Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон ва моликони корхонаҳо гуфтанд, ки бебарқӣ ба корашон зиён расонд


Моликони баъзе аз дӯкону корхонаҳо дар маҳаллаҳои наздик ба шаҳри Душанбе аз идома ёфтани маҳдудияти нерӯи барқ нигарон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, камбуди барқ дар тақрибан як моҳи охир ба кору даромадашон сахт зарба задааст. Намояндагони "Барқи Тоҷик" батакрор мегӯянд, ки корҳои таъмирӣ дар дастгоҳу зеристгоҳҳои барқӣ ҷараён дорад, аммо кай ба поён расидани онро намегӯянд.

Илҳом, сокини шаҳри Ҳисор, дӯкон дорад, вале ду ҳафта боз аз гирифтану фурӯхтани маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла ҳасиб худдорӣ мекунад. Ӯ рӯзи 27-уми ноябр гуфт, рӯзона ва баъзан шабона барқ надоранд ва мумкин аст, маҳсулоти гӯштӣ зуд вайрон шавад ва барояш дардисар офарад.

"Талабгорони маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла ҳасибҳо зиёданд ва ин як бахши муҳими тиҷорати мост. Вале маҷбур яхдонҳоро холӣ кардем, то дар сурати омадану қатъ шудани нерӯи барқ насӯзанд ва ҳам маҳсулоти дохилашон вайрон нашавад. Баъди паҳншавии коронавирус савдо кам шуда буд. Бебарқӣ ба мушкили мо афзуд", -- гуфт тоҷир.

Дар баъзе аз маҳаллаҳо дари чанде аз нуқтаҳои таъмири телефон, ки одатан ҷавонон дар онҷо кор мекунанд, баста буд. Сокинон гуфтанд, чун барқ нест, устоҳои таъмири телефон низ дарҳои худро бастаанд.

Муборакшо Неъматов дар деҳаи Гиждалободи ноҳияи Рӯдакӣ ба фурӯши гази моеъ машғул аст. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қатъи нерӯи барқ хароҷоти онҳоро низ бештар кардааст.

"Дастгоҳҳои мо бо нерӯи барқ кор мекунанд. Дар вақти бебарқӣ бо омадани муштариён "движок"-ро ба кор меандозем. Ин дастгоҳ бо сӯзишворӣ кор мекунад. Барои он ки харҷ зиёд нашавад, мунтазир меистем, то се-чаҳор муштарӣ дар як вақт ҷамъ шаванд ва баъдан "движок"-ро фаъол кунем. Ин тарзи кор ба муштариён писанд нест", -- нақл кард ӯ.

Чанде аз масъулони коргоҳҳои истеҳсоли маводи саноативу озуқа дар тамосҳои телефонӣ гуфтанд, ки қатъи нерӯи барқ ба зиёни онҳост ва умед доранд, масъала ба зудӣ ҳал шавад. Мусоҳибони мо гуфтанд, шабона нерӯи барқ доранд, аммо рӯзона, аз саҳар то шом, бе барқ мемонанд.

Насим, як корманди нуқтаи таъмири мошинҳо мегӯяд, "пеш то бегоҳ кор мекардем ва муштариён зиёд буданд. Ҳоло аз шом то соати 10-11-и шаб кор мекунем. Мушкил аст. Аз як тараф ҳаво хунук аст, аз тарафи дигар шабона муштарӣ кам аст."

Сокинони Тоҷикистон тақрибан як моҳ боз бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" аз оғози моҳи ноябр то ҳанӯз дар посух ба норозигии сокинон мегӯянд, дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо ва истгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи Тоҷик", рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкат ҳавасманди он нест, ки барқро ба аҳолӣ бо маҳдудият бидиҳад. Ӯ гуфт: “Ин маҳсулоти мо аст, лекин пешгӯӣ кардаанд, ки зимистони имсола сахт меояд. Бино бар ин, агар ҳоло таъмир накунем, дар зимистони қаҳратун ягон садама рух диҳад, таъмир кардан мушкил мешавад."

Намояндагони "Барқи Тоҷик" дар ҳоле маҳдудияти интиқоли барқро ба таъмир рабт медиҳанд, ки нусхае аз дастури ин ниҳод рӯзи 17-уми ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид ва дар он гап дар бораи чизи дигар меравад. Дар санад ширкати "Барқи Тоҷик" ба ниҳодҳои тобеи худ дастур додааст, ки шахсони қарздор ва корхонаву муассисаҳоеро, ки барқи зиёд мегиранд, аз гармиву рӯшноӣ маҳрум кунанд, вале дар онҷо дар бораи таъмир ишорае нарафтааст.

Дастур бо имзои муовини раиси ширкат Муҳаммад Ғуломзода аз 3-юми ноябр содир шуда, ҳадафаш "сарфакорона истифода намудани захираҳои энергетикӣ ва беҳтар кардани таъминоти барқ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар зимистон" гуфта шудааст. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз сокинону моликони корхонаҳо мегӯянд, бо вуҷуди он ки маблағи истифодаи нерӯи барқро саривақт мепардозанд, рӯзона барқашон қатъ мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 эълон кард, ки лимити барқ ба афсона табдил шуд, аммо мардум мегӯянд, имсол чанд дафъа бо маҳдудият барқ гирифтанд ва аз идомаи ин вазъ нигаронанд. Бори охир моҳи октябр чунин ҳолат пеш омада буд.

Моҳи август масъулони ҳукумати Тоҷикистон аз кам шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои кишвар хабар дода, гуфта буданд, маҷбур дар фасли гармо маҳдудият ҷорӣ карданд, то дар тирамоҳу зимистон мушкил пеш наояд. Дар вазъияти ҳозира низ баъзе аз мутахассисон ба ин омил ишора мекунанд, аммо мақомот чизе намегӯянд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG