Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як "шарик"-и ҳамлагар ба сафорати Исроилро дар Сербистон куштаанд


Белград, 29-уми июни 2024
Белград, 29-уми июни 2024

Як мард, ки бо Милош Зуйович, ҳамлагар ба сафорати Исроил дар Белград, маркази Сербистон, иртибот дошт, рӯзи 17-уми август баъди тирандозӣ ба сӯи афсарони пулис кушта шудааст.

Марги Сенад Рамовичро рӯзи 18-уми август вазири корҳои дохилии Сербистон Ивитса Дачич эълон кард.

Вай гуфт, Рамович соҳиби манзили Милош Зуйович буд. Зуйович рӯзи 29-уми июн як пулисро дар назди сафорати Исроил дар Белград бо камони оҳанӣ ё арбалет маҷрӯҳ кард ва бо зарби тир кушта шуд.

Сенад Рамович қаблан бо иттиҳоми терроризм ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум шудааст. Ӯро ба тирпаронӣ ба пулис дар соли 2007 гунаҳкор дониста буданд.

XS
SM
MD
LG