Вебсайти Axios гузориш дод, ки вазири корҳои хориҷии Эрон ва намояндаи вижаи Амрико барои Ховари Миёна рӯзи 6-уми феврал дар Истанбул мулоқот мекунанд. Axios 2-юми феврал ба нақл аз ду манбаи огоҳ навишт, ки Аббос Ароқчӣ ва Стив Виткофф қарор аст дар бораи имкони даст ёфтан ба созиши ҳастаӣ гап зананд. Манбаи севум гуфтааст, ин дидор "беҳтарин сенария" аст, аммо ниҳоӣ шудани он ба баргузор шудани ин ҷаласа бастагӣ дорад.
Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз як манбаи эронӣ, ки номаш фош нашудааст, хабари дидори мақомҳои ду кишварро тасдиқ кардааст. Агар хабари баргузории нишасти Истанбул тасдиқ шавад, ин нахустин тамоси мақомҳои Амрико ва Эрон пас аз барҳам хӯрдани музокироти ҳастаӣ ва ҷанги 12-рӯзаи моҳи июни соли 2025 хоҳад буд ва ҳамзамон бо тақвияти ҳузури низомии Амрико дар Халиҷи Форс анҷом мешавад.
Гуфта мешавад, ки Туркия, Миср ва Қатар талош доранд, ки ин музокирот баргузор шавад. Ба гузориши Axios, қарор аст рӯзи 3-юми феврал Виткофф бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дидор кунад.
Чанд соат пештар низ хабаргузориҳои "Форс" ва "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон ба нақл аз "манбаъҳои огоҳ" аз эҳтимоли оғози гуфтугӯҳо байни Эрон ва Амрико бо ҳузури "мақомҳои баландпояи ду кишвар дар рӯзҳои оянда" хабар дода буданд, аммо дертар ин хабарро аз сафҳаҳои худ бардоштанд.
Хабаргузории "Тасним" рӯзи 2-юми феврал бо нақл ба манбаъҳои худ навишт, ки "то ҳоло макон ва замони қатъии ин мулоқот маълум нашудааст ва ин гуфтугӯҳо эҳтимолан дар сатҳи Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Виткофф, намояндаи вижаи Амрико, хоҳад буд".
Хабаргузории "Форс" ҳам дар гузориши кӯтоҳе ба нақл аз "як манбаъ дар ҳукумат" навиштааст, ки "раисҷумҳур дастури оғози музокиротро содир кардааст". Ба гуфтаи ин манбаъ, "Эрон ва Амрико дар чорчӯби мавзуи ҳастаӣ музокира хоҳанд кард".
"Форс" дар гузориши худ навишта буд, ки раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён "дастури оғози музокиротро содир кардааст, аммо "Тасним" хабар дода буд, ки "Шӯрои олии амнияти миллӣ" чунин дастур додааст.
Алоуддин Буруҷардӣ, узви Комиссияи амнияти миллии порлумони Эрон низ рӯзи 2-юми феврал гуфт, ки ҳукумати Эрон барои музокирот "бо шартҳои рӯшан ва мантиқӣ" омодагӣ дорад. Ӯ афзуд, "дониши сулҳомези ҳастаӣ монанди тавонмандии мушакӣ ва паҳбодӣ ҷузъи хатти сурхи Ҷумҳурии исломӣ аст ва қобили музокира нест".
Мақомоти амрикоӣ ҳанӯз ба ин гузориши расонаҳо дар бораи мулоқоти Ароқчӣ ва Виткофф вокуниш нишон надодаанд. Як мақоми баландпояи эронӣ ва як дипломатӣ ғарбӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтанд, ки Стив Виткофф ва Аббос Ароқчӣ мумкин аст рӯзҳои оянда дар Туркия бо ҳам мулоқот кунанд.
Айни замон, номи кишварҳои дигаре дар минтақа низ ба унвони гузинаҳои мизбонӣ матраҳ шудааст ва Қатару Миср ҳам талошҳои дипломатӣ дар ин бора анҷом додаанд.