Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб соҳибхоназанонро ба озмуни китобхонӣ ҷалб карданд


Соҳибхоназанҳо дар Тоҷикистон бояд дар баробари кори хона ба китобу мутолиа ҳам майл дошта бошанд. Бо ин ҳадаф фаъолони умури зан дар минтақаи Кӯлоб барномаи ташвиқи китобу китобхонӣ дар миёни бонувони хонанишинро ба роҳ мондаанд.

Ҳадафи баъдии ташаббускорон - барпо кардани озмуни китобхонӣ аст, то аз ин роҳ бонувони дигар ҳам ба мутолиа ҷалб шаванд. Масъулин мегӯянд, ки дар озмун заноне баранда мешаванд, ки огаҳиву дониши беҳтарро дар заминаи китобҳои хондаашон ба намоиш мегузоранд. Баргузории чунин сабқат ба оғози соли 2019 барномарезӣ шудааст.

Ба гуфтаи бархе аз ҷомеашиносон, ташвиқи китобхонӣ дар миёни соҳибхоназанони тоҷик як ташаббуси хуб аст, чун аксари занҳо вақт ва одат надоранд, ки китоб бихонанд.

Сайрамбӣ Мирзоева, як сокини шаҳри Кӯлоб мехоҳад дар озмуни бонувони китобхон ширкат кунад. Ин зани 43-сола ва модари ду духтар баъди марги ҳамсар танҳо монд. Мегӯяд, ҳарчанд баъди хатми мактаб дар ҷое таҳсил накард ва бо нигоҳубини духтари маъюбаш машғул шуд, тавонист духтари калониашро дар Донишкадаи технологии шаҳри Кӯлоб хононад. Ҳоло бо он ифтихор дорад, ки духтари 21-солааш дар баробари таҳсил дар бахши магистратураи донишкада, дар ҳамин муассиса дарс ҳам мегӯяд.

Мегӯяд, ишқи таҳсилу дониш дар дили ӯ ҳамеша зинда аст ва вақте дар як маҳфили ҷамоат даъват ба мутолеаи бонувону баргузории озмун садо дод, тасмим гирифт дар он ширкат кунад. Духтари омӯзгораш дар навбати аввал аз китобхонаи донишкада романҳои "Доғистони ман"-и Расул Ғамзатов ва "Дурбин"-и Шералӣ Мусоро овард.

Сайрамбӣ Мирзоева.
Сайрамбӣ Мирзоева.

"Ҳамин озмун ё маҳфилро раиси маҳалла хабар дод. Духтарам, ки омӯзгор аст, ба вай гуфтам, ки китоби бадеӣ биёр ва ӯ ба ман аз китобхона ду китоб овард, ҳоло мутолиа дорам. Ростӣ, худам зани танҳо ҳастам ва аз субҳ то шом ба кори хона банд ҳастам. Ин озмун низ барои ман баҳона шуд, ки баъди чандин соли дур шудан аз мутолеа, аз нав ба китобхонӣ шурӯъ кунам".

Сайрамбӣ Мирзоева талош мекунад ҳатман соате дар рӯз барои хониши китоб ҷудо кунад, ҳарчанд кораш дар хона аз субҳи барвақт хеле зиёд аст: нигоҳубини духтари дуюми маъюб, таҳияи ғизо, ғунучини хона. Ин корҳо, ба гуфтааш, ҳеҷ гоҳ тамом намешаванд.

Сайрамбӣ Мирзоева мегӯяд, вақте 17 соли пеш духтари дуюмаш чашм ба дунё кушоду маълум шуд, ки бемор аст, аз тамоми дигар барномаҳои зиндагӣ даст кашид ва ба нигоҳубини духтар тамаркуз кард. Духтари то порсол беҳаракаташ ҳам дар 17-солагӣ тоза роҳгардон шуд ва як бахши мушкили ӯву модарро ҳам сабук кард. Вагарна, мегӯяд ин зани хонашин, китобхониро дар давраи мактабиву наврасӣ хеле дӯст медошт.

Ёд дорад, ки аввалин китоби хондааш афсонаи Толстой "Калидчаи тиллоӣ ё худ саргузашти Буратино" буд. Баъдан бо эҷодиёти Улуғзодаву Икромӣ, Айниву адибони хориҷӣ ҳам шинос шуд. Ин зан мегӯяд, воқеан ҳам китобхонӣ назар ба гапи беҳуда ваё тамошои филмҳои арзону каммаъно як машғлуитяи боҳаловат аст.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки роҳандозии барномаҳои вижаи кор бо занону мародарони хонашин бо дастури раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Ин барномаҳо бояд бештар бонувони сокини манотиқи дурдасту деҳотро фаро бигирад, то ки дар баробари мусоидат дар боло бурдани сатҳи фарҳангии онҳо, дар ҷалби ин гурӯҳи занон ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва тарбияи дурусти фарзандон кӯмак шавад.

Ба гуфтаи як манбаъ дар ҳукумати Кӯлоб, маҳфили китобхонӣ ва озмуни он аз ҷамоати Даҳана оғоз шуда, дар он даҳҳо занҳои хонашин ва ҳатто келину хушдоманҳо ширкат мекунанд.

Як ҷомеашиносе, ки аз ин барнома огоҳ аст, гуфт, ки ташвиқи китобхонӣ дар миёни соҳибхоназанони тоҷик як ташаббуси хуб аст, чун аксари занҳо вақт ва одат надоранд, ки китоб бихонанд.

"Ҳама медонанд, ки модари босавод ва рӯшанфикр фарзандони солиму донишомӯз, ботарбия ва бофарҳанг бузург мекунад. Вале бисёр модарони мо бо баҳонаҳои зиёд, аз ҷумла кору бори рӯзгор дар бораи рушди маънавиву фарҳангии худ аслан фикр намекунанд ва дар натиҷа, фарзандони онҳо низ аз модарони худ ибрат мегиранд”, гуфт ин ҷомеашинос.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон соли 2010 ҳисоб кард, ки тахминин 48 дар сади сокинони қобили меҳнат дар иқтисоди ин кишвар нақше надоранд ва беш аз 50 дар сади онҳоро занон ташкил мекунанд. Бар асоси ҳамин омор, дар Тоҷикистон беш аз 1,1 миллион занони хонанишин ҳастанд, ки 25 то 54 сол доранд ва ба ҷуз кори хона дигар шуғле надоранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG