Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вокуниш ба беадолатӣ". Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба он чӣ дар Қирғизистон мегузарад


Бишкек, 5-уми октябр
Бишкек, 5-уми октябр

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, “Қирғизистонро инқилоби нав интизор нест”, аммо эътирозҳои ахир “таносуби қудратро иваз хоҳад кард”.

Рӯзи 5-уми октябр ҷонибдорони ҳизбҳои мухолиф бо норозигӣ аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ба майдонҳо баромаданд ва нимашаби 6-уми октябр дафтари раёсати ҷумҳурӣ, порлумон ва КДАМ-ро “гирифтанд”.

Макони будубоши раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков то ҳол маълум нест, ҳарчанд сухангӯяш гуфтааст, ӯ дар Бишкек аст. Ҷеенбеков тавассути изҳороти ҷудогонае мухолифону тарафдоронашонро ба хатми беназмиҳо даъват кард.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, чанд муддат дар Бишкек кору зиндагӣ кардааст ва бо вазъи сиёсии Қирғизистон аз наздик ошно аст. Ӯ гуфт, таҳаввулоти ахир натиҷаи “хушхизматии як гуруҳ” ба раисиҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков аст. “Агар раисиҷумҳур ба Комиссияи интихобот дастури мустақимро барои дасткории натиҷаҳо надода бошад ҳам, инҳо бо хости худашон дунболи хушхидматӣ рафтанд ва ин “туҳфа”-ро ба президент ва кулли роҳбарияти кишвар фароҳам карданд,” -- мегӯяд таҳлилгар.

Қосими Бекмуҳаммад сабаби дигари норозигиҳои рӯзи 5-уми октябрро дар он мебинад, ки “инқилобгарони собиқ” ба ҳамон роҳи мансабдорони пешина рафтанд. “Сокинон дар баробари беадолитиҳо сар боло мекунанд, вале шахсиятҳои сиёсии ин кишвар, ки ба курсиву мансаби роҳбарӣ мерасанд, дар масири роҳбарони собиқ қарор мегиранд. Ва ин чиз боис ба норизоиятӣ дар ҷомеа ва вуқӯи ду инқилб ва нооромиҳои дигар шуда буд”, -- шарҳ дод ӯ.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи воқеаҳои ахири Қирғизистон изҳори назар накардаанд. Танҳо бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон гуфтанд, ки вазъи Қирғизистонро пайгирӣ доранд.

Зайнуддин Сафаров, вакили Маҷлиси Намояндагон гуфт, таҳаввулоти ахири кишвари ҳамсояро аз расонаҳо пайгирӣ доранд ва ҳоло ягон ахбори расмӣ нагирифтаанд.

Тибқи хабарҳои ахир талаби асосии муътаризон дар Қирғизистон иҷро шуда, Комиссияи марказии интихобот натиҷаҳои овоздиҳии рӯзи 4-уми октябрро бекор кард. Мухолифон интихоботро олуда ба тақаллуб меноманд.

Бархе аз таҳлилгарон дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз дар бораи “инқилоби сеюм” дар Қирғизистон суҳбат кардан барвақт аст. Ба таъкиди Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, ҳодисаи ахир “вокуниш ба беадолатӣ дар раванди интихобот” буд. “Ҳукумати имрӯза то ҳадде мустаҳкам аст ва худашро ҳифз карда метавонад,” -- мегӯяд Мамадшоев.

Таҳлилгар Қосими Бекмуҳаммад ҳам бовар дорад, ки таҳаввулоти ахир ҳарчанд инқилоб нест, мухолифон талош мекунанд ҳадди аксар аз имтиёзи он барои худ истифода кунанд. Ба гуфтаи ӯ, “шароити сиёсии ин кишвар дастхуши таҳаввулоти ҷиддӣ хоҳад шуд. Эҳтимоли баргузории интихоботи дубораи порлумонӣ ва шакл гирифтани таркиби нав ва ҳайати нав дар порлумони оянда аз эҳтимол дур нахоҳад буд.”

Хабару гузоришҳо ва аксу наворҳоро дар бораи ҳодисаҳои Қирғизистон дар инҷо хонед ва бинед:

XS
SM
MD
LG