Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз марги духтаре, ки эрониёнро ба по хезонд, як сол гузашт


Акси Маҳсо Аминӣ дар як гӯристон
Акси Маҳсо Аминӣ дар як гӯристон

Аз марги Маҳсо Аминӣ, духтари эронӣ, ки маргаш боиси эътирози густарда дар Эрон шуда буд, як сол гузашт.

Рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 пулиси Эрон Маҳсо Аминии 22-соларо барои “бадҳиҷобӣ” боздошт кард ва ӯ дар идораи пулис ҷон дод. Наздиконаш гуфта буданд, ки кормандони пулис ӯро то мурдан латукӯб кардаанд.

Дар посух ба марги ӯ даҳҳо ҳазор эронӣ моҳҳо дар хиёбонҳо эътироз карданд. Мақомоти Эрон эътирозгаронро саркӯб карданд ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, 500 нафар кушта шуд ва беш аз 20 ҳазор нафар боздошт шуданд.

Чанд тан аз эътирозгаронро ҳукумати Эрон ҳукми қатл дод. Ҷомеаи ҷаҳонӣ амалкарди мақомоти Эронро маҳкум кард.

Дар солгарди марги Маҳсо Аминӣ дар Эрон чораҳои амниятиро шадидтар карданд ва мақомот ба хонаводаи ӯ ҳушдор додааст, ки ҳеч гуна маросиме баргузор накунанд.

Ҷумҳурии исломии Эронро пайваста барои саркуби дигарандешон ва нақзи озодиҳои инсон танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG