Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз бебарқӣ дар Тоҷикистон. Мардум аз маҳдудият мегӯянд, "Барқи тоҷик" боз аз таъмир. ВИДЕО


Сими барқ

Сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз як ҳафта инҷониб аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ барқ надоранд ва аз эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият (лимит) нигарон ҳастанд. Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" сабаби қатъ шудани нерӯи барқро муваққатӣ дониста, онро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд.

Аъзои оилаи Шарифа Ғуломова, сокини ноҳияи Шаҳринав (20-километрии Душанбе), хӯроки нисфирӯзиро дар оташдон омода мекунанд. Мегӯянд, азбаски нерӯи барқ нест ва ҳезуми кофӣ надоранд, баъзан барги дарахтҳоро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Ғуломова рӯзи 6-уми ноябр гуфт, “пештар хазонҳоро мепартофтем. Ҳоло маҷбур шудем, ки ҷамъ карда, барои хӯрокпазӣ истифода барем, вале дудаш нафасгиркунанда аст. Ба шаҳр меравед, дар дарахтҳо ҳам чароғ часпондаанд. Мардуми деҳа азоб кашида мегарданд.”

Қатъи нерӯи барқ танҳо бо ноҳияҳои атрофи Душанбе маҳдуд намешавад. Шикоятҳо аз набудани нерӯи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳам шунида мешавад.

Баъзе аз сокинон дар ин минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, қатъи интиқоли барқ аз 31-уми октябр оғоз шуд. Як рӯз баъди он ки Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ҳамчун раиси ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард ва рушди кишвар ва истиқлоли комили энергетикиро барои ҳафт соли оянда ваъда дод.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои омодагӣ ба фасли зимистон бояд таҷҳизоти калони барқӣ аз санҷиш гузаранд ва аз ин рӯ, мумкин аст гоҳ-гоҳ барқ хомӯш шавад.

Ёдгорӣ дар ҷавоб ба суоли он ки чунин вазъ чанд рӯз идома хоҳад кард, посухи дақиқ надод ва танҳо гуфт, "мумкин аст, ягон ҳафта давом кунад."

Чунин изҳороти намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” гапи нав нест. Пештар низ онҳо баробари қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум айни ҳамин ҳарфҳоро ба забон меоварданд.

Дар оғози моҳи октябр интиқоли барқ ба сокинон дар соатҳои муайян қатъ мешуд ва мақомот ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд. Дар моҳи апрел ҳам беш аз ду ҳафта бархе аз сокинон бо реҷа барқ гирифтанд, аммо “Барқи тоҷик” боз ҳам мавҷудияти лимитро рад карда буд.

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, аз субҳ то шом нерӯи барқ надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 эълон кард, ки лимит ё тариқи реҷа додани барқ ба сокинон дигар идома нахоҳад ёфт, вале сокинон мегӯянд, ҳанӯз ҳам дар фасли зимистон камбуди барқ эҳсос мешавад.

Насибулло Мухторов, сокини ноҳияи Шаҳринав мегӯяд, “набудани барқ дар ин аср айб аст.” Мо бо Мухторов дар манзилаш суҳбат кардем ва ӯ бо ҳарорат аз камбуди барқ шикоят кард ва гуфт: “Одамон ба кайҳон баромаданд, Тоҷикистон наход бебарқ бошад. Ба дигар давлатҳо барқ дода истодаанд, вале ба сокинони кишлоқ барқ намедиҳанд."

Вале на ҳама сокинон мисли Насибулло Мухторов ба набудани барқ чунин вокуниш мекунанд. Бисёре аз мусоҳибони мо дар шаҳри Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қатъи барқро як масъалаи муқаррарӣ донистанд. Онҳо мегӯянд, дар бораи мушкили барқ ба мақомот муроҷиат накардаанд.

Ҳеч кас ҳам ба онҳо нагуфтааст, ки чаро рӯзона барқ намегиранд ва кай ин мушкил рафъ мешавад. Дар сомонаҳои расмии Тоҷикистон ва ҳам ширкати “Барқи тоҷик” ҳеч шарҳе дар ин замина нашр нашудааст.

Мавзӯи набудани барқ ин шабу рӯз яке аз баҳсҳои асосӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, агар мушкили таъмини барқ вуҷуд дорад, мақомот бояд расман онро эътироф кунанд. Чизе, ки мақомот рад мекунанд ё, ба истилоҳ, ба дӯш гирифтан намехоҳанд.

Шарҳҳоро бинед (60)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG