Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чанд рӯз аст, ки бо маҳдудият барқ мегирем". Ширкат мегӯяд, ин вазъ муваққатист


Акс аз бойгонӣ

Сокинони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки як ҳафта боз бо маҳдудият нирӯи барқ мегиранд. Онҳо нигаронанд, ки “лимит” ҷорӣ шудааст. Масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтанд, барои омодагӣ ба зимистон “зеристгоҳҳои бузург ва хатҳои баландшиддатро таъмир мекунанд”.

Амрулло, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ба паёмгири Вотсапи Радиои Озодӣ навишт, ки "4-5 рӯз боз рӯзона дар деҳаҳои ноҳия барқ нест”. Ӯ гуфт, "дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ба муштариён бо датсгоҳҳои барқӣ хидмат мерасониданд, навбати тӯлонӣ пайдо шудааст. Бархе бо “генератор”-ҳо корро сар кардаанд.”

Азиз, сокини ҷамоати Пахтаободи шаҳри Турсунзода, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба воситаи парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо аз Русия ба ватан омад ва ягона мушкиле, ки дид, реҷаи интиқоли нерӯи барқ буд. “Як ҳафта шуд, ки шабона чаҳор соат ва субҳ ду соат бо нерӯи барқ таъмин ҳастему бас”, -- нақл кард ӯ.

Анвар, корбари Радиои Озодӣ, ки худро сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён номидааст, дар шарҳе навишт, “дар 24 соат танҳо 6 соат барқ дорем. На оби гарм ва на хӯроки гарм. На мавҷ ҳаст, на “заряд” ва на хонаи гарм. Пеш аз интихобот барқ нест. Боз мегӯянд, ки рафта, дар интихобот иштирок кунед.”

Дар се рӯзи охир Радиои Озодӣ тавассути паёмгирҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинони ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва Хатлон аз маҳдуд шудани интиқоли нерӯи барқ шикоят гирифт. Баъзе аз сокинон мегӯянд, то ҳанӯз намедонанд, ки чаро рӯзона барқ надоранд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи Тоҷик”, мегӯяд, рӯзи 6-уми октябр бо нашри изҳорот сокинонро огоҳ карда буданд, ки “бо сабаби иҷрои охирин корҳои назоратии тайёрӣ ба зимистон дар баъзе аз минтақаҳо, аксаран рӯзона, мумкин аст, барқ қатъ шавад”. Ӯ гуфт, “инро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли барқ ҳисоб намуд”.

Дар як изҳороти ширкати “Барқи Тоҷик” низ гуфта мешавад, ки “корҳои назоратии таъмирӣ-профилактикӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба охир мерасанд ва интиқоли барқ боз ба эътидол медарояд”. Ширкат мегӯяд, ин корро барои он анҷом медиҳад, ки дар фасли зимистон мушкил пеш наояд.

Сокинони Тоҷикистон дар 20 соли ахир дар фасли тирамоҳу зимистон шоҳиди маҳдудиятҳои шадиди интиқоли нерӯи барқ будаанд. То соли 2010 сокинони пойтахт, шаҳри Душанбе, низ бо маҳдудият барқ мегирифтанд.

Соли 2017 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, чархаи нерӯгоҳи Роғун ба кор даромадааст ва дигар барқ ба сокинон бо лимит ё реҷа интиқол нахоҳад ёфт, вале ҳанӯз ҳам дар фасли зимистон камбуди барқ эҳсос мешавад. Баҳору тобистони имсол ва тирамоҳи соли гузашта сокинон аз камбуди нерӯи барқ шикоят карданд, вале мақомот гуфтанд, расман лимит ҷорӣ нашудааст ва онро ба кам шудани сатҳи об дар дарёву обанборҳо рабт доданд.

Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол нерӯгоҳҳо ва марказҳои барқу гармидиҳии зери дасташ тақрибан ҳашт миллиард киловат соат барқ истеҳсол кардаанд. Тоҷикистон қисме аз барқи истеҳсолшударо ба Афғонистону Узбекистон мефурӯшад. “Барқи Тоҷик” мегӯяд, дар нимсолаи аввал ба Афғо­нис­тон беш аз 500 миллион киловат соат ва ба Узбекистон 358 миллион киловат соат барқ содирот кардаанд, ки дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта садҳо киловат соат камтар аст.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG