Вазорати корҳои хориҷии Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки дигар ҷанг накунанд ва мушкилашонро бо роҳи осоишта ҳал намоянд.
Рӯзҳои 14 то 17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии хунин рух дод.
Вазорати корҳои хориҷии Толибон дар эъломияе гуфтааст, ки ду ҳамсоя бояд мушкили худро бо роҳи сулҳомез ҳал кунанд ва аз осеб дидани мардуми осоишта пешгирӣ кунанд.
Ҳукумати Толибон дар ҳоле чунин изҳорот додааст, ки ин гурӯҳ ба шартҳои музокирот бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ розӣ нашуд ва беш аз як сол боз гирифтори ҷанг дар вилоятҳои Панҷшеру Бағлон аст.
Толибон соле пеш Афғонистонро тасарруф карданд ва ягона нерӯе, ки ин гурӯҳро қабул накард, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд буд. Дар чанд рӯзи ахир наворҳое нашр шуданд, ки нишон медиҳад, Толибон асиронро бераҳмона қатл мекунанд.
Афви Байнулмилал (Amnesty International) гуфта буд, ки Толибон низомиёни асир ва аққалиятҳои ҳазораро қатл кардаанд.
Дар даргирии ахир дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ду ҷониб наздик ба сад нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд. Ҷонибҳо пас аз даргирии чандрӯза оташбас эълон карданд. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми сентябр бо пахши изҳороте аз созиши оташбас истиқбол ва аз ҳарду тараф даъват кард, ки иҷрои онро таъмин кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Иттиҳоди Аврупо: Идомаи таниш дар марз сабаби ноамнӣ дар минтақа хоҳад шудҲукумати Суғд аз созмонҳо хост, ба харобиҳои Исфара баҳо диҳанд. АКСТоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба "таҷовузи мусаллаҳона" муттаҳам кардандШумораи кушташудаҳо дар Қирғизистон ба 59 нафар расидаастҲДТ мегӯяд, дар низои марзӣ “60 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд”Қирғизистон 19 сентябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кардЧаҳор сарбози кушташудаи тоҷикро дар Вахш дафн кардаанд"Хона вайрон шуд; мағоза сӯхт ва беш аз даҳ кас куштаву захмӣ гардид." Нақли сокинони Овчӣ-Қалъача. ВИДЕОАmnesty International эъдоми чанд узви Ҷабҳаро аз сӯи Толибон тасдиқ кардМуттаҳам шудани Толибон ба нақзи ҳуқуқи башар дар гузориши Ҷабҳа. Толибон: "Ин таблиғот аст"