Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон кӣ камбағал ҳисоб мешавад?


Акс аз бойгонӣ

Меъёри камбағалӣ дар Тоҷикистон чист ва киро бояд камбизоат гуфт? Ин суол рӯзи 20-уми июн дар ҷаласаи порлумони Тоҷикистон баҳси доғеро ба по кард.

Дар як деҳае, ки ҳудуди сад нафар зиндагӣ мекунад, кумакпулӣ ба 6 оила дода мешавад. Оё маълум карда мешавад, ки бар пояи кадом меъёр ин 6 оила камбағал аст? Сокинони дигар огоҳ ва розӣ ҳастанд, ки маҳз онҳо кумакро бигиранд?

Омор аз куҷост?​

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, гуфт, бино ба омори нашршуда аз соли 2003 то 2015 мизони фақр дар Тоҷикистон ба таври чашмрас коҳиш ёфта ва аз 73 дарсад то 31 дарсад поин омадааст. Вале ӯ суол гузошт, ки ин омор аз куҷост ва бар асоси чӣ дуруст шудааст?

“Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мехоҳам, дар бораи чи гуна мушаххас кардани хонаводаҳои фақиру камбизоат дар кишвар ба порлумон гузориш пешниҳод кунанд”, - афзуд ӯ.

Баҳси меёъри камбизоатӣ ҳангоми тасвиби созишномаи “маблағгузории иловагӣ барои таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” ба вуҷуд омад. Тарҳи созишномаро Саида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, муаррифӣ кард.

"Ба камбизоатон кумак расонда мешавад"

Саида Умарзода
Саида Умарзода

Ӯ гуфт, барои шаффоф ва дақиқ кардани камбизоатҳо ваё афроди фақир дар Тоҷикистон шумораи ба истилоҳ “индикатор” ё нишондиҳандаҳои меъёри фақирӣ аз 32 ба 45 адад афзоиш дода шуд. “Ин индикаторҳо дар барномаи компютерӣ ҷой дода шуда, бар асоси холгузорӣ мушаххас мешаванд. Танҳо ба шаҳрвандони камбизоати кишвар кумаки иловагӣ расонда мешавад. Ин кумаки пулӣ бо пуштибонии Ассосиатсияи байналмилалии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ироа хоҳад шуд”, - афзуд муовини вазири тандурустӣ.

Аммо Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагон – бо изҳори ноқаноатмандӣ гуфт, ҳарчанд барномаҳои кумак ба мардуми камбизоат тайи ду даҳсола амал мекунад, то ба ҳол дақиқ карда нашудааст, ки фарди камбағал кист ва ин маблағро кадом хонавода бояд соҳиб шавад. Ӯ гуфт, “бубинед, дар як деҳае, ки ҳудуди сад нафар зиндагӣ мекунад, кумакпулӣ ба 6 оила дода мешавад. Оё маълум карда мешавад, ки бар пояи кадом меъёр ин 6 оила камбағал аст? Сокинони дигар огоҳ ва розӣ ҳастанд, ки маҳз онҳо кумакро бигиранд?”

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

"20 сомонӣ кумакпулӣ харҷи роҳ мешавад"

Вай, инчунин, гуфт, дар баъзе ҳолат миқдори кумакҳо хеле кам буда, харҷи сафари ӯро барои аз деҳа ба маркази ноҳия рафтан намепӯшонад. Зуҳуров гуфт, “вақте кумакпулӣ 20 сомонӣ аст, нафари камбизоат барои дарёфти он аз деҳа ба маркази ноҳия меояд. Ҳудуди 20 сомонӣ пули таксӣ медиҳад. Дигар ин кумакпулӣ маънояшро гум мекунад. Бояд роҳҳои дурусти масъала дида шавад.”

Ба ин баҳс вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров низ ҳамроҳ шуд. Вай гуфт, “раисони маҳаллаву ҷамоат ва шаҳракҳо намедонанд, ки меъёри камбағалӣ чист аст ва маблағ ба кадом оила дода шавад”.

Бинобар иттилои Оҷонси ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустии Тоҷикистон агар хонавода камбизоат эътироф шавад, давлат ба ӯ як миқдор кумакпулӣ ва чанд имтиёз медиҳад. Аз ҷумла, 400 сомонӣ кумакпулӣ дар як сол, истифодаи ройгони 250 киловат соат барқ, ҳар моҳ 40 сомонӣ барои ҳар як кӯдаки мактабхон. Ба гуфтаи мақомот, хонаводаи камбизоат ҳамчунон ҳақ пайдо мекунад, ки 50 дарсади ҳаққи хадамоти тиббиро пардохт кунад.

Камбағал кист?

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Саида Умарзода низ баъди берун омадан аз ҷаласаи порлумон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ меъёри камбағалиро чунин баршумурд: “Шахси камбағал касест, ки манбаи даромад надорад. Дар ягон ҷо кор намекунад. Фарзанди маъюб дорад. Ё кӯдакони хурдсол дорад, ки имкони дар ягон ҷо кор карданаш нест. Фарзанди донишҷӯ дорад, ки дар донишгоҳ тариқи шартнома таҳсил дорад ва ба ӯ маблағ зарур аст. Хонаводае, ки дар ин шароит фарзанди донишҷӯ дорад, бар асоси ин созишнома ё барнома ҳаҷми маблағи шартнома 50 дарсад кам карда мешавад.”

Зимнан Тоҷикистон дар шинохти камбизоатон усули эътирофкардаи Бонки Ҷаҳониро намепазирад. Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 16,7 сомонӣ (1,9 доллар) барои худ харҷ мекунанд, “сахт фақир” мешуморад. Аммо Тоҷикистон ин меъёрро намепазирад ва камбизоатонро бинобар вазъи хонаву дар ва ҳайати оилаву мизони даромад шиносоӣ мекунад.

Айни замон беш аз 80 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд ва аз давлат кумаки иҷтимоӣ мегиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG