Ӯ гуфт, Сербистон кишвари номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупост ва “аспи троянӣ” барои Маскав нест.
Вучич рӯзи 31-уми август дар нишасти Globsec дар Прага гуфт, вай аз моҳи феврали соли 2022 бо Путин мулоқоту гуфтугӯ надошт.
“Мо ба дунболи Иттиҳоди Аврупо ҳастем. Бале, ба таври анъанавӣ бо Русия робитаҳои бисёр хуб дорем. Инро пинҳон намекунем. Ман аз ин шарм намедорам,” – изофа кард вай.
Ин дар ҳолест, ки Сербистон ба таҳримҳои ҷорикардаи Иттиҳоди Аврупо ба зидди Русия дар тақрибан се соли охир (пас аз таҷовузи Маскав ба хоки Украина) ҳамроҳ нашудааст.