Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи "Барқи тоҷик" - қарздории ширкат нархи барқро боло бурд. ВИДЕО


Ширкати "Барқи тоҷик" сабаби афзоиши нархи нерӯи барқро дар Тоҷикистон шарҳ дод. Мақомот расман гуфтанд, ки сабаби аслии боло бурдани нархи барқ пӯшондани қарзҳои ширкат мебошад.

  • Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми ноябр нархи барқ 15 дар сад боло меравад.

"Ширкат аз қарз халос шуда наметавонист"

Мақомоти "Барқи тоҷик" шоми 15-уми октябр бо нашри як баёния гуфтанд, ки боло бурдани нархи истифодаи нерӯи барқ ногузир аст.

Бино ба хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ, ширкати "Барқи тоҷик" соли гузаштаро бо зиён ҷамъбаст кардааст

"Аз дигар тараф, ин ногузир аст, чунки таҳлилҳои аз тарафи мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмилалӣ гузаронидашуда собит сохтанд, ки ширкати "Барқи тоҷик" бо тарифҳои пешина ягон имконият надошт, ки аз қарз раҳо гардад ва дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмиллалӣ ширкат намояд",-гуфта мешавад дар изҳороти "Барқи тоҷик".

"Барқи Тоҷик" болоравии нархи нерӯи барқро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Аммо масъулони "Барқи тоҷик" бовар доранд, ки болоравии нархи нерӯи барқ барои ҳар муштарӣ дар алоҳидагӣ он қадар таъсири гароне надорад. Вале ба гуфтаи масъулини ширкат, ин барои пешрафти соҳа, ва пешрафти иқтисодиёти тамоми кишвар хеле муҳим аст. Масъулини "Барқи тоҷик" ҳамчунин иддаоҳои қаблии худро такрор карда мегӯянд, бо назардошти болоравӣ ҳоло ҳам нархи барқ дар Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳо дар миёни кишварҳои ИДМ аст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ҳар маҳсулот арзиши аслӣ дорад ва барои гирифтани фоида зарур аст, ки баъзан нархи он боло бурда шавад. Ҷаноби Ёдгорӣ афзуд, ширкати "Барқи тоҷик" баъзан нерӯи барқро аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" бо нархи қиммат харидорӣ карда, бо нархи арзонтар ба аҳолӣ мефурӯшад.

Бо ин ҳама дар ширкати "Барқи тоҷик" нагуфтанд, ки арзиши аслии истеҳсоли як киловат нерӯи барқ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки болоравии қимати барқ нигаронии бархе аз сокинонро ба бор овардааст. Онҳо мегӯянд, бе ин ҳам нархи нирӯи барқ дар кишвар баланд аст ва пардохти ҳармоҳаи он мушкил пеш меорад. Аммо баъзе мақомҳои ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, нархи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои минтақа поинтарин аст.

Дар як солу як моҳи охир бори дувум аст, ки нархи нерӯи барқ боло меравад. Соли гузашта дар остонаи болоравии нархи барқ мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки афзоиши тадриҷии нарх ҳарфи нав нест ва дар чаҳорчӯби барномаи куллии системаи энергетикии кишвар сурат мегирад.

1,2 млрд сомонӣ қарзи "Барқи тоҷик"

Ширкати "Барқи тоҷик" дар ҳоле болоравии нархи нерӯи барқро ба қарздории ин ширкат рабт медиҳад, ки бино ба хулосаи Бонки ҷаҳонӣ, ин ширкат соли гузаштаро бо зиён ҷамъбаст кардааст.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ қарзи "Барқи тоҷик" дар соли 2016 бештар аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ гуфта мешавад. Вале ба гуфтаи мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, бештар аз 500 миллион сомонии он қарзҳое ҳастанд, ки дар бозпас гирифтани онҳо шубҳа вуҷуд дорад.

"Мо аз Шумо чизи зиёде талаб надорем, илло..."

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” дар баёнияи худ бори дигар аз истифодабарандгони барқ дархост кардааст, ки ҳаққи истифодаи қувваи барқро саривақт пардохт кунанд.

"Мо ба хотири доимо нурборону пурзиё будани хонадони шумо ягон чизи зиёдатӣ талаб надорем. Фақат хоҳиш мекунем маблағи барқи истифода бурдаатонро, яъне маблағи барқи насия гирифтаатонро, пардохт намоед",-омадааст дар баёнияи "Барқи тоҷик".

Аммо "Барқи тоҷик" дар баёнияи худ дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба аҳолӣ чизе нагуфтааст. Танҳо дар оғози ин баёния гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ бардошта шудааст. Ин дар ҳолест, ки аз оғози моҳи октябр сокинони аксари манотиқи Тоҷикистон ба истиснои Бадахшон ва маркази вилоятҳо, аз он шикоят доранд, ки барқро тариқи реҷа мегиранд.

Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" то имрӯз вуҷуди лимити барқро қатъиян рад мекунанд. Ба қавли мақомоти ин ширкати таъминкунандаи барқ, феълан дар дастгоҳҳои азими тавлиди барқ "корҳои профилактикӣ" мегузарад ва ба ин хотир зарур аст, ки дар баъзе минтақаҳо қувваи барқ хомӯш карда шавад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик" мегӯяд, "корҳои профилактики" рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.

Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ва маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ аст

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG