Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӣ дар сади аҳолии Тоҷикистон аз камғизоӣ ранҷ мекашидаанд. ВИДЕО


Кӯдакони тоҷик ҳам маҷбуранд, барои таъмини хонавода кор кунанд.
Кӯдакони тоҷик ҳам маҷбуранд, барои таъмини хонавода кор кунанд.

Хонаводаи Муҳаё Ёқубова, сокини маҳаллаи Чортути Варзоб фақир аст. Рӯзгори онҳо бо 10 доллар ҳаққи бознишастагии ҳамсари маъюбаш ва маоши ночизи Муҳаё, ки дар таввақуфгоҳ посбон аст, пеш меравад.

“Картошкаву пиёз ва орду равған мехарем, тамом. Ҳамин сару либоси кӯдаконро, ки мебинед, ҳамин хел аст, дигар ҳеҷ чиз” мегӯяд, ӯ.

Муҳаё -сокини Чортут
Муҳаё -сокини Чортут

Муҳаё чаҳор фарзанд дорад. Кӯдаконаш пайваста бемор мешаванд ва худ инкишоф наёфтаанд. Духтари калонии хонавода 10-сола аст, мисли 7-сола ба назар мерасад. «Калон шавам, мехоҳам дӯзанда шавам ва куртаҳои миллӣ дӯзам» - мегӯяд, ӯ. Хонаи Муҳаё гилину хурд аст ва фақат ду ҳуҷра дорад. Ошхона надоранд.

"Як сол пеш дар худоии падарам гӯшт хурда будам"

Абдумаҷид Маҳмадраҷабов ҳам аз деҳаи Чортут аст ва дар хонаи хурди гилин зиндагӣ мекунад. Оилааш моҳе бо 50 доллар рӯз мегузаронад ва наметавонад ғизои дилхоҳашро бихарад.

«Як сол пеш дар худоии падарам гӯшт хурда будам, Зӯрам ба гӯшт гирифтан намерасад"- гуфт ӯ.

Фариза соҳиби ду духтар аст. Фарзандонаш ҳатто дар тобистон ҳам месулфанд. Бар иловаи ин аз бемории меъдаву рӯда ранҷ мекашанд. «Пеши табиб мебарем, мегӯянд, ки витаминҳояшон намерасад» мегӯяд, ӯ.

Ба Фариза гуфтаанд, кӯдаконаш витаминҳои лозимии кофиро надоранд.
Ба Фариза гуфтаанд, кӯдаконаш витаминҳои лозимии кофиро надоранд.

Бино ба пажӯҳиши Барномаи озуқавории Созмони Милал дар байни кишварҳои минтақа дар Тоҷикистон мардум бештар аз ҳама аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол гузориши Созмони Милалро шарҳ надодаанд. Аммо рақамҳои пажӯҳиш зикр шудаанд, аз рақамҳои расмӣ дар бораи қишри фақири Тоҷикистон фарқ надорад.

Cӣ дар сади аҳолии Тоҷикистон ғизои кофӣ намехӯрдаанд

Дар ин гузориш омадааст, “Дар Тоҷикистон теъдоди аҳолие, ки аз камбуди ғизо азоб мекашанд, беш аз 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ин тақрибан дуввуним миллион нафарро дар бар мегирад. Чунин нишондод ба маротиб бештар аз кишварҳои дигар аст. Масалан дар Қирғизистон, ки дар ҷойи дуввум аст, 6,5 дарсади аҳолӣ бо норасоии ғизо рӯ ба рӯ мебошанд. “

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки сӯитағзия ва истеъмоли ғизои нокофӣ, бемориҳои давомдор, ҳар кӯдаки чоруми то 5 -соларо аз рушди муносиби ҷисмонӣ боздоштааст.

Беш аз 30 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо камбуди ғизо мувоҷеҳ будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Мария Шехова, табиби кӯдакон ва мудири Маркази ташхису табобат дар Душанбе дар ин бора мегӯяд: Вобаста ба имконият ҳар як модар ба фарзандаш на ҳамон тавре ки зарур аст, балки мувофиқи шароит хӯрок медиҳад. Аз ин хотир рушди ҷисмии кӯдакони деҳот аз кӯдакони шаҳрӣ фарқи калон дорад. Дар шаҳр кӯдакон аз меъёр зиёд қаду вазн доранд дар деҳот бошад баръакс қади кӯтоҳ ва вазни кам.

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди кӯмаки молии созмонҳои байналмиллалӣ ба хонаводаҳои камбизоат, мизони фақр дар Тоҷикистон чандон тағйир наёфтааст.

XS
SM
MD
LG