Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" ҷорӣ шудани лимитро рад мекунад


Акс аз бойгонӣ
  • "Мардум, ки медонад дар ноҳияи Ҳисор чӣ гап аст? Барои чӣ 3 рӯз боз барқро ҳам шабу ҳам рӯз хомӯш мекунанд. Дар шабакаи барқи Ҳисор телефонашонро хомӯш кардаанд."
  • "Як ҳафта шуд, ки дар Ваҳдат қувваи барқро хомӯш мекунанд."
  • "Чаро дар Кӯлоб нерӯи барқро аз соати 11-и шаб то соати 5 саҳар хомӯш мекунанд?"
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, чархаи аввали нирӯгоҳи Роғунро 16-уми ноябр ба кор меандозанд.

Айни суолҳоро корбарони вебсайти Радиои Озодӣ аз дигар гӯшаҳои Тоҷикистон ба мо мефиристанд ва мепурсанд, ки "магар дигарбора лимит ҷорӣ шудааст?" Бисёре аз онҳо менависанд, ки нерӯи барқро бахусус дар деҳот аз соати 11-и шаб то соати 5-и бомдод қатъ мекунанд. Дар ҷараёни рӯз мардум 5 соат, яъне аз 5 то 10 таъмин ҳастанд ва сипас аз соати чаҳори рӯз дигарбора метавонанд, аз васоили барқиашон истифода баранд.

Ин матлабро ба забони русӣ дар инҷо бихонед

Мардум ҳайратзада шудаанд

Тақсими нерӯи барқ дар соатҳои муайян мардуми бисёре аз минтақаҳоро, ки аз соли 2017 аз "балои лимит" халос шуданд, ҳайратзада кардааст. Мардуми Тоҷикистон, ки чанд даҳсола ҳамингуна ва бахусус дар фасли сармо дар соатҳои муайян неруи барқ мегирифт, аз моҳи октябри соли гузашта муназзам бо нерӯи барқ таъмин шуд.

"Барқи Тоҷик" мегӯяд, шабакаҳои барқиро барои зимистон омода мекунанд.
"Барқи Тоҷик" мегӯяд, шабакаҳои барқиро барои зимистон омода мекунанд.

Аз байн рафтани маҳдудият, ки мусибатҳои зиёдеро ба сари мардум овард, дар Тоҷикистон баъди он муяссар шуд, ки нерӯгоҳҳои нави барқӣ ба мисли "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" ва ҳам марказҳои гармидиҳӣ дар Душанбе кумак карданд, дар фасли сармо ҳам ба қадри кофӣ нерӯи барқ тавлид шавад.

"Корҳои профилактикӣ"

Пас чӣ шудааст, ки ҳоло қатъи интиқоли барқ хотираи талхи "лимит"-ро дар ёди сокинони Тоҷикистон бедор кардааст. Дар ширкати "Барқи Тоҷик" рӯзи 24-уми сентябр гуфтанд, ҳеҷ гуна "лимит" ба Тоҷикистон барнамегардад ва чанд соати маҳрум шудани мардум аз нерӯи барқ сабабҳои дигар дорад.

"Дар Тоҷикистон ҳар сол қабл аз зимистон дар тамоми шабакаҳои барқӣ корҳои профилактикӣ мегузаронанд ва онҳоро барои зимистон омода мекунанд. Тафтиш мекунанд, ки шабакаҳо фарсуда нашуда бошад. Яъне омодагӣ ба зимистон, ки мардум бебарқ намонанд", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангуи ширкати “Барқи Тоҷик”.

Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ, дар Тоҷикистон дигар ҳеҷ гуна лимите вуҷуд надорад ва интиқоли нерӯи барқ бар тибқи реҷа то замони анҷоми корҳои профилактикӣ, “яъне то 1-ум ва ё 2-уми октябр идома мекунад.“

Коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ

Айни замон манобеи дигар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар моҳҳои август ва сентябр мақомотро маҷбур кард, интиқоли нерӯи барқро дар дохил маҳдуд карда ва қарордодҳои фурӯши барқро бо Узбекистону Қирғизистон ва Афғонистон иҷро кунанд.

Фақат дар моҳи август Тоҷикистон ба Узбекистон 382 миллион киловат соат, ба Афғонистон 200 миллион киловат соат ва ба Қирғизистон 12.4 миллион киловат соат нерӯи барқ фурӯхтааст, ки беш аз 30 дар сади тамоми нерӯи барқи истеҳсолшударо дар он моҳ дар кишвар ташкил медиҳад. Бино ба иттилои расмӣ дар моҳи август истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба моҳи июл 4.2 дар сад камтар шудааст.

Обанбори Норак
Обанбори Норак

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, мутахассиси тоҷик, ки дар гузашта дар “Барқи Тоҷик” кор кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барфу борони ками имсол сабаби коҳиши маҷрои об дар рӯдхонаҳо ва ҳамингуна истеҳсоли камтари нерӯи барқ шудааст.

"Маҳдудияти нирӯи барқ моҳи оянда тамом мешавад"

Дар воқеъ, бино ба ҳисоби мутахассисони тоҷик, ҳаҷми миёнаи оби рӯдхонаи Вахш дар моҳи август 1382 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод, ки дар муқоиса ба августи соли 2017 6.4 дар сад камтар аст.

Бо вуҷуди ин ҳама мақомоти “Барқи Тоҷик” мегӯянд, маҳдуд шудани интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум ва муассисаҳо муваққатист ва аз моҳи оянда маҳдудият ба поён мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, чархаи аввали нирӯгоҳи Роғунро 16-уми ноябр ба кор меандозанд. Ҳоло дар вебсайти нирӯгоҳ соати маҷозие ба кор даромадааст, ки чанд рӯзу чанд соат ва чанд дақиқаву сония боқӣ мондан то фаъолшавии нирӯгоҳро мешуморад.

Дар сурати шуруи тавлиди неруи барқ дар Роғун Тоҷикистон қодир ба таъмини худ бо нерӯи барқ кофӣ мешавад ва ҳам метавонад, миқдори зиёде аз нерӯи барқи арзонро ба кишварҳои дигари минтақа бифурушад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG