Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон омода аст, тарки мақом кунад, аммо бо шарт


Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Тибқи иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбек Ҷеенбеков гуфтааст, "ҳар вақте кишвараш ба масири қонунӣ баргардад", омодааст аз мақоми худ истеъфо диҳад. Сооронбой Ҷеенбеков пас аз оғози эътирозҳо ба натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ, дар макони номаълум ба сар мебарад. Дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон чанд рӯз пеш эълон кард, ки ӯ дар Бишкек қарор дорад.

Дар матни паёми Ҷеенбеков ба мардуми Қирғизистон, ки шаби гузашта дар вебсайти раёсати ҷумҳури он кишвар ба нашр расид, гуфта мешавад, ки "вазъи сиёсии кишвараш ба нуқтаи бӯҳронӣ расидааст".

Дар идомаи ин паём омадааст, ки "барои эътидоли вазъи ба вуҷуд омада гомҳои зеринро бояд бардошт. Бекор кардани натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ. Ҳоло бояд интихоботи нави порлумонӣ эълом шавад. Қарор дар ин бораро бояд Комиссияи марказии интихоботӣ қабул кунад. Ин чораҳо ташаннуҷи кунунии сиёсиро коҳиш медиҳанд".

Раиси ҷумҳури Қирғизистон афзудааст, сарвазир ва аъзои ҳукумат, ки то бӯҳрон фаъолият мекарданд ба истеъфо фиристода шаванд, то барои таъйини мансабдорони нав асоси қонунӣ фароҳам гардад.

Дар бахши дигари паёми Ҷеенбеков омадааст, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳукуқ бояд амнияти вакилони Маҷлиси намояндагонро таъмин кунанд, то онҳо тавонанд вазифаҳои худро иҷро кунанд.

"Барои ман ягон мансаб болотар аз якпорчагии давлат, иттиҳоди мардум ва оромии ҷомеа нест. Мо бояд ҳар чӣ зудтар вазъро ба маҷрои ҳуқуқӣ баргардонем. Ҳар вақте раҳбарони қонунии ниҳодҳои иҷроияи давлатӣ таъйин шуданду кишвар ба масири қонунӣ баргашт, ман омодаам аз мақоми президентӣ истеъфо диҳам",-гуфтааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки президенти Қирғизистон пештар ҳаводиси ахири кишварашро "талоши ғасби қудрат" гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти порлумони Қирғизистон иттилоъ додааст, ки рӯзи 8-уми октябр вакили порлумон Миктибек Абдилдаев дар тамоси телефонӣ бо президент Сооронбой Ҷеенбеков вазъи сиёсии кишварро баррасӣ кардааст. Ин хабарнома Миктибек Абдилдаевро раиси порлумон муаррифӣ кардааст. Гуфта шудааст, ки ин гуфтугӯ бо пешниҳоди президент сурат гирифтааст.

Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои сиёсӣ дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумати Қирғизистон боиси норозигии аҳзоби мухолифи ҳукумат шуд.

Шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон "Кохи Сафед" ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.

XS
SM
MD
LG