Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наргис Муҳаммадӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд


Наргис Муҳаммадӣ, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи маъруфи эронӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Наргис Муҳаммадӣ, ки алакай 6 сол ҳукми қаблии зиндонашро адо мекард, муовини барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ дар Маркази ҳомиёни ҳуқуқи инсон аст. Тағӣ Раҳмонӣ, шавҳари Наргис Муҳаммадӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро бо ҳадафи қасос барои кораш ва тарсондани ҳомиёни дигари ҳуқуқи инсон чунин ҷазои сахт додаанд. Раҳмонӣ, ки бо ду фарзандаш дар Порис ба сар мебарад, гуфт, 10 сол аз 16 сол ҳукми ҷадиди Наргис Муҳаммадӣ марбут ба маъракаи “Қадам ба қадам барои манъи ҳукми қатл дар Эрон” дода шудааст. Раҳмонӣ гуфт, мақомоти Эрон айбномаи зидди Наргис Муҳаммадиро бар пояи мусоҳибаҳои ӯ бо расонаҳои хориҷии форсизабон ва мулоқоти соли 2014-умаш бо раҳбари собиқи идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон сохтаанд.

XS
SM
MD
LG