар Тоҷикистон кӣ барои кӯдакаш китоб мехонад? Барои фарзанди муҳоҷирон чӣ? Ё падар нест, ё модар нест. Ин як масъалаи бунёдӣ аст."

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Азиз Нақибзод, ки ба фурӯши китоб машғул аст, гуфт, талошҳо барои рушди китобхонаҳои рақамӣ иқдоми хубест, "вале корест, ки бояд 20-25 сол пеш мекардем".

Азизи Нақибзод
Азизи Нақибзод

"Нисбати кишварҳои дигар хеле дер мондем. Ба ҳар ҳол, кори бисёр савоб аст, ки мекунанд. Ҳатман ба пешрафти китобхонии мардум таъсир мерасонад. Ба хусус имрӯз, ки мардуми мо тақрибан дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон парешонанд ва наметавонанд китоби коғазӣ пайдо кунанд. Барои донишҷуёну қишри камбизоат ҳам хуб аст, зеро нархи миёнаи як китоб 30-40 сомониро ташкил медиҳад, на ҳама имкони хариданро доранд," – шарҳ дод ӯ.

Китобхонаи аввалини электронӣ ё рақамӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2007 кушода шудааст. Аввал дар бинои китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷойгир буд ва соли 2012 ба бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон кӯчонида шуд. Пештар гуфта мешуд, ки беш аз 300 ҳазор китоб дар махзани электронии ин китобхона маҳфуз аст.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар сартосари кишвар 6 ҳазору 88 китобхона сабт шудааст. Ба ҷуз аз китобхонаҳои Вазорати маориф ва вазорату идораҳо, дар китобхонаҳои Тоҷикистон беш аз 11 миллион китоб мавҷуд будааст. Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, омори китобҳои электрониро рӯйи даст надоранд ва то баҳори имсол маълум хоҳанд кард.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG