Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский натиҷаи мулоқотро бо Трамп "бисёр муҳим" хонд


Доналд Трамп ва Владимир Зеленский
Доналд Трамп ва Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, мулоқоташро бо Доналд Трамп, президенти пешин ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи моҳи ноябр дар Амрико, "бисёр муҳим" хонд.

Гуфтугӯи онҳо рӯзи 27-уми сентябр дар “Trump Tower” дар Ню-Йорк гузашт.

Зеленский дар Телеграм навишт, ки “нақшаи пирӯзӣ”-ро ба Доналд Трамп пешниҳод кардааст.

“Дар он авзоъ дар Украина ва оқибатҳои ҷанг барои мардуми мо ба таври муфассал баён шудааст. Мо ҷузъиёти зиёдеро баррасӣ кардем. Мо назари муштарак дорем, ки ҷанг дар Украина бояд бас карда шавад. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, наметавонад пирӯз шавад. Украинҳо бояд пирӯз шаванд,” – илова кард ӯ.

Доналд Трамп пеш аз оғози музокирот дар канори Владимир Зеленский истода, гуфт, агар дар моҳи ноябр интихоб шавад, бо ҳарду ҷониб кор мекунад, то ба ҷанг дар Украина поён дода шавад.

Ӯ гуфт: “Ман бо Зеленский муносибати бисёр хуб дорам. Ҳамчунин бо президент Путин. Фикр мекунам, агар мо дар моҳи ноябр ғалаба кунем, ин масъаларо зуд ҳал хоҳем кард.”

XS
SM
MD
LG