Ҷеенбеков истеъфои нахуствазирро пазируфт

Сооронбой Ҷеенбеков ва Кубатбек Боронов

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, фармони истеъфои сарвазир ва ҳукумати кишварашро имзо кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии президенти он кишвар хабар доданд.

"Дар робита ба фармони президент, касоне, ки дар мақоми сарвазир, ноиб-аввали сарвазир, ноиб-сарвазир, аъзои ҳукумат кор мекарданд, ба истеъфо рафта, то ташкили ҳукумати нав дар мақоми иҷрокунандаи вазифа боқӣ мемонанд", - хабар доданд аз маркази матбуотии президент.

Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр ва пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумат боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои мухолиф дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Ин ҳамоиши эътирозӣ ба задухурд миёни сокинон ва кормандони пулис анҷомид.

Дар натиҷа шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон "Кохи сафед" ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Президенти Қирғизистон омода аст, тарки мақом кунад, аммо бо шартМарзҳои Қирғизистон баста шуданд, то мансабдорон фирор накунанд"Кӯҳнаҳо бояд бираванд." Идомаи эътирозҳо дар ҚирғизистонРаҳмон бо Путин ва ҳамсояҳо вазъият дар Қирғизистонро баррасӣ кардаастҶээнбеков: "Ман президенти қонунӣ боқӣ мемонам""Вокуниш ба беадолатӣ". Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба он чӣ дар Қирғизистон мегузарадЭътирозгарон чӣ гуна дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ишғол карданд?Эътирозгарон дар Қирғизистон бинои порлумон, дафтари президент ва КДАМ-ро "гирифтаанд". ВИДЕО, АКС