Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзҳои Қирғизистон баста шуданд, то мансабдорон фирор накунанд


Акс аз бойгонӣ.

Муовини котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Омурбек Суваналиев ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, ки бино ба қарори шӯро марзҳои ин кишвар баста хоҳанд шуд.

Дар Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтанд, амр шудааст, ки мансабдорони баландпояи ин кишварро ба хориҷ рафтан намонанд. "Ин гуна дастур шудааст ва албатта, мо онро иҷро мекунем", - гуфтааст намояндаи хадамот ба хабаргузории ТАСС.

Ба гуфтаи Суваналиев, дар ҳоли ҳозир маҳалли будубоши президент Сооронбой Ҷеенбеков ва сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов номаълум аст. Дар интернет чанд изҳороти Ҷеенбеков нашр шуд, вале худи ӯ баъди оғози эътирозҳо дигар дар мазҳари ом пайдо нашудааст.

"Дақиқ гуфта наметавонем. Бештари мансабдорон пинҳон шудаанд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла Боронов мегӯяд, ки фосилавӣ кор мекунад ва ба истеъфо нарафтааст. Ингунаҳо хеле зиёданд, ки боиси задухӯрди бузург хоҳанд шуд", - афзуд ӯ.

Омурбек Суваналиев илова кард, ки вазъи сиёсии Қирғизистон муташанниҷ боқӣ мемонад ва ҳизбҳои сиёсии ин кишвар наметавонанд ба тавофуқ бирасанд. Ӯ гуфт, ки аҳзоби сиёсӣ бояд сари мизи гуфтушунид нишинанд, то вазъ бадтар нашавад.

Ёдрас мешавем, эътирозгарон зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон шаби 5 ба 6 октябр бинои порлумон ва дафтари раёсатҷумҳуриро ғасб карда, сиёсатмадорони зиндонӣ, аз ҷумла президенти пешин Алмосбек Отамбоев ва собиқ сарвазири Сафар Исҳоқовро озод намуданд.

XS
SM
MD
LG