Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудаҳо дар Қирғизистон ба 59 нафар расидааст


Мақомоти Қирғизистон рӯзи 18-уми сентябр гуфтанд, ки талафоти он кишвар дар даргирии мусаллаҳона дар сарҳад бо Тоҷикистон ба 59 нафар расидааст. Пештар ин шумораро 24 кас гуфта буданд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки рӯзи 18-уми сентябр ҷасади 35 нафари дигар ба шифохонаҳои вилояти Бодканд оварда шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин даргирӣ 144 кас осеб дида, "аксарият ба бемористонҳои Бишкеку Ӯш фиристода шуданд".

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр аз кушта шудани дастикам 30 ғайринизомӣ хабар дод, вале омори пурраи низомиёни ҳалокшударо нагуфт.

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз кушта шудани 60 нафар ва захмӣ шудани садҳо кас хабар дод. Манобеи Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи кушта шудани 39 нафар иттилоъ доданд.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки қисме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст, даргирии мусаллаҳона сар зад. Тарафҳо якдигарро ба оғози ҷанҷол ва истифода аз силоҳҳои сангину дастгоҳи мушакӣ ва ҳавопаймои бесарнишин гунаҳкор карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG