Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зархариди пешини "Вагнер" раиси маҷлиси маҳаллӣ дар Перм шудааст


Яке аз ҷангҷӯёни "Вагнер". Акс аз бойгонӣ
Яке аз ҷангҷӯёни "Вагнер". Акс аз бойгонӣ

Михаил Острянскийи 65-сола, афсари пешини пулис ва зархариди собиқи "Вагнер", ки аз тарафи Русия дар Украина меҷангид, раиси маҷлиси маҳаллӣ дар шаҳри Красновишерск интихоб шудааст.

Дар ин бора раиси шаҳр Евгений Верешагин рӯзи 24-уми сентябр хабар дод.

Красновишерск дар ҳудуди вилояти Перм ҷойгир аст.

Дар интихоботе дар аввали моҳи сентябр зиёда аз 300 иштирокдори ҷанги зидди Украина вакили маҷлис дар гӯшаҳои гуногуни Русия интихоб шуданд. Номзадии аксари онҳо аз тарафи Ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" пешбарӣ шуда буд.

Владимир Путин, президенти Русия, гуфтааст, онҳое, ки дар Украина меҷанганд, элита ё нухбагони нави Русия ҳастанд ва иҷозаи ишғоли мансабҳои давлатиро доранд.

Ин дар ҳолест, ки бозгашти садҳо нафари дигар аз майдони ҷанг дар Украина ба Русия "дардисарсоз" шудааст. Аксари онҳо бар ивази халосӣ аз идомаи адои ҷазо аз зиндонҳо ба даргирӣ рафта, пас аз бозгашт ҷиноятҳое ба мисли куштор ва озору азияти ҷинсӣ содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG