Кумитаи Нобели Норвегия дар изҳороти рӯзи 6-уми октябраш гуфт, Ҷоизаи имсолаи Нобел барои сулҳ инчунин аз талошҳои садҳо ҳазор мардуми Эрон қадрдонӣ мекунад, ки мухолифати худро бо "сиёсати режими табъизомези мазҳабии Эрон, ки занонро саркӯб мекунад" ба намоиш гузоштанд.
Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон аз марги духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ сентябри порсол шурӯъ шуд. Ин духтари ҷавон баъди боздошташ барои нақзи қоидаи ҳиҷобпӯшӣ дар шароити мармуз даргузашт ва ин ҳодиса садҳо ҳазор сокини Эронро ба хашм овард.
Наргис Муҳаммадӣ баъди Ширин Ибодӣ (соли 2003) дуюмин зани эронӣ аст, ки Ҷоизаи сулҳи Нобелро мебарад.
Берит Рейсс-Андерсен, раиси Кумитаи норвежии Нобел имрӯз дар шаҳри Осло зимни эълони исми барандаи ҷоиза гуфт, Наргис Муҳаммадӣ "алайҳи табъйизу саркӯбҳои мунтазами занон мубориза мебарад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наргис Муҳаммадӣ барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд
Муҳаммадиро барои пешбурди маъракааш барои озодии баён ва ҳуқуқи занон 13 бор боздошт ва панҷ дафъа ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар маҷмӯъ, ҷазои ӯ 31 соли зиндон ва 154 шаллоқ ҳисоб шудааст. Ҳоло ӯ 12 соли ҳабсро пуштисар мекунад.
Шавҳари хонум Муҳаммадӣ ин хабарро дар пойтахти Фаронса - шаҳри Париж шунид. Тоғӣ Муҳаммадӣ гуфт, ин Ҷоизаи сулҳи Нобел ба тамоми ҷунбиши “Зан, зиндагӣ, озодӣ” аст ва Наргис як ҷузви ин ҷунбиш аст.
Худи Наргис Муҳаммадӣ пеш аз ҳабсаш гуфта буд:
“Ҳадафи ман расидан ба сулҳу ҳимояи ҳуқуқи инсон аст. Ман тасмим гирифтаам, барои расидан ба он бештар талош варзам. Бовар дорам ба кӯшишҳои якҷоя ҳузур дар Эрон ва дастгирии ҳомиёни ҳуқуқ, мо пирӯз мешавем”.
Наргис Муҳаммадӣ дуюмин зане аз Эрон аст, ки соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Бо ҳукми додгоҳи Эрон Муҳаммадӣ ба муддати 12 сол зиндонӣ шудааст.
Соли гузашта Ҷоизаи сулҳи Нобел барои фаъолони ҳуқуқи башар аз Беларус, Русия ва Украина тақдим шуд. Имсол ба унвонии Кумитаи Нобел исми 351 номзад ворид шуд, ки аз ин ҳисоб 259 шахсият ва 92 ташкилот будааст. Мувофиқи қоида, ин феҳрист давоми 50 сол махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Исми барандаи ин ҷоизаро гурӯҳи мутахассисоне дар Парлумони Норвегия интихоб мекунанд ва мукофоти он 1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Amnesty International аз Эрон хост, Наргис Муҳаммадиро фавран озод кунадДар зиндон ва берун аз он. Садои Наргис дар Эрон ва хориҷ шунида мешавадНаргис Муҳаммадӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудАз марги духтаре, ки эрониёнро ба по хезонд, як сол гузашт"Дидани зӯроварӣ нисбат ба одамон даҳшатбор буд" ВИДЕОШирин Ибодӣ эрониҳоро ба идомаи эътирозҳо даъват кардШ.Ибодӣ: Корномаи ҳуқуқи башари ҳеҷ яке аз номзадҳо қобили қабул нест"